БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Модар - бути нозанини кӯдаконро нашканед!

Аз ҳар боб

Чунин як тасаввурот дар зеҳни кӯдакон шакл мегирад, ки гӯё ҳатман мард сари зан зӯр бошад. Агар фарзандон бузургтар шуда бошанд, шояд ба онҳо на он қадар сахт бирасад, вале дар кӯдакӣ модарро на танҳо бегонагон, балки падар ҳам ки озор дод, душмани ҷони фарзанд хоҳад буд. Аввалин тухми бадбинӣ дар мазраи дили тифл оянда неш задаву қомат афрохтаву дарахти нафрат хоҳад шуд, ки решакании он корест муҳол.

Ростӣ, ҳамсари худро пеши мардум латукӯб кунед, он қадар вазнин нест, ки як торсакӣ пеши тифлон ба рӯи занатон занед. Обруву иззати модар, ки пеши кӯдаконаш поймол шуд, ҳайсияти падар низ дер ё зуд ба боди фано хоҳад рафт. Ин ду ришта бисёр нозук аст, ё бо ҳамдигар занҷираи ногусастании меҳрро созмон медиҳанд, ё бе ҳам зуд канда мешаванд.

Гумон мабаред, ки бо ин шукӯҳ ва сиёсати шумо пеши аҳли оила побарҷотар хоҳад буд. Ҳаргиз! Баръакс, шумо чун падар аз қибла меафтед ва лаҳза ба лаҳза, рӯз ба рӯз беқадр мегардед. Аз ин рӯ, бо ҳамсаратон дар гӯшаи алоҳида ё хонаи алоҳида суҳбат оростан, камбудиҳои ӯро ба нармӣ фаҳмондан, мисли шогирд баъзе назокатҳои рӯзгордориро ба ӯ омӯзондан, ҳатто барои ангезаи тарбият гапҳои сахттар гуфтан (на задан!!!), ояндаи равшани худу оилаатон аст.

Имрӯзҳо дар хонаводаҳо анъанаи ноҷое роиҷ шудааст, ки кирои бонги изтироб аст. Ин пурра тарафдору ҳимоятгари модар шуда, падарро дар соҳили ғамҳо танҳо гузоштани духтарон, ҳатто писарон аст. Ба сарчашмаи ин доғ бингарем, бештари маврид гунаҳкор боз ҳам падар аст.

Замони ҷавониву ҷунун, мастиву кибру ғурур, замони дорамиву карру фар модарро –

бонуи кошонаи худро дар хонавода пасту залил ва хор нигаҳ доштани мардон, оқибати танҳоӣ дар солориву пирии онҳост. То замони пирӣ фарзандон шояд сохтакорона ба шумо арҷ гузоранд, вале ҳамин ки ба гӯшаи узлат мехкӯб шудед, сонияҳо ба соатҳову рӯзҳо ба солҳо табдил мегарданд, дарк мекунед, ки ҷонпайвандони шумо дигар пайванди шумо нестанд…

Бадтарин падида ошкор шудани хиёнати мард пеши зан нест, балки зишттар аз он, ба фарзанд ошкор шудани ин ҷурми падар аст. Агар писар донад, як каме ба хайр, вале духтар аз ин гуноҳи сиёҳ огоҳ шавад, ҳамон рӯз ҷанозаи обруи хешро хондан гиред. Дар чунин ҳол, хишт аз қолаб мекӯчад ва гумон аст, ки шумо дубора бахшида шавед ва он эҳтироми сармади хешро пеши азизонатон дарёбед. Дигар марди идеалӣ ва муттако пеши духтаронатон нахоҳед буд!

Сипос аз Яздони додгар, ки ҳанӯз ҳам ҳастанд бонувони боҳуш, сабур, ки бо вуҷуди ранҷ ва озорҳои бебаркаши шавҳар боз ҳам ҷалолу шавкат ва эътибори онҳоро пеши фарзандон нигаҳ медоранд. Ба хиёнат низ бо муҳаббат посух додаанд. Шаб шаппотӣ хӯрда, бо чашми сиёҳшуда субҳ дастархон оростаанд. Ба бадӣ бо бадӣ посух надода, баръакс «Ҳар кӣ ҳам бошад, ин падарат аст!», «Падарат хук бошад, хукбонӣ кун!», «Ба падарат гап нагардон», «Дуои падаратро гир, баъд ҳар ҷо, ки равӣ, бирав!», «Аз ин корат падарат огоҳ аст, дуои ӯро гирифтаӣ?» – гуфта, ҳушдор медиҳанд, то ҷойгоҳи падар шинохта шавад. Ному нишон ва қадри падар фаромӯш набошад.

Ҳикояти пандгунае дар ёд мондаст: модар пули ночизи бо ранҷ ҷамъовардаашро дар кисаи либоси ҳамсари дар ҷанг шаҳидшудааш нигоҳ дошта, ҳар гоҳи зарурат ба фарзандон мегуфта: «Равед, пул дар ҷайби куртаи падаратон аст, гиред».

Соли 2017 бо дӯсте ба аёдати як шахси номвар, ки ба мо ҳаққи устодӣ дошт, рафтам. Ӯ тақрибан 20 сол боз бо ҳамсари худ ногап буду танҳо мезист. Ба вазъи ногуворе рӯ ба рӯ шудем. Дар як хона падар бемор мехуфту дар хонаи дигар наъраи мастонаи пуралами писараш ба гӯш мерасид. Писараш шарқшинос ва донандаи забонҳои русиву англисӣ ҳам буд. Маст буд ва вуҷудаш аз сӯзи кадом дарде месӯхт. Фарёд мезад, ки дилам мекафад. Моро дидан замон фиғоне кашид:

«Лаънат ба ман, ки писари чунин падарам, агар ӯ дар кӯдакӣ моро бетарбият намегузошт, ба чор сӯи дунё ба сафар рафтаву мо дар кӯча калон намешудем, модарамонро аз хона намеронд, ман ин ҳолро надоштам, гуноҳи ман бар сари туст, падар…».

Падар ин ҳамаро мешуниду чашм ба арши хона хомӯш мехобид, ҳеч намегуфт.

Бори нахуст он ҷо дидам, ки фарзанд, агар зӯр омад, ба падараш таъна ҳам мезадааст, ки сабаби бадбахтии мо туӣ!…

Падаре, ки аз ояндаи ҷамъи хонавода меандешад, нахуст муносибати эҳтиёткорона бо ҳамсарро ба роҳ мемонад. Муошират ва робитаҳои гуногуни хешро бо ҷуфти худ ба танзим медарорад…

Падару модар, ки дар фарҳанги куҳани мо ҳамеша якҷо ва гӯё ду вожа ба як маъноянд, агар ҳамдигарро комил нагардонанд, барои барҳам задани шахсияту иззати якдигар талош варзанд, дар ниҳоят худашонро барбод хоҳанд дод. Зану марди боҳуш бояд фаромӯш накунанд, ки решае, ки теша ба он заданиянд, решаи худашон аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон