БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳиммат ва эътибори як бону
Аз ҳар бобТасаввур кардан мушкил аст, ки бо ҳиммат ва эҳсоси ватандӯстона Мавҷуда Ҳакимӣ дар зодгоҳаш – шаҳри Ҳисор чаҳор мактаб сохтааст, бо истифода аз сармояи худаш, хоҳиш ва маҷмуаи боварҳояш, бо такя ба он ҷаҳонфаҳмие, ки пой дар ҳуманизм дорад.
29 мактабро таъмиру тармим карда, чандин синфхонаҳои иловагӣ ҳам бунёд намудааст…
Сохтмони чаҳор пул дар деҳаҳои гуногуни Ҳисор… Бинои табобатӣ дар хона-парваришгоҳи маризони руҳии Ҳисор…
Дар як давраи кӯтоҳ ин бону бо назардошти он ки шароити табобати беморон дар деҳоти дурдаст мушкил аст, сохтмони нуҳ бунгоҳи тиббиро ба уҳда гирифт ва ҳамаи онҳоро сохт, мардуми ёздаҳ деҳаро бо оби ошомиданӣ таъмин кард…
Аз як зеристгоҳи барқӣ ба 6 деҳа симчӯбҳо гузаронд ва билохира як кӯдакистон сохт ва ду муассисаи хусусии таълимӣ.
Ин суханони ман барои махсус ситоиш кардани Мавҷуда Ҳакимӣ нест, аммо надидаву нашнидаам, ки як кас бо ҳиммат ва хоҳиши худаш ин миқдор корҳоро анҷом дода бошад… Ва ҳамаи ин аъмол бастагӣ дорад ба тақозоҳои доимии мардумони деҳ: барқ, об, мактаб, кӯдакистон, пули одамгузар, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра. Ҳама чизе, ки ҳамарӯза мардум ба он эҳтиёҷ доранд…
Ва дар ин шабу рӯзҳое, ки мову шумо зиндагӣ дорем, сохтмони як мактаби мусиқӣ ва як муассисаи дигари хусусӣ низ идома дорад, ки сармоягузору созандааш Мавҷудаи мост.
Мактаби мусиқӣ гуфтаму матни Паёми Сарвари давлат ба ёд омад. Дар ин санад зикр шуда, ки дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар бояд як мактаби кӯдаконаи мусиқӣ сохта шавад…
ДУ СУХАН АЗ МАВҶУДА
Вақте ки раиси ҳизб Иззатуллоҳи Ҳабибзод дар оғози муаррифӣ шарҳи ҳоли Мавҷуда Ҳакимиро мехонд, ба он ҷойе омад, ки гуфт: «Миллаташ тоҷик». Хостам сухани ӯро бибураму илова кунам, ки «тоҷики асил»…
Вақте ки оиладор гуфт, хостам биафзоям: оилае, ки намунаи ибрати ҳазор-ҳазор оилаи дигар аст…
Вақте мегуфт, ки соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, хостам илова созам: «Бо дониши аъло ва ташаккулёфта ҳамчун шахсияти иҷтимоӣ».
Аммо интизор шудам, сухани раиси маҷлисро набуридам, акнун ҷояш омад, ки ҳар чизе дилам хост, бинависам.
Мавҷуда Ҳакимӣ, ки мутаваллиди соли 1965 асту соли 1986 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст, донишҷӯйи одӣ набуд. Бо қомати баланду майдабофиҳо (он замон чилкокула будан миёни духтарон мӯд буд) ва суханрониҳои ҷасурона миёни шарикдарсони дигарамон фарқ мекард. Дар курсу семинарҳои махсус баромад кардану аз мударрисон сипос шуниданашро ба хотир дорам, инчунин ширкати хеле фаъолашро дар корҳои ҷамъиятӣ.
Мавҷуда корашро аз соҳаи маориф оғоз кард: аввал роҳбари маҳфили «Хониши бадеӣ»-и Маркази ҳунар ва эҷодиёти кӯдакони Ҳисор, баъдан омӯзгори мактаби миёнаи рақами № 4-и шаҳри Ҳисор (1986–1999), сипас – роҳбари Маркази хайрия барои кӯдакони бепарастор бо номи «Мӯнис», баъдан тули панҷ сол роҳбари муассисаи таълимии хусусии «Нури ирфон».
Солҳои 2021 - 2024 мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор буд. Ҳоло фаъолияташ бо ҳамон «Нури ирфон» пайваст аст. Хидматҳояш бо медали Хизмати шоиста қадр шудаанд.
X СЕ ПАНД
Як бонуи ҳисорие, ки ҳиммату эътибораш сад мардро гаронӣ мекунад, як бонуи ҳисорие, ки умре дар Ҳисори нозанинаш зист, ҳарчанд имкону тавон дошт, ки ба пойтахт биёяд ва ҷойгоҳе баланд дарёбад…
Мегӯянд, ки дарахт дар як ҷой месабзад. Мақоли хуб аст, аммо бо назардошти воқеияти имрӯза каме эътиборашро аз даст дода. Вале барои дарки вазъи дирӯзу имрӯзи Мавҷуда дуруст иттифоқ уфтода. Ӯ дар Ҳисор умре зисту баракати ҳамон умрро ҳисса-ҳисса бо ҳамдиёронаш тақсим кард: дар як ҷой сабзид, боровар шуд ва барои сабзидани ҳазорон-ҳазор ниҳолакони дигар имкону шароит фароҳам овард.
Се панд гуфтам, инак панди аввал. Пири ҳакимони Чин Конфутсий гуфта: «Саодат ҳамин аст, ки туро мефаҳманд, сатҳи дигари саодат ҳамин аст, ки туро дӯст медоранд, аммо бахти ҳақиқӣ ин аст, ки ту худат дигаронро дӯст дорӣ». Гумонам, Мавҷуда Ҳакимӣ ба ҳамин сатҳи ахири бахт аллакай расидааст: ӯ худаш, қалбаш, руҳу равонаш кони муҳаббат аст: муҳаббат ба диёраш, мардумаш, обу хоку хасу хораш…
Ҳарв Экёр, як тоҷири хушноми амрикоист ва сабаби барори корҳояшро дар он дидааст, ки се чизро имкони монеъ шудан ба шоҳроҳаш дарёфтааст. Тарс, шубҳа ва изтиробро. Ӯ ба ин назар аст, ки ин эҳсосотро аз вуҷуди кас нобуд карда намешавад, аммо одам қодир аст, ки онҳоро барои пирӯз шудан имкон надиҳад.
Ва панди севум. Ба қавли Эйнштейн, ҳар касе як миқдори муайян вақти зистан дорад. Инсон ҳамон вақт инсон аст, ки барои дигарон ҳам бизияд, дар табассум ва беҳбуди дигарон бахти худро дарёбад…
X ВА ХУЛОСАИ АХИР…
Айёми донишҷӯйӣ ҷавонон шартан ба ду гурӯҳ ҷудо мешуданд: шаҳриҳо ва деҳотиҳо. Ҳама навъи ташаббус ба шаҳриҳо дахл дошт: аз онҳо сардор мемонданд, ҳамонҳо сухангӯйӣ ва маҷлисоройӣ мекарданд, чун фаҳму фаросату ҷаҳонбиниашон густардатар буд.
Он айём донишҷӯйи камдониш ба донишҷӯйи донотар итоат мекард: аз рӯйи эҳтироми дониш, албатта. Дар пӯшидани либос ҳам ҳамин таснифот амал мекард: деҳотиён бо ҳавас ба тарзи либоспӯшиву ороиши зоҳири шаҳриҳо менигаристанд.
Мавҷуда ба гурӯҳи шаҳриҳо ворид буд, бо бартарии дониш ва сифатҳои дигаре, ки ном бурдем. Аммо як сифати дигаре ҳам дошт: ба ниёзмандон ёрӣ мерасонд, мардумро насиҳат мекард ва гоҳ-гоҳе мо ӯро «ин модари мост»-гӯён ба дигарон муаррифӣ мекардем. Яъне, он чи ки ҳиммат мегӯем, сарчашмааш аз ҳамон айёми дерин аст – дасти онҳоеро гирифтан, ки ба ёрӣ ниёз доранд…
Ҳафиз РАҲМОН
Мубодила:
Шарҳҳо
