БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дар коргоҳи бонуи ҳамакор

Аз ҳар боб

Бибинозро мардуми маҳалла ҳунарманди ҳамакора меноманд. Манзили истиқоматии бонуи ҳунар дар чаҳорсӯйи шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Қариб сӣ сол боз кулбааш ба коргоҳи омӯзиши ҳунар табдил ёфта, тайи ин муддат занону ҷавондухтарони зиёд дар ин макон ҳунар омӯхтаанд.

Бибиноз нахустин бонуе буд, ки дар шаҳр корхонаи дӯзандагӣ таъсис дод. Дар он солҳои душвор, ки ҳанӯз иртиботи нақлиётии доимӣ бо маркази ҷумҳурӣ вуҷуд надошту матою рангҳои гуногун ва ҳатто ришта бо мушкилиҳои зиёд дарёфт мешуд, таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ амри осоне набуд. Дастгоҳҳои дӯзандагиро, бинобар набуди бино, дар манзили истиқоматиаш - хонаи урфии помирӣ ҷой дода, хонаашон ба коргоҳи ҳунару омӯзиш табдил ёфт.

Аҳли хонавода дар ҳуҷраҳои танг, дар шафати хонаи урфӣ мезистанду дар ҳунаристон кор дар ҷӯш буд. Дар коргоҳи ҳунарманд омӯзандагони ҷавонро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан мумкин буд, ки асрори бофандагӣ ва дӯзандагии либоси миллиро аз худ мекарданд. Барои ҷалби бештари донишҷӯйдухтарон, ки аз маҳалҳои дурдаст дар муассисаҳои касбӣ ва таҳсилоти олӣ меходанд ва дастгирии моддӣ ва маънавиашон бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии мададгори бонувони «Мадина» дар чаҳорчӯби як барнома ба омӯзандагон дар ин ҳунаристон идрорпулӣ ҳам медоданд. Ҳунарманд бо ҳамдастии занони ҳамкору ҳунарманд ва шогирдон тоқиву курта медӯхтанду раванди рӯ овардан ба анъанаҳои миллӣ сафи дӯстдорони ба бар кардани либоси миллӣ ва теъдоди мизоҷони маҳсулоти коргоҳро бамаротиб меафзуд.

Дар баробари иҷрои фармоиши мизоҷон ҳунарманд дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии шаҳр ширкати фаъол дошт. Бо супориши роҳбарони мақомоти маҳаллӣ дар он давра тайёр намудани 400 Парчами давлатӣ ва сарулибос барои кормандони театри вилоятиро ба Б. Мирзоева бовар карданду ӯ дар ҳамдастӣ бо ҳамкорони ҳунарманд ва шогирдон аз иҷрои ин вазифа бо сарбаландӣ баромад.

Ҳунармандони зиёди ҷавон, ки дар коргоҳи Бибиноз ҳунар омӯхтанду малакаашонро такмил намуданд, аз таҷрибаву маслиҳатҳояшон ҳамчун устоди касб ва ғамхориҳову меҳрубониҳои модаронаашон бархурдор гаштанд, аз ин бонуи ҳунар ҳамеша бо некӣ ном мебаранд. Дар коргоҳи хунарӣ Бибиноз на фақат бофандагӣ ва дӯзандагӣ меомӯзанд, ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ ва анвои шириниҳо ва муҳрабофӣ низ дар ин ҷо ёд дода мешаванд.

Падарбузургаш усто Худоёрбек дар тарошидани созҳои миллӣ ва сохтани хонаи урфии помирӣ беҳамто ва модараш Савриноз тоқидӯзи моҳир ва бофандаи хуби ҷуроб буданд. Вақте модар бо дархости ниёзмандон, ки барои писарашон ва ё шаҳмард тоқӣ фармоиш медоданду модар онро медӯхт ва шероза мебаст, волидон одатан хоҳиш менамуданд, ки бонуи ҳунарманд бо дастони худ онро ба сари фарзандашон пӯшонад, зеро мегуфтанд, ки «дасти усто» хосияти дигар дорад.

  Дар шакл ва интихоби рангу дӯхти тоқиҳои арӯсӣ ва домодӣ зиёда аз чил намуди гулпартоиҳо истифода шуда, тоқӣ вобаста ба завқ, чеҳра ва синну сол мувофиқ ва зебанда бар сари ҳар фармоишгар дӯхта мешуд ва духтар дастони чобуки модарро назора мекарду ёрирасонашон дар фаъолияти ҳунармандӣ гардид.

 Тоқиҳои маъмулӣ одатан аз матоъҳои махмалин ва ё дигар намуди матоъ дӯхта шуда, аз канораи қисми бараш шерозаи гулдор мечас­понанд ва як тарафашро пӯпак оро медиҳад. Гулдӯзӣ, дар баробари санъати ороиши бадеӣ, ҳамчунин, завқи беандоза ва парвози баланди тафаккуру андеша талаб мекунад. Гулдӯзӣ дар дӯхти тоқӣ, саростин, гиребону пешибари курта, пешонибанди атфол ва арӯсон ба таври фаровон истифода мешавад, - баён медорад Б. Мирзоева.

Модар ҳалвопази моҳир низ буду ин ҳунарро ба духтараш ба мерос гузошт. Дар Бадахшон расм аст, ки арӯс ба хонаи нав бастаи кулча ва ҳалво мебарад. Ҳалво рамзи ширинии умр буда, аз сифати ҳалво ба ҳунари модару духтар баҳо медиҳанд. Агарчанде бонувони ҳалвопаз зиёданд, пухтани ҳалво барои тӯйи арӯсиро фақат ба пазандагони чирадаст бовар мекунанд, ки апаи Бибиноз яке аз онҳост.

Ба гуфти муҳаққиқон, ба ғайр аз хӯришҳои гуногун, зиёда аз 70 намуди таомҳои миллӣ дар маҳалҳои Бадахшон маъмул аст.

Таомҳои анъанавӣ асосан аз зироату маҳсулоти чорво тайёр мешавад. Дар коргоҳи ҳунарманд таомҳои гуногун, ба мисли оши бурида, ширгандум, ширарзан, ширкаду, алвошир, ширфатир, ширрӯған, омоч, хелҳои гуногуни бат, ки онро аз орди гандум, шир ва равған омода карда, баъзан ба он шакар ва ё талқон илова мекунанд ва дигар намуди таомҳои мардумӣ омода шуда, тарзи тайёр намуданашон ба ҷавондухтарон омӯхта мешавад. Дар баробари омӯзиши тарзи тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ, ҷавондухтарони зиёд дар коргоҳ соҳиби ихтисоси қаннодӣ гардиданд. Вақтҳои охир ба шакли гул омода намудани торт афзуда хелҳои гулқанд, ки дар ин ҷо тайёр мешаванд, талабгорони зиёд пайдо кардаанд.

Сокинони маҳаллаи ба номи Сайфулло Абдуллоеви шаҳр дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва экологӣ ҳамеша ширкати фаъол меварзанду ҳунарманди ҳамакора Бибиноз Мирзоева ва дигар бонувони фаъол дар ин маъракаороӣ, ки ҳамеша писандида ва сазовори баҳои баланди тамошобинону ҳакамон мегардад, саҳми зиёд доранд.

Дар коргоҳи ҳунарманд, дар баробари шогирдони зиёд, ҷигарбандаш Хубчеҳра тадрис дида, ҳамчун ҳунарманди босалиқа ташаккул ёфту соҳиби эътирофи умум гашта, дар пайроҳаи ҳунари модараш қадам мезанад.

Дар ҳамкорӣ бо Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар доираи барномаи мусоидат дар таъмини бонувон бо шуғл ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар курси махсуси ройгони чормоҳа, ба ҷавондухтарон дӯхтани либосҳои миллӣ ва ҳозиразамон ёд дода шуда, 28 соҳибҳунар шаҳодатнома гирифт.

 Дар коргоҳи бонуи ҳунарманд ва ҳамакора муҳрабофӣ ҳам мекунанд. Аз муҳраҳои шакл ва андозаву рангҳои гуногун барои арӯсон ороишот, ба мисли ҳамели гардан, дастпона, гӯшвор месозанд, ки зебандаи ҳар бону мебошад…

Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузориҳо

Соли 2024 дар робита ба иҷрои мувофиқаҳои ҳосилшудаи ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар толори бузурги «Hyatt Regency» таҳти роҳбарӣ ва ҳамоҳангии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввари бахшҳои давлатӣ ва хусусии ду кишвар бо иштироки 100 нафар намояндаи он баргузор гардид.

Пас аз қисми расмии Мизи мудаввар, вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G баргузор ва самтҳои нави ҳамкорӣ муайян гардиданд.

М.САИД

             

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон