БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Чашмикордон

Аз ҳар боб

Зиндагӣ сарчашмаи эҷод аст. Эҷоди андешаҳои ҷолиб, эҷоди ғояҳои марғуб ва орзуву ниятҳои неку созанда. Дар тамоми минтақаҳои кишвар баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Маҳз бо иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Ин иқдом, дар баробари рушди дигар соҳаҳо, бонувони моро имкон фароҳам овард, ки дар ин ҷода ба дастовардҳои зиёде ноил гарданд. Баҳри рушди соҳаи саноат ва таъмин намудани мардуми корҷӯ бо ҷойи кори доимӣ коргоҳҳо кушода ва алъон фаъолияти пурсамар доранд. Дар ин ҷода саҳми ҶДММ «Икром»-и шаҳри Исфара боиси таҳсин мебошад.

Махфират Обидова. Ин ном барои аксар нафарон азиз мебошад. Зеро нақши дастони ин бонуи ҳунармандро қариб дар ҳар хонадон дидан мумкин аст. Бонуи кордону соҳибэҳтиром роҳбарии коргоҳеро ба зимма дорад, ки фаъолияташро бо дӯхтани либосҳои мактабӣ ва махсус ба роҳ мондааст. Ӯ директори ин корхона буда, аз оғоз то имрӯз мекӯшад, то маҳсулоти омоданамудаи онҳо рақобатпазир бошанду байни мардум эътироф гарданд.

 Махфиратбону 30-юми августи соли 1979 дар деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара, дар оилаи усто ба дунё омадааст. Соли 1995 мактаби миёнаро хатм кард. Пасон ба Коллеҷи технологии шаҳри Исфара дохил шуда, онро сарбаландона ба итмом расонд. Баъдтар то соли 2008 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳсил кард. Фаъолияташро дар Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ҳамчун коргузори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз бахшид. Ӯ дар ин самт 16 сол заҳмат кашида, иззату эҳтироми мардумро сазовор гардид. Чандин оилаҳои ҷавонро ба ҳам пайваст ва баъзе оилаҳоро аз пошхӯрӣ наҷот дод. Имрӯз ҳар оилае, ки Махфират Обидова шаҳодатномаи ақди никоҳи онҳоро ба дас­ташон супурда, барояшон бахти сафед хоста буд, дар зиндагӣ рӯзгори хуррамона пеш мебаранд ва аз ин бонуи сухандону меҳрубон миннатдоранд. Махфиратбону, ҳамзамон, раиси занҳои Ҷамоати деҳоти Чилгазист. Кор бо бонувон ба ӯ илҳом мебахшад, зеро дар ҳар як лаҳзаи зиндагӣ бо онҳо ҳамрозу ҳаммаслак аст.

 Эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ба ин зани чашмикордон имкон фароҳам овард, ки коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои бамиёнгузоштаи Сарвари давлат ҳиссаи арзанда гузорад.

 Соли 2022 директори ҶДММ «Икромӣ», коргоҳи «Риштаи меҳр» таъин шуд. Коргоҳе, ки М. Обидова роҳбариашро ба зимма дорад, баҳри омода ва пешкаш намудани либосҳои мактабӣ фаъолият менамояд. Коргоҳ, дар баробари омода намудани либоси мактабӣ, ҳамзамон, барои наварусон либосҳои гуногуни миллӣ омода месозад. Кормандони ин даргоҳи ҳунармандӣ баҳри он мекӯшанд, ки маҳсулоти омоданамудаашон писанди мизоҷон гардад.

 Аҳли деҳа аз заҳмату хизмати ин бонуи ҳунарманд хушҳол ҳастанд. Коргоҳи мазкур дар Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ бо дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ машғул буда, солҳои аввал бо 11 дабистони ин Ҷамоат шартнома баст. Онҳо тариқи шартномаи тарафайн мактабҳои ин деҳотро бо либоси мактабӣ таъмин намуданд. Соли равон ӯ ният дорад, ки хонандагони 17 мактаби Ҷамоат ва шаҳри Исфараро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин созад.

 Соли 2024 аҳли кормандони «Риштаи меҳр» 7104 ҷуфт маҳсулоти омодакардаи худро пешкаши харидорон намуданд. Онҳо ният доранд, ки моҳи июли соли равон 16 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ омода намуда, пешкаши мардум намоянд. Махфират Обидова пайваста дасти ятимону бепарастонро мегирад. Давоми чанд соли фаъолияти худ дар ҳар мактабе, ки шартнома бастааст, панҷнафариро бо либоси ройгон таъмин менамояд.

 Аҳли коргоҳ баҳри дӯхти либоси ягонаи мактабӣ матоъҳои пахтагиву абрешимиро аз корхонаи «Пайванд» мехарад. Маҳсулоти ин корхона сифати баланд дошта, барои саломатии кӯдакону наврасон безарар мебошад.

 Махфиратбону дар оиладорӣ низ намунаи ибрат буда, бо ҳамсараш Таваккал Обидов дар тарбияи фарзандон: Моҳрӯву Гулрӯ, Шук­рибону ва Одилбек хеле масъуланд.

 Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Исфара

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон