Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Машъалафрӯзони фардо
Аз ҳар бобМаркази ноҳияи Хуросон шаҳраки замонавиеро мемонад, ки бо иморатҳои начандон баланди рангобарангаш зуд ба дилҳо маъво меёбад. Шоҳроҳи Душанбе – Бохтар аз маркази ноҳия мегузарад ва канорҳои онро чароғпояҳои сершумор зеб медиҳанд.
Аз қабати дувуми бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маркази ҷавонон ва иморати чорошёнаи шуъбаи маориф возеҳтар ба чашм мехӯранд, ки чанде пеш ифтитоҳ ёфтаанд. Дар қабати чаҳоруми бинои шуъбаи маориф Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия ҷой гирифтааст, ки панҷ ҳуҷраи корӣ ва як синфхона бо шароитҳои хуб фароҳаманд.
Директори Марказ ҷавони огоҳу ташаббускор Абдураҳмон Мусоев бо собиқаи кории 12-сола, ки 9 соли он ба пешаи пуршарафи омӯзгорӣ рост меояд, соли сеюм аст, ки дар ин вазифа фаъолият дорад ва барои ташаккули истеъдод ва шавқу ҳаваси кӯдакону наврасон ба донишомӯзӣ, фарҳанг, варзиш ва касбомӯзӣ саъю талош меварзад. Дар ин муддат дастовардҳои ҳаракати олимпии ноҳия назаррас аст, ки дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ хонандагон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.
Дар олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони мо соли равон дар вилоят сазовори 54 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки аз онҳо ду нафар ҷойи якум, ҳафт нафар ҷойи дуюм ва боқимонда ҷойҳои сеюмро сазовор гаштанд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 13 ҷой – як нафар ҷойи якум, як нафар ҷойи дуюм ва 11 нафар мавқеи сеюмро касб намуданд, ки нисбат ба соли гузашта чаҳор ҷой бештар аст. Дар соли таҳсили 2022 - 2023 хонандагон аз олимпиадаҳои байналмилалӣ як ҷойи якум ва имсол 5 ҷой ба даст оварданд, ки натиҷаи хеле хуб аст, - иброз дошт Абдураҳмон Мусоев.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз ноҳия 72 нафар фаъолона ширкат варзида, чаҳор нафар ғолиб омад ва дар даври ҷумҳуриявӣ як нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид, ки дар радифи онҳо омӯзгорон низ қадрдонӣ шуданд. Омӯзгорон ҳам дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоранд. Соли таҳсили 2023 - 2024 дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омӯзгори МТМУ № 16-уми ноҳия Ҷамила Шукурова иштирок намуда, дар даври ниҳоии он сазовори ҷойи аввал гардид. Ӯ яке аз омӯзгорони фаъолу заҳматписанди ноҳия ба шумор рафта, дар даври вилоятии озмун низ мавқеи якумро аз номинатсияи адабиёти муосир дарёфтааст. Заҳматҳои омӯзгор аз ҷониби раиси ноҳияи Хуросон бо туҳфаҳои моливу пулӣ қадр гардид. Ҳоло муаллим аз таҷрибаи ғании хеш ба шогирдон сабақ дода, чанд нафари онҳоро барои ширкат дар озмунҳо омода менамояд.
Дар ноҳия хонандагоне, ки аз олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ғолиб меоянд, тибқи низомнома бо туҳфаҳои пулӣ қадр мешаванд, ки аз 300 то 500 сомониро дар бар мегирад. Дар ин росто, дар радифи хонандагон омӯзгорони онҳо низ ба ҳамин миқдор маблағ сазовор мегарданд.
Ҳоло даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ доир мешавад ва имсол тасмим гирифтаем, ки ҷойҳои ифтихорӣ нисбат ба соли гузашта бештар шаванд. Ҳамасола охири моҳи август ва аввали моҳи сентябр ҳафтаи бозёфти чеҳраҳои лаёқатмандро эълон менамоем. Хонандагон бо раҳнамоии омӯзгорон, ё падару модар ба Марказ меоянд ва қабули кӯдакони болаёқат ва боистеъдод ба маҳфилҳои Марказ тибқи озмун тариқи суҳбат, санҷишҳои тестӣ ва корҳои хаттӣ ба роҳ монда мешавад. На танҳо аз ноҳияи Хуросон, балки аз ноҳияҳои дигар низ хонандаҳо барои омодашавӣ ба озмунҳо ба ин Марказ меоянд. Масалан, соли гузашта барои омодагӣ аз фанни физика хонандагон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Марказ омаданд, - афзуд директор.
Дар маҳфилҳои фаннӣ талабагонро омӯзгорони ботаҷриба роҳбарӣ менамоянд, яъне худи омӯзгорон бачаҳои лаёқатмандро барои ширкат дар озмуну олимпиадаҳо роҳнамоӣ мекунанд.
Ҳоло дар Марказ дар ду баст маҳфили фанни химия амал менамояд, ки дар як гурӯҳ 9 хонанда ва дар гурӯҳи дигар 13 нафар хонандагони синфҳои 7 то 11 ҷалб шудаанд. Агарчи тибқи барномаи таълим фанни химия аз синфи 8 дарс дода мешавад, баъзе хонандагони болаёқатро барои омодагӣ ба олимпиадаҳо аз синфи 7 омода менамоянд.
Абдураҳмон Мусоев, ки тули 9 сол ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ ба мактаббачаҳо дарс гуфтааст, ҳоло дар Марказ маҳфили забономӯзиро роҳандозӣ намуда, аз фанни забони англисӣ ба хонандагон сабақ медиҳад.
Ҳамчунин, мувофиқи майлу хоҳиш, завқу шавқи кӯдакону наврасон ва бо дархости волидон дар Марказ ғайр аз машғулиятҳои фаннӣ озмун ва чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва касбомӯзӣ доир мегарданд. Ғолибони олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба маҳфилҳои Марказ бидуни санҷиш қабул карда мешаванд. Ҳамчунин, ҳар семоҳа сатҳу сифати дониши кӯдакону наврасони лаёқатманди ба маҳфилҳои Марказ ҷалбшуда таҳлил ва баҳогузорӣ карда мешаванд.
Боиси зикр аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз апрели соли 2021 «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021 - 2025» таҳия гардидааст, ки ҳадафи он дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷиҳати ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо мебошад.
Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда ба қадри кофӣ мавҷуд набудани дастурҳои методӣ, адабиёти илмии кор бо хонандагони боистеъдод, мавҷуд набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои рушди қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва гузарондани таҷрибаҳои амалӣ монеаҳо эҷод месозанд.
Барои дарёфт ва рушди истеъдодҳо на танҳо омӯзгорон, балки падару модар, ҳар шахси соҳибмаърифату ватандӯст ва некхоҳи ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд, то насли наврас машъалафрӯзи роҳи дигарон бошанду ояндаи неку сазоворро барои ҷомеа фароҳам оранд, - афзуд дар фарҷом Абдураҳмон Мусоев.
Дастовардҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳими ҷомеа буда, рушди он барои таъмини мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи озуқа мусоидат менамояд. Бахусус, дар замони соҳибистиқлолӣ дар асоси дастуру пешниҳодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳа рушд намуда, дар тамоми самтҳои кишоварзӣ, аз қабили рустанипарварӣ, тухмипарварӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ навгониҳо ба чашм мерасанд.
Дар асоси маълумоти омори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полизиҳо, мевагӣ афзуда, саршумори чорво ва паранда мутаносибан рӯ ба болост.
Нуҳ моҳи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 52,2 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1506,7 ҳазор тонна, пахта 103,8 ҳазор тонна, картошка 937,4 ҳазор тонна, сабзавот 2669 ҳазор тонна, полизӣ 1028,3 ҳазор тонна, мева 614,8 ҳазор тонна, ангур 196,3 ҳазор тонна, гӯшт 213,6 ҳазор тонна, шир 723,3 ҳазор тонна, тухм 891,3 млн дона, пашм 7435,2 тонна, асал 4259,7 тонна ва моҳӣ ба 2908,6 тонна расонда шудааст.
Кишоварзони ҷумҳурӣ дар баробари он ки бозори дохилии кишварро бо маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин намуданд, инчунин маҳсули дастони онҳо ба давлатҳои хориҷ низ содирот гардид. Тибқи маълумоти гумрукӣ аз моҳҳои январ то сентябри соли 2024 аз ҷумҳурӣ 184,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 162,7 миллион доллари ИМА содирот карда шуд.
Маҳсулоти содиргардида, аз қабили сабзавот 27,5 ҳазор тонна (пиёз 25,9 ҳазор тонна), мевагӣ 17,9 ҳазор тонна (ангур 5,4 ҳазор тонна), меваи хушк 62,3 ҳазор тонна, лӯбиёгиҳо 121 тонна, полизӣ 473 тонна, маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,7 ҳазор тонна ва тухмиҳои равғандор, растаниҳои доругӣ 3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳанд.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Хуросон - Душанбе