БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Моҳии дарёи садову сухан

Аз ҳар боб

Саманди бодпо аз пайроҳаи борики лаби ҷар баромада, ба нишебӣ рӯй меорад. Дар пастхамиҳо мувозинати хешро нигоҳ дошта, гӯё мехоҳад ба савора, ки таҷрибаи аспронӣ надорад ва инак фармонравои ӯст, чобукии хешро нишон диҳад. Эҳсоси тарс ва ҳаяҷон тамоми вуҷуди бонуро ба ларза меорад. Дар чунин ҳолати ногувор, ки байни зиндагиву марг қадаме чанд боқӣ мондааст, журналист вазифаи хешро муҳимтар дониста, бо ҳамон ларзиши эҳсосу овоз ҳолу ҳаворо дар садобардор сабт мекунад. Ҳаяҷони ботинӣ ва дасту дили шуста аз ҳаётро бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам аз нав ба инони худ гирифта, тавсани шӯху беқарорро аз нишебиҳои маргбор ба роҳ медарорад. Дар ин чанд лаҳза ҳам ба асп, ҳам ба марг ва ҳам ба ҳолати номусоиди кор дастболо мешаваду сафари худро барои таҳияи барномаи навбатӣ, суҳбат бо даҳмардае, ки дар дурдасттарин доманакӯҳҳо молбонӣ мекунад, идома медиҳад…

Ин ҳамон духтараки собитазмест, ки сарфи назар аз мушкилоти рӯзгор, тавонист аввалину зеботарин орзуи бачагии худ «Журналист шудан»-ро амалӣ созад. Бачагии ӯ дар оғӯши пахтазорони бекарони соҳили дарёи Панҷ сипарӣ гардида. Модари орзупарвараш, ки зарбаҳои зиндагиро мардонавор ҷигардорӣ мекард, мекӯшид, то пораҳои ҷонаш соҳибмаълумот шаванду ҷаҳони фарохтар аз саҳрои меҳнатро тай намоянд ва соҳиби ному нони шоиста гарданд. Ин таваҷҷуҳу ғамхории модар ба духтарак бовар мебахшид, ки рӯзе мешаваду ҳамчун журналист ӯро муаррифию эҳтиром мекунанд.

 Аз кӯдакӣ ба шеъру эҷод дилбастагии зиёд доштам. Пас аз меҳнату машаққати саҳро, ки майдони бозиву обутобёбии мо буд, варақе чанд мутолаа мекардам. Дар китобхонаҳои мактаб ва марказии ноҳия китобе набуд, ки анису ғамбарори ман нашуда бошад. Баъзан ташнагии хешро бо матбуоти даврӣ мешикастам. Хаткашонҳо, ки аз пойтахт ба ин деҳаи дурафтода нашрияҳои давриро меоварданд, дар чашми бачагии ман мубашширони бахту камол буданд, ба ёд меорад муҳаррири варзидаи идораи таҳлилии радиои Тоҷикистон Холбегим Давлатзода.

Холбегими китобдӯст бо ҳаяҷону тарс нахустин нигоштаҳои худро барои пурсидани маслиҳат ба идораи нашрияи маҳаллии «Ҳаёти нав» мебурд. Навиштаҳояш бо каме таҳрир ва такмил зери рубрикаҳои лавҳа, ҳикоя, фелетон рӯйи чоп меомаданду дилашро ба пешаи интихобкардааш гармтар месохтанд.

Ҳарчанд бо мушкилоти зиндагӣ натавонист баъди хатми мактаб таҳсилашро дар донишгоҳе идома диҳад, ҳамчун деҳқондухтари эҷодкор аз навиштан дасту дил намеканд ва умдатарин масъалаҳои рӯзгорро бо перояи ҳазлу киноя расонаӣ месохт.

 Рӯзе хаткашон рӯзномаеро овард, ки дар он эълони қабули 25 нафар донишҷӯй ба шуъбаи нав­таъсиси журналистика нашр шуда буд. Талабот собиқаи чаҳорсолаи корӣ, маводҳои чопшуда ва чанд мушаххасоти дигар буданд. Аз хондани ин хабар бо фараҳмандӣ сӯйи хона ба парвоз омадам. Ҳарчанд собиқаи кориам деҳқонӣ буд, ба наздикон таъкид кардам, ки 1 нафар аз ин гурӯҳ ман мешавам, - изҳор медорад, Холбегим.

Модари ғамхораш мехост Холбегим мисли хоҳарбузургаш пешаи омӯзгориро интихоб кунад. Модарро мафкураи танги деҳ, ки журналистикаро касби мардона медонистанд, ба ин андеша оварда буд. Ашки фаровону лобаҳои духтарак дили модарро моил ба қабули интихоби ҷигарбанд кард. Ғайричашмдошт афзуд, ки бигзор тамоми олам зид барояд, аммо дуову ёрии ман дар ин роҳи пурмашаққат бо туст. Агар ба ин роҳ қадам монданӣ бошӣ, дониста бош, ки аз он пас намегардӣ ва то охир дар касбу интихобат содиқ мемонӣ.

Ин гуфтаҳои модар машъалафрӯзи Холбегим дар роҳи расидан ба орзуҳои тифлӣ гашт ва аз шумори нахустин донишҷӯёни бахши журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуд.

 Бузургтарин устодони журналистикаи тоҷик ба мо нозукиҳои ин касбро меомӯхтанду имрӯз тамоми ҳамсабақонамон дар соҳаҳои гуногун фаъолияти босамар доранд. Мо, ки самимона ин касбро интихоб карда будем, бо шавқи том дарсҳоро аз худ карда, дар ноҳияҳои гуногун кишвар таҷрибаомӯзӣ кардаему зиёда аз 35 сол аст, ки аҳди дӯстиву бародарии даврони донишҷӯиро нашкастаем, - иброз медорад бону Холбегим.

Дарсҳои устодони моҳир ва таҷрибаомӯзиҳои даврони донишҷӯйӣ меҳри фаъолият дар радиоро дар дили журналистбону тавлид намуд. Дасту дил аз эҷод низ намеканду маҷмуаҳои бачагонааш яке «Ҳамел» соли 2005 ва дигари «Баррача» соли 2013 дастраси кӯдакон шудаанд. Аммо дар Хонаи радио худро мисли моҳии дар об эҳсос мекарду талош меварзид то дар таҳияи барномаҳои худ фидокору ҷиддӣ бошад.

  Ҳарчанд солҳост, ки дар ҳумоюнгоҳи кишвар Душанбеи нозанин зиставу фаъолият дорам, дилам дар ҳавои деҳ пар-пар мезанад. Аз ин сабаб 25 сол мешавад, ки масъулияти барномаи «Ҳаёти деҳот»-ро ба дӯш дорам. Барои таҳияи барномаи шуниданӣ қариб тамоми деҳаҳои кишвар ва ҳар ваҷаб хоки Тоҷикистонро тай задаам. Гардишҳои зиндагӣ, ҳарчанд ба самтҳои гуногуни фаъолият раҳсипорам кардаанд, боз дар Хонаи радио орому қарори хешро дарёфтам. Имрӯз ба ҷавонони хушиқбол, ки барои омӯзиши касбу ҳунар тамоми шароитҳоро доранд, менигараму дармеёбам, ки ин ҳама саодати онҳо ба баракати сулҳи пойдору соҳибистиқлолист, ки ба баҳои худфидоиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонбозиҳои мардони шуҷои Ватан ба даст омадааст. Нигаронкунанда аст, ки баъзе носипосон ин саодати ростинро эҳтиром намекунанд. Бархе ҷавонон дар мавҷҳои интернет саргарманду аз дарёфти гавҳарҳои асил, ки дар саҳифаҳои китобҳо маҳфузанд, бебаҳра мемонанд. Таҳияро аз эҷод авлотар медонанду зарраро офтоб мепиндоранд, - иброз медорад Давлатзода Холбегим.

Талошҳои Холбегими Умар дар рушди соҳа бо як қатор унвону ифтихорномаҳо қадр шудаанд, ки медали Хизмати шоиста ва Аълочии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон хӯшае аз хирворанд. Дар ин баробар бузургтарин ҷоиза барояш таваҷҷуҳи шунавандагон аст, ки баъди ҳар барномае суроғаш мегиранду сипосаш мегӯянд.

М. НАЗИРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон