БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ба кӯдакатон чӣ қадар вақт ҷудо мекунед?
Аз ҳар боб / СлайдерАксари волидон фикр мекунанд, ки онҳо ҳар субҳ пеш аз кор рафтан, вақти тайёрӣ ба боғча ё мактаб ва чанд соати вақти хӯроки шом, ҳангомииҷрои кори хонагӣ бо фарзандон вақт гузарондан кифоя аст. Аммо коршиносон бар он андешаанд, ки волидон бояд дар як рӯз ба як кӯдак 40 дақиқа вақти худро ҷудо намоянд. Агар дар оила якчанд фарзанд бошад, пас ҳар як кӯдак вақти алоҳидаи худро дорад.
Ин вақти ҷудошуда метавонад суҳбати озоди волидон бо кӯдак бошад, ё интихобан ягон бозӣ ҳамроҳи кӯдак анҷом дода шавад. Дар ин муддат волидонро зарур аст, ки аз телефонҳои мобилӣ дур бошанд. Ин усул ҳам барои волидон ва ҳам барои фарзандон муфид аст, зеро онҳоро бо якдигар наздиктар намуда, муҳити боварибахшро фароҳам меорад.
Мо аксаран ба одатҳои бади фарзандон бештар аҳамият медиҳем, вале рафторҳои хубашонро кам ситоиш менамоем. Равоншиносон бар он назаранд, ки кӯдакон бештар таърифу таҳсинро дӯст медоранд, зеро дар ин ҳолат худро дӯстдоштаву беназир эҳсос менамоянд. Ҳангоме, ки кӯдак ба ягон вазнинӣ дучор мешавад, волидонро зарур аст, ки ӯро ба шуғли дӯстдоштааш ҷалб намоянду ҳолати ӯро хуб созанд. Падару модарро зарур аст, ки бо кӯдакон забон ёбанду бо онҳо орому бомулоҳиза муносибат кунанд. Аз шумо вобаста аст, ки дунёи фарзанди худро чӣ гуна рангрезӣ менамоед.
Таҳияи Фарзона
Мубодила:
Шарҳҳо
