БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нур дар «Офтобак»

Аз ҳар боб

Нурҳои Шед ҳанӯз домани нимтори субҳро нашикофта, Насиба сӯйи «Офтобак» азм мекунад. Масъулияти оиладориро барвақттар анҷом дода, барои аҳли хонадон субҳона омода сохтаву рӯйи дастархон гузошта, чорқат мепӯшонад. Кӯдакон ба ин одат кардаанд ва модарашонро хуб мефаҳманд…

Субҳ «Офтобак» ӯро истиқбол мегирад. Нахуст, гирду ванаи саҳни боғчаро мушоҳида менамояд. Аз кори ҳавлирӯбон қаноатманд аст. Онҳо ҳавлиро об задаву рӯфтанд, назаррабо. Ин ба табъи роҳбари муассиса созгор аст. Бо дилпурӣ вориди ҳуҷраи корӣ мешавад. Ба тақвими рӯйи миз чанд қайд мегузорад. Нақшаҳои саридастакӣ. Аз ҳама муҳим, ҳарфи гуфтааш дар ҷаласаи пагоҳирӯзӣ, муҳим аст, зеро баракати рӯз аз оғози кор маншаъ мегирад. Ба равзана нигарист. Даводави кӯдакон бо садои хушҳолонаашон, ки аз санҷаки дарвоза ҳар кадом бо волидони роҳбаладашон бо дастфишонӣ хайрухуш кардаву вориди ҳавлӣ мешуданд, Насибаро фараҳ бахшид. Чеҳраҳои зебову маъсуми кӯдакон гӯё чун хуршеди саҳни «Офтобак» шуълапошӣ менамуданд.

Барои Насиба Давлатёрова масъулиятшиносӣ ҳамчун роҳбар ирсист. Ӯ дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омадаву ба камол расидааст. Бобояш Худоёр Раҷабов аз шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ буданд. Падараш Муҳаммадёр Давлатёров умре дар кори ҳизбӣ фаъолият намуда, то рӯзҳои охирини умраш масъулияти мудирии шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъро ба зимма доштанд. Муҳити солими оила ба камолоти маънавии фарзандон таъсиргузор буд. Чун падар умре дар соҳаи маориф фаъолият доштанд, табиист, ки муҳаббати омӯзгорӣ ба қалби духтари яккаи хонадон риштапайванд гашт.

Пас аз хатми муваффақонаи МТМУ №1-ум соли 2010 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд. Айёми донишҷӯйӣ вай сидқан аз устодон, баробари дониши касбӣ, ҳамчунин, аз нозукиҳои пешаи омӯзгорӣ сабақ омӯхт. Як ҳарфи устодаш ӯро то дер ба ёд монд: «Фардо муаллим мешавед ё мураббӣ муҳим нест, аммо фаромӯш накунед, ки масъулияти тақдири ояндаи фарзандони мардум ба дӯши шумост. Муҳандис ё агроном хато кунад, онро ислоҳ кардан имкон дорад, вале муаллим ба хато кардан ҳақ надорад. Як ҳарфи ноҷо, як амали хато афкори насли хурдсолро заҳролуд месозад, ки онро равондан хеле гарон меафтад».

Соли 2015 Насиба баъди хатми Донишгоҳ ду сол мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ буд. Дар раванди фаъолият бо муаллимони таҷрибадори фанни забон ва адабиёти тоҷик аз наздик ошно шуд. Сабку усулҳои пешқадами омӯзгориро аз фаъолиятмандии онҳо аз бар кард. Яқин дарк намуд, ки омӯзгорро ҷараёни дарсдиҳӣ пухтаву суфта месозад. Як соли фаъолият дар вазифаи муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия таҷрибаи корӣ ва дониши соҳавиашро тақвият бахшид. Соли 2019 ӯро роҳбари Муассисаи таълимии томактабии № 1-ум ба номи «Офтобак» таъин карданд.

Масъулияти роҳбарӣ барои Насибаи ҷавон осон набуд, аммо варо чанд омил дар ин росто устувор нигоҳ дошт. Таъсиси шакли нави кӯдакистонҳо дар ноҳия пеш омад ва табиист, ки мушкилот дар пай дошт. Зарур шуд барои омӯзиши таҷриба ва тавсияҳо ба яке аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба шаҳри Душанбе равад. Паҳлуҳои норӯшани фаъолият барояш кушода шуданд. Дар муассиса соли аввал чор гурӯҳ амал мекард. Талаботи аҳолӣ ҳамарӯза меафзуд. Зеро бо раванди зиндагӣ нигоҳи падару модарон ҳам дигар гашта, ҳар кадом мехостанд фарзандонашон аз хурдсолӣ зираку ҳушманду босавод бошанд. Аз ин рӯ, роҳбари ҷавон боз се гурӯҳи дигар таъсис дод. Таълими забонҳои русӣ ва англисиро ҷорӣ кард. Беҳтарин мутахассисони соҳавиро ба кори мураббигӣ ҷалб намуд. Дараҷаи баланди таълиму тарбия бо роҳандозӣ шудани усулҳои муосири соҳавӣ имкон доданд, ки соли 2019 яке аз мураббияҳои муассиса Гулнисо Латифова ғолиби озмуни вилоятии «Беҳтарин мураббии сол- 2019» гардад. Ин дастовард ба фаъолияти тарбиятгарони муассиса неруи тоза зам намуд. Ҳамон сол роҳбари муассиса бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Омӯзгори фахрии Восеъ» сазовор гардид. Соли 2020 аз миёни се номзад мардум ӯро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб намуданд. Масъулияти вакилӣ доираи фаъолияти омӯзгории ӯро фарохтар сохт. Ӯ акнун мебоист на фақат барои рушди муассисаи худ ҳалли масъалаҳои иҷтимоии коргоҳ ва дарёфти роҳу василаҳои муфиди ба таълиму тарбияи кӯдакон таъсиргузор андеша кунад, нақшаҳо тарҳрезӣ созад, балки мунтазам бо сокинони ҳавзаи интихоботии худ низ вохӯрию суҳбатҳо доир намояд.

Насиба Давлатёрова аз ҷумлаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандист. Дар ҳама чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзад. Дар «Офтобак» бо мақсади аз хурдсолӣ дар зеҳнияти кӯдакон парвариш додани ҳисси зебоипарастию ватандӯстӣ гурӯҳи рақсию мусиқӣ таъсис дод, ки феълан фаъолияти самарабахш дорад. Гурӯҳ, ки барномаҳояшонро сурудҳои ватандӯстонаю рақсҳои ҷолиб ташкил медиҳанд, дар ҳар чорабинии идонаи ноҳиявӣ фаъолона ширкат меварзад.

Фазои амну субот умеди хушбинонаи мардумро ба оянда қавитар месозад. Оила ва ҷомеа имрӯз ба муассисаҳои таълимӣ бо чашми боварӣ менигаранд ва кӯдакони худро ба оғӯши кӯдакистонҳо супурда, итминон доранд, ки мураббияҳо чун меъморони асил хишти аввалини таълиму тарбияро рост мегузоранд, то бинои ҳастии афкори кӯдакон устувор қад афрозад. Ва кӯдакони имрӯза чун созандагони ҳақиқии фардои давлату миллати тоҷик ба воя расанд.

Ин аст маслаку ният ва шиорномаи умрию тарбиятгаронаи Насиба Давлатёрова ва мураббияҳои «Офтобак»-и ӯ.

Субҳон РАҶАБ,

ноҳияи Восеъ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон