Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
17 январ – Рӯзи ҷаҳонии ихтирооти кӯдакон
Аз ҳар бобОё шумо медонистед, ки лижаҳои обӣ, гӯшмонакҳо, яхмоси мевагӣ ва алифбои Брайлро бачаҳо ихтироъ кардаанд? Бале, на танҳо ин ашёҳои номбаршударо наврасон ихтироъ кардаанд, балки боз ҳазорон намудҳои бозӣ ва таҷҳизот ихтирои дасти кӯдакону наврасонанд.
Ҳар сол беш аз 500 ҳазор кӯдакону наврасон гаҷетҳо ва бозиҳои гуногун ихтироъ мекунанд, роботҳо ва таҷҳизотро бо сохти нав тағйир медиҳанд. Албатта, ихтирооти кӯдакону наврасон бешубҳа, зиндагии моро қулайтару ҷолибтар мегардонанд. Ва мебоист аз заковати нобиғаҳои ҷавон шод бошем, ба ихтирооташон баҳо диҳем ва дар сайқал ёфтани истеъдоди онҳо кӯмак кунем.
Ҳамасола 17-уми январ Рӯзи ихтирооти кӯдакон таҷлил мешавад. Ин ид на танҳо ба хотири гиромидошти нобиғаҳои ҷавон таъсис дода шудааст, балки ҳадафи он дастгирии кӯдакони дорои истеъдоди фавқулода ва эҷодкор мебошад.
Ин сана ба зодрӯзи яке аз амрикоиҳои барҷаста - арбоби давлатӣ, дипломат, олим, ихтироъкор, рӯзноманигор Бенамин Франклин (1706-1790) интихоб шудааст. Ӯ аввалин ихтирои худро, ки - як ҷуфт қанотҳои шиноварӣ буд, дар синни 12-солагӣ ихтироъ кардааст.
Баъдтар Франклин нишонаи ҳолати барқии «+» ва «-»-ро ҷорӣ кард, барқи табииро бо далелҳо пешниҳод кард, аввалин шуда шарораи барқро барои таркидани яроқ истифода намуд ва соли 1784 айнакҳои бифокалӣ ихтироъ кардааст. Ин танҳо як қисме аз ихтирооти ин олим аст.
Бенни Бенсони 13-солаи амрикоӣ соли 1926 низ тарҳи офаридаи худро ба Озмуни Парчами давлатии Аляска пешниҳод кард. Ранги кабуд, ки рамзи осмон, симои Бурҷ ва Ситораи Қутб дар он Бенниро ба муваффақиятҳо расонд. Бешубҳа, парчами Аляска имрӯз ҳам хеле услубӣ менамояд.
Дар бораи ҷаҳидан ё ба истилоҳе, ки имрӯз байни кӯдакон бо номи «батут» маъруф аст, чӣ гуфтан мумкин аст? Чунин ҷаҳидан аслан рӯи замин сурат мегирифт. Соли 1930 Ҷорҷ Ниссени 16-сола аввалин бор дар мусобиқаи варзишие ҷаҳиши гимнастёрҳоро болои тӯри бехатарӣ дид. Баъди тамошои он ӯ тасмим гирифт, ки «асбоби ҷаҳанда» созад, ки дар он метавонад ҷаҳида ва ҳилаҳои гуногунро дар ҳаво иҷро кунад. Аввалин батути ӯ аз чорчӯбаи пӯлодӣ ва пружинаҳо сохта шуда буд, ки ба батути замони ҳозира шабеҳ дорад.
Мушкилоти экологӣ солҳои охир яке аз проблемаҳои глобалӣ дар ҷаҳон мебошад. Бахусус, аз ҷониби одамон буридани дарахтон ва нобуд намудани буттаҳо нигаронкунанда буда, чораҳои пешгирикунанда дар тамоми дунё истифода мегардад. Донишҷӯи украинӣ Валентин Фречка усули аз баргҳои рехта коғаз тайёр карданро ихтироъ кард (аз ним тонна барг 20 ҳазор варақи А4 гирифтан мумкин аст!).
Ҷаҳониён кӯшиш доранд, то истифодаи зарфҳо пластикиро манъ намоянд. Яъне, бо амалӣ шудани иқдоми пешгирӣ аз зарфҳои пластикӣ бештар коғаз лозим мешавад. Пас боз зарурати бештари буридани дарахтон пеш меояд.
Донишҷӯи донишгоҳи Киев Валентин Фречка дар ошхонаи хонаи худ усули аз ҷиҳати иқтисодӣ муфид, истеҳсоли коғазро аз баргҳои афтода таҷриба намуд ва мақсади ниҳоии худ расид. Баъдан барои Фречка, ки дар Закарпатия таваллуд шудааст, «Ҷангалҳоро наҷот диҳед!» шиори доимӣ гардид.
Хати Брайл, ки нобиноён аз он истифода мекунанд ва онро яке аз муҳимтарин ихтироот, ки дар саросари ҷаҳон аст, Луис Брайл онро дар 15-солагӣ таҳия кардааст. Ӯ дар 5-солагӣ, пас аз захм бардоштан дар коргоҳи падараш нобино шуд. Брайл бисёр писараки қобилиятнок буд, ҳамчунин, аз ӯ ҳамчун навозанда ва омӯзгори боистеъдод низ ном мебаранд. Брайл аввалин китобашро бо ин хат соли 1837 ба табъ расондааст.
Воқеан, ҳар инсон дорои истеъдодҳои зиёд аст, ки танҳо замони кӯдакӣ ва наврасӣ метавон бо дастгирӣ шудан аз ҷониби калонсолон инкишоф ёбад. Мутаассифона, дар ин бора на ҳар волидон андеша мекунанд, ки боиси «нобуд» шудани истеъдодҳо мегардад. Аз ин рӯ, волидонро мебояд муваффақияти фарзандони худро дастгирӣ кунанд ва онҳоро рӯҳбаланд намоянд. Мағзи сари кӯдаки оқил, қодир аст, ки як чизи нотакрор, вале дар айни замон муфидеро пешниҳод намояд, ки пешбурди кори рӯзгору ҳаётро хеле осонтар кунад.
АНОҲИТО