БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз чанд юрта то шаҳраки замонавӣ
Аз ҳар бобТамоми умр аз касе сухани дурушт нашунидаам. Қирғизҳо хурду бузург маро бо шеваи русӣ «апаи Розочка» мегуфтанд. Дар тӯю маъракаҳо тоҷикону қирғизҳо ҳама якҷоя мешинанду аз ҳамдигар худро ҷудо намекунанд. Фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва бародариву меҳнати созанда ба онҳо хос аст. Ба фикрам, агар аз як тараф табиати сахту сард одамонро ба ҳам қарин гардонда бошад, сабаби асосии ваҳдату дӯстиро дар он мебинам, ки тоҷикону қирғизҳо мардумони табиатан заҳматкаш ва сулҳхоҳанд.
Дар ҳашарҳо баробар иштирок мекунанд, агар касе хона созад, ҳама баробар ёрӣ мерасонанд ва ин анъанаи мушорикати ҳамҷояро айни ҳол дар ҳашарҳое, ки ба хотири ободонӣ дар ноҳия анҷом мешаванд, мушоҳида менамоям, - идома дод бонуи солдида.
Реза нав синни 18-ро пур карда буд, ки ӯро ба шавҳар доданд. Шавҳарашро ба кори роҳсозӣ ба Мурғоб сафарбар намуданду арӯси ҷавон ҳамроҳи ҳамсараш зодгоҳашон – яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Шуғнонро тарк намуда, ба Мурғоб омаданд ва ин ҷо маскани доимиашон гардид. - Вақте ки ба Мурғоб омадем, дар ҷойи шаҳраки замонавии ҳозира фақат комендатураи ҳарбӣ ва чанд юрта вуҷуд доштанду халос. Гирдогирд даштҳои хокистарранги нопайдоканор. Солҳои 60-уми асри гузашта сохтмони қисми ҳарбӣ ва нахустин биноҳои маъмурӣ ва маишӣ оғоз ёфту кормандону мутахассисон аз ҳисоби намояндагони миллатҳои гуногун аз ҳар тарафи мамлакатамон ба ин ҷо сафарбар гардиданд, - ёдовар шуд мусоҳибам.
Бо беҳбуд ёфтани вазъи иҷтимоӣ дар охири солҳои 80-уми асри гузашта аллакай қариб нисфи аҳолии ноҳияи Мурғоб дар маркази он маскан гузиданро ихтиёр карданд. Вале ба ғайр аз як-ду бинои дуошёнаи маъмурӣ аксари идораву муассисаҳо дар биноҳои якқабата, ки ба таври ҳашар сохта буданд, ҷой доштанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ маркази ноҳияи Мурғоб рушд намуда, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Биноҳои зебои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, Ҷамоати шаҳраки Мурғоб, маркази адлия, шуъбаи Вазорати корҳои дохила, прокуратура, молия, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, бонкҳо, бозор, ошхонаву меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ симои марказро куллан дигар намуданд ва Мурғобро аз деҳа ба шаҳр табдил доданд. Ҳамаи ин дигаргуниҳо зери назари бибии Реза ба вуқуъ пайвастанд.
Мардум ба нахустин беди худрӯй, ки чун намуна аввал чанд сол дар тағораи оҳанин парвариш шуду дар назди бинои ҳизбии ноҳия шинонда шуду худро гирифт ва кормандон бо навбат онро бо сатил об медоданд, чун ба муъҷиза назар мекарданд. Кӯшишҳои зиёди кабудизоркунии маркази ноҳия барор нагирифтанд, зеро набудани оби полизӣ ва иқлими сарду сахт монеъ мешуд. Вале ҳоло мебинам, ки назди бештари идораву муассисаҳо ва ҳатто манзилҳои истиқоматӣ кабудизор шудаст, бовари кас намеояд, - нақл мекунад бибии хушгуфтор.
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар даромадгоҳи маркази ноҳия боғи фарҳангу фароғатӣ бунёд ёфт. Дар ин ҷову ҳудудҳои дигар танҳо дар як сол зиёда аз 10 ҳазор ниҳолҳои бед, хучу настаран ва ангат шинонда шуданд, ки қисми зиёдашон дар нашъунамоянд. Бонуи солдида бовар дорад, ки ҷашни бузургро бо ҳамроҳии сокинони ноҳия ва набераву абераҳояш дар ин боғи сарсабзу хуррам истиқбол менамояд.
Резабибӣ аввал дар идораи кишоварзӣ, сипас, нуқтаи хизматрасонии маишӣ барои ронандагон кор кард. Ҷиҳати мавҷуд набудани роҳи доимоамалкунанда байни шаҳру деҳоти Бадахшон ва маркази ҷумҳурӣ роҳи автомобилии байни Хоруғ ва шаҳри Ӯши Қирғизистон мақоми умумииттифоқӣ гирифта буду барои таъмири автомобилҳои боркашонӣ ва таъмин намудани ронандагон бо ҷойи буду бош ва хӯрду хӯрок дар ин ҷо бунгоҳи таъмири нақлиёт ва хобгоҳу ошхона бунёд гардиданд. Ба шарофати ин зани меҳнатқарин бунгоҳи хизматрасонӣ барои ронандагон, ки вазифаи муҳими таъмини вилоятро бо молу маводи зарурӣ иҷро мекарданд, ҳамеша тозаву озода буд. Аксаш дар ойинаи пешқадамони меҳнати сотсиалистӣ ҷо дода шуда буду чанд бор ӯро вакил ба Шурои вакилони халқи вилоят интихоб намуданд. Тули солҳои фаъолият ӯ ҳамагӣ ду маротиба ба маркази ҷумҳурӣ сафар доштааст ва ин ҳам мавриде буд, ки чун намоянда дар қатори пешқадамони истеҳсолот ба пойтах омад.
Айни ҳол корвони автомашинаҳои зиёд шабу рӯз аз Мурғоб, аз назди манзили бибии Реза равонанду борҳои гуногуни хоҷагии халқро мекашонанд. Бо гузашти солҳо ва тараққиёт масири Хоруғ - Мурғоб мақоми байналмилалӣ касб намуда, аҳамияти ноҳия чун минтақаи транзитӣ боз ҳам бештар афзудааст. Аз дарвозаи ин ҷо на танҳо ба кулли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, балки кишварҳои ҳамҷавор, ба мисли Ӯзбекистону Афғонистон аз калонтарин давлати содиркунандаи дунё - Чин молу мавод ворид мегарданд.
Барои сафар ва сайру саёҳат вақт ҳам надоштам. Аз як тараф кор ва аз сӯйи дигар ба нигоҳубину тарбияи фарзандонам банд будам, - мегӯяд бидуни афсӯс бибӣ.
Бибии Реза – қаҳрамонмодар, 11 фарзандро ба воя расондааст, онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе меҳмони писараш шуд, вале зиёд наистод, дилаш боз ба Мурғоб кашид. - Ба ин ҷо одат кардам ва мехоҳам, ки боқимондаи умрро дар ин макон гузаронам, - мегӯяд ӯ. Бибии Реза Мурғобро бо ҳама гармиҳои офтоби тафсони тобистону сахттарин бодҳо ва сардтарин рӯзҳои зимистонаш дӯст медорад. Барои ӯ маънои Ватан аз ин макони пурасрору пурситораи иқлимаш сарду сард, ки тақдир ӯро ба ин ҷо пайваставу бештари умрашро ба кору зиндагӣ дар ин ҷо бахшидааст, маншаъ мегирад.
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон одами бағоят хубу ғамхоранд. Ёд дорам, нахустин бор мо ба пешвозашон дар фурудгоҳ интизорӣ доштему ӯ бо мошин масофаи зиёдро тай намуда, аз пеши ҳавлиамон гузашта, ба саҳни бинои мақомоти ноҳия омаданд. Мардум дар атрофашон ҷамъ омаданду суҳбат оростанд. Сипас, мулоқот дар маҷлисгоҳ идома ёфт. Пас аз рафтанашон дар пеши ҳавлиамон овеза бо акси Президент ва суханонашон: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» пайдо шуд. Бо гузашти солҳо Мурғоб тараққӣ кард, пеш рафт, дар ҳар қадам навигариеро дучор меоед. Ҳамааш аз баракати сулҳ, осоиштагӣ, меҳнат ва сарҷамъиву ваҳдат аст, бояд ҳазорҳо шукрона гӯем, - афзуд бонуи солхӯрдаву заҳматкашида, зиндадилу хушгуфтор Реза Қувватова.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ноҳияи Мурғоб