Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Некӣ мабз бошад!
Аз ҳар бобҶолибтарин нуктаи сафар ба ноҳияи Хуросон дар доираи инъикоси дастовардҳо ва рафти корҳои омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ин буд, ки раиси ҷавон, зодаи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носир Суризода, бо меҳру муҳаббат ва ихлос аз корҳои сомондода ва тарҳҳои зери дасташ ҳарф мезад. Ин андеша дар фаровард аз забони садри ноҳия хеле самимӣ садо дод: «Оилаамро аз Бадахшон ба Хуросон меорам, мехоҳам завҷаам, ки забондон аст, барои наврасону ҷавонони ин ҷо курсҳои омӯзиши забони англисиро ройгон ба роҳ монад. Забондону ҷаҳондон будани ҷавонон амри замон аст».
Кору пайкори нек ҳамеша сабз бошад!
Гӯшаи биҳишт
Дар масири мошингарди Душанбе-Бохтар мазраи азиме бо долу дарахтони мевадор диққати сафариёнро сӯйи хеш мехонад. Сабзу хурраму нишотовар. Ангор дарахтони ғарқи ҳосилро дар ҷодаи зарду аз зарби тобистони тамуз сӯхта кайҳо интизори фасли дай, махсус аз ҷое бо бору мева овардаву дар хатти росте бонизом ҷо додаанд, то дар ин гӯшаи диёр як намунаи сабзи биҳиштро ба намоиш гузоранд. Мошин дар роҳи чун кафи даст ҳамвор аҷалакунон ба пеш ҳаракат мекард, нигоҳам аз дуриҳо ба ин зебоӣ гир мемонад…
«Хоҷагии фермерии Асадулло» бо хатҳои заррин ҳаккокӣ шудааст дар даромадгоҳи чаманистон. Назди бинои ғарқи гулҳои рангоранги Ҷамоати деҳоти Фахробод пиёда мешавем. Мошине дар рӯ ба рӯямон қарор мегирад. Холмурод Раҳмон, роҳбари «Хоҷагии фермерии Асадулло» аз он мефарояд. Раис бо табассуму чеҳраи кушод: «Хуш омадед!»,- гӯён истиқбол мегирад. Ходими намоёни давлативу сиёсӣ, пас аз расидан ба синни нафақа, ҳам аз рӯйи одату меҳнатқаринӣ дигар бе кор нишаста натавониста, ба кишоварзӣ рӯй оварда. Сарвар аз кори бонувон қаноатманд аст, ки онҳоро таърифу тавсиф мекунад. «Боғдорони мо ба тамоми қадрдонии дунё арзандаанд, хоҳиш мекунам, аксашонро дар муқова ҷой диҳед. Бонувони кишоварз дар давлати аграрӣ, воқеан, нигини соҳаанд. Дар хоҷагӣ занони зиёде фаъолият доранд, ки бемуҳобот корҳои бузургеро анҷом медиҳанд, ҳатто бештар аз мардон», - бо иродатмандӣ таъкид месозад Холмурод Раҳмон.
Саркорбонуи номдор
«Хоҷагии фермерии Асадулло» дар деҳоти Фахробод аз калонтарин хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, соли 2009 дар заминаи совхози «Фахробод»-и муфлисшуда дар масоҳати 16 ҳазору 112 гектар замин бунёд шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорист. 116 гектарро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳанд. Хоҷагӣ дар ташкилу рушди боғҳои интенсивӣ муваффақ аст. Парвариши дарахтони мевадиҳандаи себ, биҳӣ, нок, олу, зардолу, гелос, бодом, анҷир, чормағз, челон, анор, тут ва лимӯ бо технологияҳои муосир барои фаровонии бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷ нигаронда шудаст.
Имсол барои боғбонону деҳқонони хоҷагӣ соли бобарору серҳосил омадааст. Онҳо дар тамоми самтҳои хоҷагидорӣ ба гирифтани ҳосили хуб шарафёб гардидаанд. Роҳбари хоҷагӣ, бо ифтихор аз фаъолияти бонувони боғпарвар ёдовар шуда, дар хусуси саркори номии ноҳия Бибиш Бобоҷонова санохон ҳарф мезад. Бонуи заҳматқаринро байни себзорон банди кор дармеёбем. Бо гурӯҳи занон себ чида, ба сабадҳо ҷой мекард. Пас аз ҳолпурсӣ, боғбонбону чанд себи сурхро ба ману ҳамкорам муроот менамояд. Бо сипос ба даст мегирем.
Боғи ман 35 гектар аст, дар он 5 намуд себ парвариш меёбаду ҳар кадом мазаи махсус до-рад, - қайд мекунад Бибиш Бобоҷонова.
Аз илтифоти боғбон руҳбаланд шуда, як себи хубонии сероб, бо бӯву таъми хушро газида ба бекаронаҳои себзорон чашм медавонам. Дарахтон ғарқи себҳои сурху сабз, мисли арӯсакони ороёфта то беохир саф кашидаанд. «Ин қадар ҳосили фаровонро то оғози сардиҳо ҷамъ овардан имкон дорад?», - суол мекунем нобоварона.
Боғи интенсивӣ ҳосили хуб ба бор меорад, воқеан, имсол соли хубе барои деҳқон буд. Ниҳолаконро соли 2016 шинонда будем. Фаровонии ҳосилро бубинед. Ноку биҳӣ, олуву зардолу, бодому чормағз, туту челон ва лимӯ ҳам имсол зиёд бор овард. Ҳоло мавсими чидани себи «Симиренко» фаро расидааст. Ҳам навъи сурху ҳам сабзашро парвариш намудаем. То имрӯз зиёда аз 50 тонна захира карда бошем ҳам, себчинӣ идома дорад. Ҳосилро ба фурӯш баровардем, ройгон ба соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла барои сарбозон фиристодем, боқимондаро дар яхдонҳои махсус то мавсими ҳосили нав нигаҳ медорем, - ифтихорманд мегӯяд Бибиш Бобоҷонова.
Бонуи боғдор субҳ ба боғзор меояду замони говгум ба хона бармегардад. Фарзандон кайҳо бузург шуда, келину духтарҳо корҳои хонаро ба сомон мерасонанд. Саркорхонум барои ғанӣ гардидани буҷети оила саҳм мегирад. Дар гирдаш 20 нафар боғбону боғдорро муттаҳид кардааст, 16 нафари онҳо занонанд. Ба ҷавонон нозукиҳои боғдориву кишоварзиро меомӯзад. Аз ҳамкорон хоҳиш мекунад, ки занҳои ниёзманду модарони танҳоро ба кор даъват намоянд, то дар шароити иқтисоди бозаргонӣ дастнигар набошанд.
Як маротиба маош гиранд…
Кор дар «Хоҷагии фермерии Асадулло» барои мо, занҳо, воситаи муътадил нигоҳ доштани вазъи иқтисодии оила аст. Ҳоло ки мавсими ангурчинист, кор дар токзор ҷӯш мезанад. Бегоҳ, дар баробари ҳақмузд, ба хона себу ангуру лимӯ ё вобаста ба мавсим меваю сабзавоти гуногун мебарем. Ин ҳам дастгирии хубест барои хонавода. Агар занон сари кор омадаву як маротиба маош гиранд, дигар онҳоро дар хона нигоҳ дошта намешавад, - бо табассум мегӯяд корманди ҷавон Шоира Ғафурова.
Дар «Хоҷагии фермерии Асадулло» 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин аст. Барояшон шароити хуби кору истироҳат фароҳам аст. Либоси корӣ, хӯроки гарм аз ҳисоби хоҷагӣ муҳайё мешавад. Барои парвариши меваю зироатҳои ситрусӣ гармхонаи замонавӣ мавриди истифода аст. Барои бо усули қатрагӣ обёрӣ кардани боғу токзор дар масофаи 12 километр лӯлаҳои обгузар кашидаанд. Барои таъмини аҳолии гирду атроф бо оби тозаи ошомиданӣ 8 обанбор, ҳар кадом бо ғунҷоиши 2000 мукааб об ба истифода дода шудааст.
Сабоҳат Афзалова, бо таҷрибаи 30-солаи корӣ, яке аз дигар кишоварзони номии хоҷагист, ки корро бар хонанишинӣ тарҷеҳ додааст. Ҳашт писару ҳашт сунҳор ва ду духтар, ҳама соҳиби кору зиндагии обод бошанд ҳам, модар бекор дар хона нишаста натавонист.
Дар қарибии боғ зиндагӣ мекунам. Ҳар субҳ бо шавқ сари кор ҳозир мешавам. Шавҳарам ҳам корманди ҳамин хоҷагист. Ғалла, зағир, кунҷит, тарбуз мекорем, барои кормандони хоҷагӣ помидору бодиринг ҳам мепарварем. Баробари маош, дар мавсими навдазанӣ ба хона ҳезум мебарем. Дар ягон мавсим бекор намемонем. Фасли тирамоҳ навдабуриву зери хок кардани токҳо оғоз мешаванд. Зимистон арчазори хоҷагиро аз барф тоза мекунем, барфҳоро дар таги дарахтон ҷамъ оварда, яхоб мемонем. Дар хоҷагӣ чорвои калон, бузу гӯсфанд, асп, мурғ низ парвариш меёбанд, ки масъулияти нигоҳубинашон бештар бар зиммаи мардон аст, - иброз медорад Сабоҳат Афзалова.
Хуш омадед ба Хуросони мо!
Барои танаффуси нисфирӯзӣ дар саргаҳи боғ бинои бузургу барҳаво қомат афрохтааст, ки кишоварзонро дар гармо аз офтоб ва дар сардӣ аз боду борон паноҳ медиҳад. Сари як пиёла чой, хӯроки болаззат ва нони гарми гандумӣ, ки ҳар рӯз барояшон фароҳам аст, кишоварзон аз бурду бохти кор суҳбат ороста, баробари рафъи кӯфтагӣ боз ҷониби боғу роғ роҳ мегиранд. Ошпазхонум бо меҳрубонӣ моро ҳам баробари кормандон сари дастархон мехонад ва табақи гӯштбирёнро наздамон мегузорад. Шӯхиомез мегӯем: «Агар ҳар рӯз гӯштбирён диҳед, омодаем ба тими деҳқонони хоҷагӣ бипайвандем». Бонуи ҳозирҷавоб муаддабу муфарраҳ шарҳ пеш меорад:
Саркори мо, Бибиш Бобоҷонова, ҳар сол дар аввали мавсими кишт ва дар ҷамъбасти он чорвоеро забҳ ва барои деҳқонон зиёфат меорояд. Бо эҳтиром ба хизмати деҳқон ин рӯзро «Бобо Деҳқон» унвон додаем. Рисқи имрӯзаатон бо рисқи деҳқон пайваст будааст, нӯши ҷон! Хуш омадед ба Хуросони мо, ки бо дилу дасти кушоди мардумонаш идомаи Хуросони бузург аст!
Гулноза БОБОМУРОДОВА,
Душанбе-Хуросон-Душанбе