БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

МУРҒОБ: «Хазинаи тиллоӣ» дар боз мекунад

Аз ҳар боб

Беш аз 55 дарсади воридоти андоз ба буҷети ноҳияи Мурғоб дар нимсолаи якуми соли равон аз фаъолияти саноати кӯҳкорӣ ба даст омад. Воридоти андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи як миллиону 761 ҳазор сомонӣ ва ё 49 дарсад афзоиш ёфт.

 Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ин муддат маблағгузории мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 14 фоиз афзудааст, ки аз дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, ғамхории беназир ва таваҷҷуҳи бесобиқаи Ҳукумати кишвар нисбат ба сокинони ноҳия шаҳодат медиҳад, - изҳор дошт раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамасола дар мавсими зимистонгузаронӣ барои аҳолии ниёзманд 130 тонна ангишт ройгон расид, аз тарафи Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба сокинон 25 тонна ангишт бо нархи арзон фурӯхта шуд.

Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ ниҳоят ғанӣ аст, зеро тадқиқоти геологӣ нишон дод, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кулли маъданҳои ҷадвали Менделеевро метавон пайдо кард. Минтақа аз лиҳози мавҷудияти сарватҳои табиӣ «Хазинаи тиллоӣ» ва Мурғоб, ки қисми зиёди ин сарватҳо дар ин мавзеъ кашф шудаанд, ҷузъе аз ин хазина ва «Сибири Тоҷикистон» ном гирифт. Дурӣ аз шаҳрҳои саноатӣ ва талабот ба масрафи зиёди маблағ дар татбиқи лоиҳаҳои коркарди маъданҳо боис гардид, ки сарватҳои «Хазинаи тиллоӣ» солҳо дастнохӯрда боқӣ монанд.

Бо таҳким ёфтани тавоноии иқтисодии Тоҷикистон ва дар доираи саноатикунонии босуръати кишвар ба коркарди маъданҳо оғоз бахшида шуда, дар маҳали Якҷилваи ноҳия бо ҷалби ширкати чинӣ корхонаи коркарди нуқра ба кор даромада, зиёда аз 200 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Бо назардошти афзоиши талабот ба металлҳои нодир ва камёфт ба кор андохтани конҳои маъдани вилоят дорои аҳамияти бузурги иқтисодист. Аз ин рӯ, корҳои ҷустуҷӯ ва муайян намудани захираҳои маъданҳои нодир аз тарафи мутахассисони Саридораи геологияи тоҷики назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳали Селдара ва ҳудудҳои дигари ноҳия вусъат дошта, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар ин замина дар назар дошта шудаанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта, беш аз 55 миллион сомониро ташкил дода буд, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ имсол рӯ ба афзоиш доранд.

 Сулҳу субот, амнияти комил ва ваҳдати миллӣ, ки ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун туҳфаи бебаҳои таърих насиби мардуми кишвари азизамон гардиданд, дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои сокинони ноҳияи Мурғоб низ шароити созгори кору зиндагӣ дар фазои орому осуда ва дӯстиву ҳамзистиро фароҳам сохтанд. Сокинони ноҳияи дурдасти кишвар самараи истиқлол ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлатро дар ҳаёти худ эҳсос месозанд ва қадр менамоянд.

 

Биноҳои наву зебои замонавии маъмурӣ, бонкҳо, муассисаҳои тандурустӣ, таълимӣ ва нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ, ки дар ин давра қомат афрохтанд, ба симои марказ ва деҳоти ноҳия ҳусни рӯзафзун мебахшанд. Бо бунёди НБО «Тоҷикистон» ва неругоҳҳои барқии офтобӣ сокинони шаҳраки Мурғоб ва деҳоти гирду атрофи он ба неруи барқ дастрасии доимӣ пайдо намуда, ҳаёти иҷтимоии мардум куллан беҳбуд ёфт, - изҳор дошт сардабири нашрияи ноҳиявии «Сариқол» Зай­нура Миралибекова.

Имрӯзҳо «Сариқол» бо теъдоди 1000 нусха чоп шуда, ба сокинони шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Мурғоб навид мерасонад. Дар баробари инъикоси навгониҳо аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии ноҳия, дар саҳифаи нашрия матолиби гуногун чоп мешаванд, ки аз ҳаёти инсонҳои одӣ, фаъол, меҳнаткаш ва ташаббускор, ки дар ободии ноҳия саҳм мегузоранд, нақл мекунанд. Нашрия дар ҳашт саҳифа ба забонҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ рӯйи чоп меояд. Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар рӯзнома ҳам ба забони давлатӣ ва ҳам қирғизӣ чоп шуда, дастраси хонандагон гардонда шуд.

 

Ба гуфтаи Зайнура, «сухан дар ҳар ҷойе ва ҳар маконе», бахусус дар Боми ҷаҳон аз мақоми хос бархӯрдор аст. Он бояд баҷо, дониста ва хушу хуб гуфта шаваду одамонро ба амалҳои хайру созанда раҳнамун созад ва кормандони нашрия мекӯшанд, ки бо сухани созанда дар пешрафт ва таҳаввулоти ноҳия саҳм гузоранд.

Ширкати фаъол варзидани сокинони ноҳия дар ободонӣ, тозагиву кабудизоркунии маҳал, чароғонкунии кӯчаҳои шаҳрак ва деҳот, сафарбарӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар амалҳои хайру созанда баёнгари ҳисси баланди ватандӯстии сокинони ноҳия ва ҷонибдориашон аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ шуда, дар наш­рия бозтоби сазовор меёбанд.

   Корвон аз «Дарвозаи тиллоӣ» мегузарад

Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфт. Бар асоси ҳаҷми зиёди гардиши мол гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин, воқеъ дар ноҳияи Мурғоб, «Дарвозаи тиллоӣ» ном гирифтааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани масири байналмилалӣ Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки бидуни убури марзи кишварҳои ҳамсоя бо бузургтарин давлати пешрафтаи иқтисодӣ ва содиркунандаи молу мавод дар дунё – Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаи нақлиётии мустақим пайдо намояд.

Ҳамасола аз ин гузаргоҳ аз 8 то 10 ҳазор мошин бо зиёда аз 100 ҳазор тонна молу маҳсулоти гуногун ба Тоҷикистон ворид мегардад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон қисме аз техникаҳои гуногун ва молу маводро аз Чин ба ҳудуди худ бо истифода аз масири байналмилалии Қулма – Мурғоб – Хоруғ – Душанбе интиқол медиҳад.

Бунёди шоҳроҳи байналмилалӣ ба боло рафтани сатҳу сифати зиндагии мардум ва равнақ ёфтани инфрасохтори хизматрасонӣ чун манбаи ҷойи кори доимӣ ва даромад мусоидат намуд. Дар канори роҳ меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, мағозаҳову нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бунёд ёфта, дар хизмати ронандагону мусофирон қарор доранд.

Бо корвони нақлиётӣ аз «Дарвозаи тиллоӣ» ба таври шабонарӯзӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ техникаҳои гуногун, нақлиёт, масолеҳи сохтмонӣ ва анвои молу маводи ниёзи мардум ворид мешаванд. Бо навсозӣ гардидани ин масири байналмилалии автомобилӣ, ки ҳаракати муназзами нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол дар он таъмин шудааст, аҳамияти транзитии он барои давлатҳои ҳамҷавор боз ҳам бештар мегардаду ҳаҷми воридот бамаротиб меафзояд.

Дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ шаҳраки Мурғоб рушд дорад. Биноҳои зебои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Мурғоб, молия, адлия, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, «Амонатбонк», шуъбаи корҳои дохилӣ, раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мактаб, толори варзиш, Нишон ва Парчами далатӣ ва нуқтаҳои зиёди хизматрасонӣ ба шаҳрак ҳусни тоза зам менамоянд.

М. ШОҲҶАМОЛ,

ноҳияи Мурғоб

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон