БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Духтарони НОМВАРИ Падарони НОМДОР

Аз ҳар боб

 Муҳиддин Аминзода – Зебо Аминзода

Муҳиддин Аминзода – (22.03.1904, Хуҷанд - 9.09.1966, Хуҷанд) - шоир, тарҷумон, драматург. Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1964), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон(1935).

Зебо Аминзода (3.10.1948) - раққос ва балетмейстери тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1986) мебошад. Аз муассисин ва роҳбари Ансамбли давлатии рақсии «Зебо»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (1979) маҳсуб меёбад.

Зебо Аминзода духтари шоир, нависанда, мутарҷим ва танбӯрнавози чирадаст Муҳиддин Аминзода аст. Нозукиҳои рақсро аз модаркалонаш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Кароматхон Зокирова ва модараш Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Ойдина Усмонова омӯхтааст.

 Хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Москва (1962), Мактаби олии рақсу хореографии шаҳри Тошканд (1965), Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров (1980) мебошад.

Корро ҳамчун ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Ленинобод (1965–1978) оғоз карда, дар вазифаҳои роҳбари бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли «Зебо»-и Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ (1978–1993), муовини Раиси Шурои Вазирони ҶТ (1993–1994), намояндаи Тоҷикистон дар ширкати радио - телевизионии «Мир» (1994–2003), роҳбари ансамбли рақсии «Гулрез» (2004) фаъолият намудааст.

Зебо Аминзода дар рақси миллии тоҷик таҳаввулоти бузург ворид намуд. Унсурҳои балети классикиро бо рақси миллӣ ва халқӣ устокорона омезиш дода, ба бозёфтҳои тоза муваффақ гардидааст.

Рақсҳои гурӯҳии таҳиянамудааш пурмаъно, дилчас­пу хотирмонанд. Рақсҳои «Вохӯрӣ», «Санам», «Ҷавонӣ», «Тӯёна», «Чӯпонӣ», «Занг», «Дар чаман», «Муноҷот», «Орзу» ва ғайра аз бозёфтҳои тозаи санъати Зебо Аминзода мебошанд.

Дорандаи ҷоизаи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дар София (1968), Мукофоти Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1968) ва ВЛКСМ-умумииттифоқ (1982, ҳамроҳи ансамбли «Зебо») мебошад.

Зебо Аминзода бо медали Барои меҳнати шуҷоатнок ва грамотаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

 Худоӣ Шарифзода – Фарангис Шарифзода

Худоӣ Шарифзода (25.06.1937, деҳаи Ҷорфи ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон - 29.10.2017, Душанбе) -

адабиётшинос, доктори илмҳои филология, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Фарангис Шарифзода (10.10.1970, Душанбе) - омӯзгор, забоншинос, доктори илмҳои филология, профессор, директори Институти забон ва адабиёти АМИТ ба номи А.Рӯдакӣ (2022–2025).

 

Фарангис Шарифзода аввалин бону дар таърихи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист, ки ба вазифаи директори ин муассисаи илмӣ-таҳқиқотӣ таъин гардидааст. Вай идомадиҳандаи кор ва номбардори падар дар соҳаи илми тоҷик аст.

Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Дониш­гоҳи миллии Тоҷикистон (1992), аспиранти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1997–2000). Номзади илмҳои филологӣ (2002), муаллими калони кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2001–2005) мебошад.

Мудири кафедраи филология ва рӯзноманигории Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон (2006–2007), проректор оид ба корҳои таълими ДТИКТ (2007–2009), дотсенти кафед­раи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2009–2010), докторанти ДМТ (2010–2013) буд. Соли 2013 рисолаи докториашро дифоъ намуд. Дар вазифаи дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013–2016) кор карда, соли 2016 соҳиби унвони профессорӣ гардид.

Муаллифи китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон русӣ – «Забони давлатӣ»- Душанбе: Маориф, 2018, Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон ӯзбекӣ - «Забони давлатӣ».- Душанбе: Маориф, 2018, Китоби дарсӣ барои синфҳои 11 забони таҳсилашон қирғизӣ - «Забони давлатӣ».- Душанбе: Маориф, 2019, Стандарти забони тоҷикӣ барои синфҳои 2–4 МТМУ.-Душанбе,2021, Барномаи забони тоҷикӣ барои синфҳои 2–4 МТМУ.- Душанбе, 2022 мебошад.

 Турсун Улҷабоев – Матлуба Улҷабоева

Турсун Улҷабоев (1.05.1916, деҳаи Курук, Хуҷанд - 31.05.1988, Душанбе) - ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (1956 -1961).

Хизматҳои арбоби шинохтаи ҳизбиву давлатӣ Турсун Улҷабоевро дар соҳаи сиёсат ва иқтисоди кишвар Ҳукумати Тоҷикистон дар сатҳи баланд қадр намуда, НБО «Норак»-ро ба номаш гузоштааст.

Матлуба Улҷабоева (2.08.1954, Душанбе) – иқтисоддон, хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе бо ихтисоси математика, курси олии идоракунии назди Академияи идоракунии давлатии Москва ба номи Жданов, Мактаби олии ҳуқуқшиносии Лайола (Амрико) мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун ассистенти кафед­раи алгебраи Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе шуруъ карда (1977), баъдан дар раёсати мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи ҶТ идома додааст. Ба симати роҳбари Маркази мактабҳои пилотии назди Вазорати маориф (1990–1998), амалисози Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон (1998–2002), директори иҷроияи ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (2002–2007) фаъолият бурдааст.

Алҳол роҳбарии Ассотсиатсияи миллии савдои хурду миёнаи ҶТ(1997)-ро бар зимма дорад. Аъзои Шурои ҷамъиятии ҶТ мебошад.

 Дӯстмурод Уроқов – Сурайёи Дӯстмурод

Дӯстмурод Уроқов (5.05.1942, деҳоти Мирзо Ризои н.Ҳисор – 17.01.2021, Душанбе) - иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1989), профессор (1992), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.

Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна (27.03.1973, ш.Душанбе) - ҳуқуқшиноси тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020 то имрӯз).

Фарзанди донишманди шинохта ва донандаи хуби соҳаи иқтисод Дӯстмурод Уроқов, Сурайёи Дӯстмурод хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси ҳуқуқшинос (1995), узви фаъоли Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Саҳми бону Сурайёи Дӯстмурод дар пешрафти соҳаи сохтмону меъморӣ назаррас арзёбӣ мегардад. То расидан ба вазифаи вакилӣ ҳамчун бонуи сохтмончӣ шинохта шуда буд.

Номбурда дар вазифаҳои ҳуқуқшиноси Ширкати «Хуросон» (1995–1997), ҳуқуқшиноси идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе (1997–2005), директори генералии ҶДММ «Гурӯҳи Самимӣ Констракшн» (2005–2020) фаъолият бурдааст.

Сурайёи Дӯстмурод барои заҳматҳои чашмрас бо медали Хидмати шоиста (2016) сарфароз гардидааст.

Гулноза БОБОМУРОДОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон