БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Саноатикунонии Тоҷикистон бо қадамҳои рушди мантиқӣ давом дорад»

Чеҳраҳо

Агар ба саргаҳи муборизаҳои истиқлолхоҳии кишварҳои пасошуравӣ назар афканем, аввалин талошҳо маҳз паҳлуҳои иқтисодӣ доштанд. Охири солҳои 80-уми асри ХХ гурӯҳе аз олимони тоҷик Консепсияи мустақилияти иқтисодии Тоҷикистонро таҳия карданд. Аввалин тарҳи Истиқлоли Тоҷикистон, ки соли 1990 дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» чоп шуд, бештар ҷанбаи иқтисодӣ дошт ва аз Маскав, пойтахти СССР тақозои ҳалли бархе масоили иқтисодиро мекард. Вале мустақилияти иқтисодӣ бе соҳибистиқлолии сиёсӣ ғайриимкон буд, ҳамин тавр не?

Албатта, дар асл, мустақилияти иқтисодӣ бидуни озодии сиёсӣ ғайриимкон аст. Зеро барои ташкили ҳаёти иқтисодӣ ва барқарории равобити мустақим бо шарикони хориҷӣ, кишвар бояд аз ихтиёри тасмимгирӣ ва мушаххас намудани ҳамкорони хориҷӣ бархӯрдор бошад. Дуруст, ки дар таҷрибаи бархе аз мамлакатҳо ҳамкории минтақае аз ин кишвар бо минтақаи ҷудогонаи давлати дигар ба назар мерасид. Аммо, ҳатто барои ҳамин гуна иртибот низ, иҷозат аз ҷониби ҳукумати марказӣ зарур буду ҳаст. Барои ҳамин, қонунҳои байналмилалӣ истиқлолияти кишварро вобаста ба ихтиёрдорӣ намудани ҳукумати марказӣ ба тамоми манотиқ ва сохтори куллии он арзёбӣ мекунад.

Шукрона аз он дорем, ки ниҳоят Истиқлоли давлатӣ ихтиёрро ба дасти мо дод, то дар давлатсозӣ ва давлатдорӣ мустақил бошему тамоми мушкилоту норасоиҳоро худ бартараф созем. Хушбахтона, бо сарварии Пешвои муаззам ин масъала ҳалли худро ёфт ва миллати тоҷик ба орзуи ҳазорсолаи хеш расид.

Як даъвои асосӣ дар солҳои ахири СССР ҳамин буд, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳамчун манбаи захираҳои ашёи хом истифода мешаванд, на истеҳсолкунанда. Дар ин робита акнун чӣ пешрафтҳо дорем?

  • Албатта, барои ҳар давлат бисёр муҳим аст, ки захираҳои табиии худро ба манфиати худ ва мардуми худ истифода намояд. Аммо инро ҳам фаромӯш намекунем, ки Иттиҳоди Шуравӣ, чи тавре ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, бо вуҷуди паҳлуҳои манфиаш, ҳамчунин, барои мо хубиҳо дошт. Раванди саноатикунонии кишвар низ маҳз аз даврони шуравӣ оғоз ёфтааст, ҳарчанд диёри мо бештар манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Дар назардошти ин ҳол, тамоми талоши Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал, новобаста аз шароити вазнини солҳои аввали касби мустақилият, ба он равона гардид, ки пешрафту тараққиёти саноати ватанамон таъмин шавад ва берун баровардани ашёи хом, махсусан пахта ва пӯст, маҳдуд ва дар баъзе ҳолатҳо манъ гардид. Дар ҳамон рӯзҳои мушкил ҳам Президенти муҳтарам мегуфтанд: «Бе саноат тараққиёти хоҷагии қишлоқ аз имкон берун мебошад, равнақи иқтисодиёти кишвар бевосита аз саноат вобаста аст. Мо бояд заводу корхонаҳои коркарди пахта, мева, сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқро дошта бошем. Худамон худамонро таъмин кунем».

Пешвои муаззами миллат баъдан супориш доданд, ки пахта то ҳадди ниҳоӣ дар Тоҷикистон коркард шавад. Мутаассифона, то имрӯз танҳо 20–25 фоизи пахтаи мо дар дохил коркард мешаваду халос. Аз рӯйи ҷамъбасти мо соли гузашта аз ҳисоби содироти ришта, маҳсулоти тайёр 302 млн доллар ҳосил шудааст. Ин рақам аз 136 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшуда, албатта, омори зиёд нест. Дар кишварҳои ҳамсоя дар ин самт вазъ дигар аст. Мо ҳам талош дорем. Аз ҷумла, охири соли гузашта Стратегияи миллии коркарди пахта ва рушди пахтакорӣ қабул гардид, ки ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор бояд тибқи он фаъолияти худро ба роҳ монанд. Ҳоло сохтмони корхонаи калонтарини коркарди пахта дар Кӯлоб дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ идома дорад. Он 130 ҳазор тонна пахтаро коркард ва 42 ҳазор тонна ришта истеҳсол менамояд. Лоиҳа 360 миллион доллар арзиш дошта, 11 ҳазор ҷойи корӣ ба вуҷуд меорад. Дар нақша сохтмони 6 чунин корхонаи калонро дар шаҳру ноҳияҳо дорем, ки барои коркарди пахта иқдоми муҳим хоҳад буд.

Мо пешрафтҳои қобили мулоҳиза дар дӯхти либос дорем. Аз ҷумла, имсол фақат як ширкат 6 миллион дона либос ба 7 корхона фармоиш дод, ки қисме аз он ба бозори Аврупо ҳам роҳ меёбад.

Дар Тоҷикистон 72 корхонаи истеҳсоли равған ҳаст, ки иқтидори истеҳсолиашон қариб 100 ҳазор тонна маҳсулот мебошад. Талаботи бозорамон ба равған 136 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Вале корхонаҳо куҳнаанд. Пешвои миллат дастур доданд, ки 4 корхона бозсозӣ шавад.

Баъзеҳо фикр доранд, ки чун мо пахта дорем, барои истеҳсоли равған мушкиле нест. Дар асл аз ашёи хом мушкил дорем. Барои ҳосил кардани 100 ҳазор тонна равғани рустанӣ 833 ҳазор тонна зироатҳои равғандиҳанда масраф мешаванд. Дар Тоҷикистон 192 ҳазор тонна ашёи хом дорем. Яъне қариб чор маротиба намерасад. Дар натиҷа ҳамасола барои хариди равғани рустанӣ аз Қазоқистон, Украина ва Россия ҳудуди 100млн доллар сарф мекунем.

Як хушхабар ин аст, ки дар нимсолаи аввали 2024 назар ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти равған 7 дарсад кам шуд. Ин маъноеро дорад, ки корхонаҳои саноатии мо ба фаъолият сар кардаанд ва бовар дорем масъала ҳалли мусбат меёбад.

 Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мегуфтанд, ки, агар аз рафи мағозаву дуконҳои Тоҷикистон маҳсулоти хориҷӣ берун карда шаванд, тақрибан чизе намемонад. Ҳоло рафи мағозаву дуконҳоро бо чӣ пур карда метавонем?

- Бале, ин гуна даъвоҳоро мо ҳам зиёд шунидаем, ки Тоҷикистон ҳатто мех намебарорад. Мутаассифона, вазъи сиёсӣ роҳи истеҳсолотро баста буд. Баъди истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат мо имкон пайдо кардем, ки аз соли 2000-ум ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Ҳоло мо раванди саноатикунониро бо қадамҳои мантиқии рушди иқтисодӣ ва зина ба зина омодашавӣ ба тақвият додани соҳаи саноат мушоҳида карда метавонем.

Бубинед, аллакай соли 2021 дар Тоҷикистон барои аввалин бор аз замони соҳибистиқлолӣ таносуби содирот ба воридот ба нафъи содирот 5 % мусбат буд. Ин ченаки бисёр муҳим ба ҳисоб меравад. Албатта, дар дунё давлате вуҷуд надорад, ки худро комилан бо ҳамаи маҳсулот таъмин намояд. Аммо маҳсулоти ниёзи аввали мардумро ҳар давлат бояд худаш истеҳсол кунад. Ҳоло бо боварӣ гуфтан мумкин, ки дар ин замина мушкил надорем.

Танҳо дар солҳои 2022–2023 дар Тоҷи­кистон беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонда шуд. Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. То якуми июли соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 251 корхонаи нави саноатӣ таъсис ёфтааст. Дар натиҷаи фаъолияти беш аз 250 корхонаи нави саноатӣ дар мамлакат 1714 ҷои кор фароҳам оварда шудааст. Аз 251 корхонаи нави имсол таъсис­ёфта 62 адад ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, 66 адад ба бахши саноати сохтмон, 58 корхона ба соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, 49 корхонаи дигар ба соҳаи саноати сабук ва пилла марбут мебошад. Инчунин, дар соҳаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои қиматбаҳо ва ангишт 5 корхона ба истифода дода шуд. Ин омор ба саволи Шумо ҷавоб аст, ки саноати кишвар бозори Тоҷикистонро бо чӣ пур карда метавонад…

 Тоҷикистон дар заминаи рушди ҳуши маснуӣ, яъне зеҳни сунъӣ, дар минтақа аз ҷумлаи кишварҳои пешгом аст. Як саволи аҷиб ва фикрзо. Одамон пештар ба хотири сабук кардани меҳнати худ аз робот ва технологияҳои навин истифода кардан мехостанд. Ҳоло ба назар мерасад, ки гӯё кадом рӯз одамон тақрибан бекор мемонанд, чун ҳоло дар дунё қариб ҳама корро робот анҷом доданист. Пас, одам бояд чӣ кор кунад?

- Чаро мо ба ҳуши маснуӣ (зеҳни сунъӣ) таваҷҷуҳи бештар ва гуфтан мумкин, асосӣ медиҳем? Зеро ҳоло ҳар фановарии пешқадаме дар дунё ҳаст, бевосита ба ҳуши маснуӣ иртибот мегирад. Аз ҳамин хотир, ширкатҳои калонтарини дунё ҳар семоҳа барои рушди ҳуши маснуӣ, яъне зеҳни сунъӣ садҳо миллиард доллар сарф мекунанд. То соли 2027 интизор меравад 8 триллион доллари ИМА бо ин мақсад харҷ шавад. Яъне, ин як раванди бисёр муҳими саноату иқтисоди дунё шудааст ва мо наметавонем аз он худро канор гирем. Мо ба наздикӣ дар масъалаи Стратегияи миллии ҳуши сунъӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб созишнома бастем. Ин барои имиҷи давлати мо хеле муҳим аст. Як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки барои рушди ҳуши маснуӣ оби тоза хеле зарур мебошад, ки мо захираҳои бой дорем.

Мутмаин бошед, зеҳни сунъӣ ҷойи одамонро намегирад ва буҳрони ногузири ҷаҳониву бекориро ба вуҷуд намеорад, баръакс, рушди фановариҳои навин ҳаёти моро осон мекунанд ва ба мо ёрӣ мерасонанд, ки кори худро беҳтар ва босамартар анҷом диҳем.

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон