БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ОБ - МАНБАИ ҲАЁТ

Аз ҳар боб

Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами зинда об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем.

Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯйи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас, месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

 Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби нӯшоӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд. Онҳоро зарур меояд, то бо сарфи маблағи зиёд аз дигар кишварҳо об ворид намоянд. Ҳоло дар ҷаҳон зиёда аз 600 млн нафар аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашад ва ҳамасола зиёда аз 5 млн нафар аз истеъмоли оби ғайрисанитарӣ ба ҳалокат мерасад, ки қисми зиёди он ба Африқо, махсусан ба биёбони Саҳрои Кабир рост меояд.

Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100 - 150 сол 90 %-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 млрд нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешавад.

Моҳияти ин масъаларо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод карданд, то соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии он ҳалли проб­лемаи об дар рӯйи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005–2015 даҳсолаи амалиёт «Об барои ҳаёт» эълон гардид.

 

Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад ва аз рӯйи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷойи 7-ум ва дар ИДМ дар ҷойи 2-юм (баъд аз Россия) қарор дорад. Захираи умумии оби Тоҷикистон 88,6 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60 %-и захираи оби Осиёи Миёна мебошад.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ки аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона қабул шуд, бори дигар эътирофгари созандагӣ ва ташаббускории ин миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо роҳи амалисозии қарордодҳои нав, мувофиқати механизмҳои ба ҳамдигар муфид ва аз ҳама муҳим, иродаи некхоҳонаи кишварҳоро эҷод намуда, мушкилоти истифодаи обро дар сатҳи байналмилалӣ аз байн барем.

Зуҳро НАЗАРОВА,

мутахассиси Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Панҷи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон