БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Мурғоб сабз мешавад

Аз ҳар боб

Дар бозорҳои минтақаи сахту сард ва бедолу дарахти ноҳияи Мурғоб меваву сабзавоти воридотӣ нархи гарон доранд, зеро парвариши ниҳолҳои боровар, сабзавоту кабудиҳои тару тоза дар ин ҷо хеле душвор аст. Аммо солҳои охир рӯйи дастархони баъзе аз сокинон ва ошхонаҳо кабудиҳо ва сабзавоти тару тозаро дидан мумкин аст, ки маҳсули гармхонаҳои ин ҷо мебошанд.

Сокини шаҳраки Мурғоб Хушназар Ошуров, яке аз он афроди ташаббускорест, ки гармхона таъсис додаву аз ҳисоби кабудиҳо ва сазаботи дар он парваришнамуда на танҳо эҳтиёҷоти хонаводаашро таъмин месозад, балки ҳамарӯза дастранҷашро ба бозор бароварда, аз ин ҳисоб маблағи муайян ба буҷети хонаводааш зам менамояд. Соҳибони ошхонаву қаҳвахонаҳо гармхонакорро мешиносанду ба ӯ сабзавот ва кабудиҳо фармоиш медиҳанд ва Хушназар бидуни таъхир дучархасавор маҳсулоти заруриро сари вақт ба талабгорон мерасонад.

Тавре таҷрибаҳо нишон доданд, таъсис додани гармхона дар шароити иқлимии сахту сарди Мурғоб кори осон нест. Дар макони аз сатҳи баҳр зиёда аз 3500 метр баланд таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб хеле зиёд буда, селофан тез месӯзаду бод онро медаронад ва шамол пораҳояшро ҳар сӯ пош медиҳад.

 Гармхонаи хуб ва боэътимодро танҳо бо истифода аз шиша бунёд намудан мумкин асту бо кумаки шарикони рушд сохтани чунин гармхона бароям муяссар гардид, - баён дошт Х. Ошуров.

  Дар гармхона бодирингу помидор, гулкарам ва кабудиҳои гуногун дар нашъунамоянд. Нахустин бор дар гармхона гули садбарг шинонда, Хушназар ният дорад, ки дар шароити гармхона намуди дигари гулҳоро низ парвариш ва ба харидорон пешниҳод намояд.

Чанд сол боз Хушназар дар замини наздиҳавлигӣ картошка мекораду ҳосили хуб мегирад ва ниёзи хонаводаро таъмин месозад. Поруро аз чорводорон харид менамояд. Ба гуфтаи Хушназар, дар хоки ин ҷо картошка хуб мерӯяд, вале якравиҳои табиати ғайриқобили пешгӯибудаи Мурғоб боис гардиданд, ки сокинони як вақтҳо ба картошкакорӣ дастзада, аз он даст кашанд.

Мавридҳое мешавад, ки дар айни авҷи сабзиши картошка дар охирҳои моҳи июн ва аввали июл ҳаво якбора сард шуда, хок ях мебандад ва картошка аз сабзиш мемонаду тамоми масраф ва заҳмати картошкакор барабас меравад. Ин аст, ки одамон таваккал кардан намехоҳанду картошкаи воридотиро авлотар медонанд, - изҳор медорад картошкакор.

Ба мақсади ҳалли мушкилоти таъмини замини наздиҳавлигӣ бо оби полизӣ Хушназар дар канори он чоҳи амудӣ канда, таҷҳизоти барқии обкашонӣ васл намудааст.

Аз рӯйи омор, айни ҳол дар марказ ва деҳоти ноҳия 35 гармхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Яке аз чунин гармхонаҳо дар ҳудуди қисми марзбонӣ, ки дар маркази ноҳия воқеъ аст, бунёд гардида, маҳсулоти тару тозаи он дастархони марзбонони далеру шуҷоъро оро медиҳад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии шарикони рушд танҳо дар соли 2023 7 гармхонаи мавсимӣ дар Ҷамоати деҳоти Аличур ва 3 гармхонаи мавсимӣ дар шаҳраки Мурғоб бунёд гардиданд.

Дар баробари ин, солҳои охир дар ноҳия маъракаи кабудизоркунӣ ва шинондани ниҳолу буттаҳои ба иқлими Мурғоб мутобиқ вусъати тоза гирифтааст. Бо мақсади сабзу хуррамгардонии шаҳраку деҳот танҳо имсол беш аз 10 ҳазор бех ниҳолу буттаҳои бед, настаран, хуч ва ангат шинонда шуда, дар даромадгоҳи ноҳия Боғи фарҳангу фароғатии «Истиқлол» бунёд гардид. Ниҳолҳо дар нашъунамо мебошанд.

М. ҶАЛОЛ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон