БОЙГОНӢ

«    Феврал 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз чорводорӣ то моҳипарварӣ

Аз ҳар боб

Ноҳияи хушманзараи Шаҳринав дар водии Ҳисори зархез доман густурда, яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, парвариши сабзавоту меваҷот, зироати гуногун ва чорводорӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз моҳи марти соли 2023 қабул гардидааст, мутахассисон ва хоҷагидорони ноҳия саъй менамоянд, ки ба рушди соҳаҳои мазкур мусоидат намуда, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ таъмин созанд.

Асадулло Бӯриев, сармутахассиси соҳаи чорводории шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, соли шашум аст, ки дар ин мақом масъулият дорад. Дар ҳафт шаҳраку деҳот, хосса дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Чусту Акрам Ҳасанов, ки чорвопарвариву деҳқонӣ васеъ ба роҳ монда шудааст, ба хоҷагидорон оид ба интихоби ғизои дуруст ва зоти хуби чорво, паранда, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш маслиҳату машварат медиҳад. Яъне, назорати рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзии ноҳия бар дӯши ӯст.

Парвариши чорвои калон дар хоҷагиҳои фермерӣ ба роҳ монда шуда, миёни аҳолӣ низ зиёд ба чашм мерасад. Кооперативи тиҷоратии «Наврӯз»-и ноҳия ба шабакаи зотпарварии ҷумҳурӣ шомил буда, парвариши чорвои калони зоти алои тоҷикиро роҳандозӣ менамоянд, ки асосан ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ нигаронда шудааст. Қаблан зоти сиёҳало буд ва ҳоло танҳо зоти алои тоҷикӣ парвариш меёбад. Миёни аҳолӣ низ парвариши чунин зоти чорво бештар аст, ки тахминан 90 - 92 дарсадро ташкил медиҳад. Чунин зоти гов дар як сол то 2500 – 3000 литр шир медиҳад. Ғайр аз ин, аз дигар минтақаҳо зотҳои ҷавони онро меорему дар ҳамин хоҷагӣ мепарварем. Ин ҷо 160 сар чорвои калон ҳаст, аз ин миён 44 сари он модагови дӯшо буда, боқӣ ғуноҷинҳо ва буқаҳои наслӣ мебошанд. Кормандони он аз ҳисоби ҳам мардҳо ва ҳам бонувонанд. Бонувон бештар ҳамчун говдӯш ба кор масруфанд, - иброз дошт А. Бӯриев.

 

Бояд гуфт, ки барои ба даст овардани зоти алои тоҷикии чорвои калон нахустин бор олимони тоҷик, докторони илми кишоварзӣ Нормат Аҳмадалиев ва Тӯйчӣ Рӯзиев солҳои зиёд заҳмат кашиданд. Чорвои калони зоти алои тоҷикӣ 10-уми январи соли 2022 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди бузурги селексионӣ расман ба қайд гирифта шуд. Аз таҳлили ин олимон бармеояд, ки зоти алои тоҷикӣ хусусияти хуби ирсӣ, тавоноии генетикӣ ва дорои маҳсулнокии баланд буда, ба иқлими Тоҷикистон тобовар мебошад. Марбут ба ин, олимони болозикр тавсия додаанд, ки чорвои калони зоти алои тоҷикӣ, ки воқеан зоти серширанд, дар ҷумҳурӣ бояд бештар парвариш карда шаванд. Модаговҳои зоти мазкур дар як давраи ширдӯшӣ метавонанд аз 5000 то 7000 кг шир диҳанд.

Дар самти парандапарварӣ мушкили асосиро аз норасоии қувваи барқ медонад, ки барои рушди соҳа метавонад халали ҷиддӣ ворид созад.

 Барои парандаҳо ҳарорати махсус зарур аст ва, агар барқ набошад, талафот зиёд шуда, парандаҳо аз донхӯрӣ мемонанд, рушд намеёбанд ва маҳсулоти тухми паранда низ бамаротиб кам мегардад. Дар масоили ғизо бошад, соҳибкорон мушкилӣ надоранд, масалан пеш аз чӯҷа гирифтан нахуст хӯроки онҳоро захира менамоянд. Баъдан мувофиқи саршумори гирифтаашон бемамониат онҳоро парвариш мекунанд. Соҳибкорон ҳар моҳ қариб 2,5 – 3 млн дона тухми паранда истеҳсол мекунанд, ки дар як сол шумори он то 40 миллион адад мерасад. Ғайр аз ин, дар ноҳия корхонаҳое мавҷуданд, ки ба истеҳсоли гӯшти парандаи навъи «Бройлер» машғуланд, аз ҷумла филиали «Агрофирмаи Ёвон»-и шаҳри Душанбе, - изҳор намуд сармутахассиси соҳа.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда имтиёзҳои андозӣ ва гумрукиро пешбинӣ намудааст. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби бештари соҳибкорон ба шуғлҳои мазкур ва рушди ин соҳаҳо мебошад. Дар давраи амали имтиёзҳо, яъне солҳои 2018 – 2023 дар самти парандапарварӣ шумораи корхонаҳои соҳа афзуда, воридоти гӯшти паранда, хосса мурғ аз хориҷи мамлакат кам гардида, теъдоди корхонаҳои парандапарварӣ аз 65 ба 228 адад расид.

Соҳаи моҳипарварӣ низ рушд ёфта, миқдори моҳиҳои зотию такмилӣ ва истеҳсоли моҳӣ бамаротиб афзуд. Аммо новобаста ба оне, ки майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ васеъ гардиданд, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба талабот ҷавобгӯй нест. Яке аз омилҳои онро гарон будани ғизои моҳӣ медонанд, ки аз хориҷи мамлакат ворид мегардад.

 Дар ноҳия ду ҳавзи моҳипарварӣ дорем, ки якеи он дар дохили ҶСП «Парандапарварӣ» ҷойгир аст. Он дар масоҳати ду гектару 80 сад­як замин доман густурдааст, яъне он қадар ҳам ҳавзҳои бузургҳаҷм надорем ва бозмонда аз ҳавзҳои пешин аст. Дар оянда навсозӣ кардани он дар нақша аст ва вобаста ба ин, дар хоҷагиҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Бо Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ пайваста дар алоқа буда, мекӯшем, то барои парвариш кирминаи моҳиҳоро ба соҳибкорон дастрас намоем. Дар ин ҷо асосан гулмоҳӣ парвариш карда мешавад, - афзуд зоотехник.

Бо мақсади рушд додани соҳаи харгӯшпарварӣ, зиёд намудани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ ва мӯйинаи қиматбаҳо дар Тоҷикистон бори аввал Барномаи рушди харгӯшпарварӣ барои солҳои 2022 – 2026 ба тасвиб расид, ки дар бахши хусусӣ рушд ёфтааст. Дар ноҳия ба соҳаи мазкур аслан аҳолӣ бештар машғул мебошад.

 Мо корхонаи алоҳидаи харгӯшпарварӣ надорем. Сокинон асосан ба парвариши он масруф буда, ҳар як хонавода аз 10 то 50 сар харгӯш парвариш менамояд, ки ҳадаф ҳосил кардани гӯшти парҳезӣ мебошад. Соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар бахши хусусӣ бештар аст, ки ба ин соҳа низ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, - афзуд А. Бӯриев.

Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар Барнома ҳамчун «омили бақои давлатдорӣ ва истиқлолият» зикр гардидааст. Ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори нахуст дар таърихи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ислоҳоти куллӣ ба амал омада, истифодаи замин ба деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

С. АШӮРОВА,

Душанбе – Шаҳринав - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2025_small.pdf [3.91 Mb] (зеркашиҳо: 13)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон