БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Мерасад рӯзе, ки бошем интизори хаткашон

Аз ҳар боб

Пас он, бо дарки тақозои замон, ки мавзуи ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳот то дар сатҳи деҳкадаву хонаводаҳо матраҳ меёфт, Саёҳат бо шаҳодатномаи камоли хатми синфи нуҳум таҳсилро дар Литсейи касбии техникии № 9-и шаҳри Бохтар идома медиҳад.

- Айёми наврасӣ назди хоҳарбузургам, ки котибаи шуъбаи кадрҳои мактаби деҳа буданд, ба компютер ва дигар таҷҳизоти муосир дилбастагӣ пайдо кардам. Ин буд, ки оид ба фанҳои таълимӣ дар Литсей тасаввуроти хуб дошта, фориғ аз таҳсил ҳамчун таҷрибаомӯз дар шуъбаи ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ноҳияи Шаҳритус фаъолият мебурдам, - бо ёдоварӣ аз баҳори навҷавонӣ қисса оғоз кард Саёҳат Саидова.

– Салиқаи кор дар компютер ва шавқу иштиёқи зиёдамро дида, дар фарҷоми як семинари омӯзишӣ, роҳбарияти ҶСК «Тоҷиктелеком» маро ба вазифаи танзимгари ин ширкат дар ноҳияи Носири Хусрав пешбарӣ намуданд. Камбуди кадр дар ноҳия муҳити фаъолият ва шиносоӣ бо шахсиятҳои наҷибу дигар вижагиҳои ин гӯшаи диёр водор менамуд, ки пешниҳоди роҳбариятро фарри иқбол дониста бошам. Ҳамин сон, ба хотири санҷиши маҳорат ва кушоиши зарфиятҳои худӣ фаъолияти касбиро оғоз бахшидам. Ростӣ, дар он замон гумон намебурдам, ки гузори солҳо ба ин диёри нозанину мардумонаш меҳмоннавозу некухисол, монои зодгоҳи падариам меҳру дилбастагии беҳад пайдо мекунам.

Дар ин миён оиладор шуда, дар баробари масъулияти хонаводагӣ ва тарбияи фарзандон донишу таҷрибаи касбии худро дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа такмил медод. Аз соли 2019 ба симати мутахассиси пешбар, бо ширкати фаъол дар курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзиву табодули таҷриба бо мутахассисони варзида ҳамчун ихтисосманди ҳирфаӣ дар рушду тавсеи соҳаи алоқа ва беҳтарсозии хизматрасонии алоқа саҳми пешоҳангӣ дошт.

Дасти сарнавишт, таъмини рӯзгори ду тифли хурдсол бар дӯши ӯ уфтода бошад ҳам, дар пайроҳаи интихобкардаи хеш гомҳои устувор ниҳода, бо пешбурди фаъолияти касбӣ, ҳамзамон, шуъбаи ғоибонаи факултети андоз ва андозбандии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм карда, соҳиби тахассуси олӣ гардид. Дар шароити пуршиддати равандҳои хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тақвият бахшидани дастгоҳи идеологӣ аз омилҳои муҳими ҳифзи сулҳу амният дар кишварамон арзёбӣ мегардад, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ соҳаи хизматрасонии алоқаи почта нақши меҳварӣ мебозад. Дар ҳамин марҳалаи муҳими вусъатбахшии воситаҳои иттилоотрасонии ҷомеа, ҳузури кадри дар риштаи технологияи коммуникатсионӣ обутобёфтае мисли Саёҳат Саидова, аз натиҷаҳои умедбахши сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар самти тарбия ва омодасозии кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби занону духтарони ноҳияҳои дурдаст дарак медод. Ин буд, ки замони ба нафақа баромадани директори Маркази алоқаи почтаи ноҳия роҳбарияти болоии соҳа ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар пешбарии бонуи корозмуда Саёҳатбону ба ин вазифаи ниҳоят пурмасъулият тардид надоштанд. Ҳамин сон, давоми солҳои роҳбарии ӯ нишондоди дастрасии аҳолӣ ба матбуоти даврӣ рӯз аз рӯз беҳтару хубтар гардида, самтҳои дигари фаъолияти соҳаи алоқа ва хизматрасониҳои почта густариш ёфта истодааст.

- Масъулони соҳаи алоқаи почта, сокинони ноҳияи Носири Хусрав ба мутолааи маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ таваҷҷуҳи ниҳоят зиёд доранд ва робитаи ҳамешагии онҳо кори моро дар самти иҷрои нақшаи обуна, дастрасии эшон ба матбуоти даврӣ ва умуман, ҳама самтҳои фаъолияти соҳа дучанд осон кардааст, - изҳор дошт бону Саёҳат. - Чун аз зинаи коргари одӣ дар ин ҷода ба фаъолият пардохта будам, аз шинохти ахлоқу фарҳанги муоширати мардум то омӯзиши камбуду нозукиҳои соҳаи алоқа ба ҳамин натиҷа ноил шуда истодаем, ки ҳамасола нақшаҳои корӣ ва ҳама дастуру супоришҳои марбут ба самти соҳа саривақтиву бенуқсон сомон ёбанд.

Ноҳияи Носири Хусрав, ки аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ, ба қавле истгоҳи охирин аст, дар баробари гардиши камтари молу маҳсулот ва камбуди истеҳсоли саноатӣ, иқтисодиёт ва болоравии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ бо назардошти пешбиниҳо рушду пешрафт надошта бошад ҳам, мардум ба мутолаа ва илму донишандӯзӣ рағбати зиёд доранд.

Афзоиши ҳамасолаи теъдоди обуначиён ба матбуоти даврӣ, муроҷиати доимии сокинон барои дарёфти рӯзномаву маҷаллаҳо ва фаъолгардии самтҳои гуногуни соҳаи алоқаи почта бозгӯи он аст, ки мурури пешрафту беҳбудии сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии аҳолӣ, кори бахшҳои Маркази алоқаи почта дар деҳкадаҳо низ ривоҷу равнақ ёфта, мисли асри гузашта хаткашонҳо то дурдасттарин рустоҳои ноҳия дубора роҳандозӣ хоҳад гашт.

- Қатъи назар аз равандҳои суръатзои ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи навини интернетӣ, ки алъон насли ҷавон ба воситаҳои мобиливу равзанаҳои маҷозӣ таваҷҷуҳи бештар доранд, бозгашти ҷомеаи башарӣ ба фарҳанги мутолааи китобу матбуоти даврӣ ногузир аст. Бошад, ки сокинони шарафманди кишвар дар пайравӣ аз сиёсати фарҳангдӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо таъсиси озмунҳои ҷадид мардумро дубора ба китобу китобхонаҳо ҳидоят месозад, фаъолону зиёиёни ҷомеа, баҳри ҷалби насли наврас ба мутолаа, бедор намудани шавқу рағбати мардум ба китобу китобхонаҳо ва мутолааи рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ саҳме гузошта бошем. То расад замони ривоҷу равнақи илму фарҳанг дар Тоҷикистони азиз ва дар пайи саодату бедории фикрии ҷомеа, соҳаи почта дар маҳалҳои дурдаст низ рушду пешрафт карда, хаткашонҳо ғизои маънавиро хона ба хонаҳои сокинон бирасонанд, - афзуд Саёҳат Саидова.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Носири Хусрав

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон