Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бод!
Аз ҳар бобЗан-Модар дар ҳар давру замон байни ҷомеаи башарӣ мақом ва манзалати худро дошт. Аз ин ҷост, ки инъикоси нақшу мақом ва манзалати занони соҳибхираду бофарҳанг дар саҳфаи таърих бароям хеле ҷолибу муассир аст.
Яке аз чунин бонуи покгавҳар, зани ҳалиму меҳрубон, сиёсатмадор, роҳбари чашмикордон Кубро Собитова мебошад, ки тамоми кӯшишу ғайрат, истеъдод ва маҳорати худро баҳри ободию осоиштагӣ ва пешбурди ҷомеа масраф кардааст. Бале, чанд лаҳза дар суҳбати ин пири кор будаму аз суҳбатҳояш баҳраманд гардидам. Гумон мебарам, ки чунин бонувон китоби нокушодае ҳастанд, ки ҳар як суханашон бароямон ширину гуворост. Ӯ дар ҳақиқат сухандону суханпарвар буда, бо меҳнати ҳалолу табъи дилкаш шамъи фурӯзони ҷомеа гардидааст.
Кубро Собитова 26-уми январи соли 1951 дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 31-уми шаҳрро хатм намуд. Пас аз он ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соҳиби ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ гардид ва бо роҳхат ба Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», воқеъ дар шаҳри Исфара, ба кор омад.
Кубро аз рӯзҳои аввали фаъолияти корӣ мекӯшид, то аз нафаре қафо намонад, дили касеро наранҷонад. Кӯшишу ғайрат ва маҳорати кордонӣ сабаб гардид, ки яке аз бонувони пешрав, сиёсатмадор аз ҳама муҳимаш фарзанди замони худ шавад. Фаъолият дар бонк на танҳо ба ӯ обрӯ бахшид, балки дар ҳалли мушкилоти мардуми Исфара имкониятҳои зиёде ба бор овард. Маҳорат, қобилият ва истеъдодашро ба назар гирифта, ӯро дар ин росто нахуст ба вазифаи тафтишотчии шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, баъдтар раиси шуъбаи банақшагирии шаҳри Исфара таъин намуданд, ки барои мутахассиси ҷавон пешниҳод ногаҳонӣ буд. Ин лаҳза ҳоло ҳам аз лавҳи хотираш зудуда нагардидааст. Дар ҷаласаи васеи шаҳр баъд аз маърузаю музокирот якбора Кубро Собитоваро ба вазифаи сардори шуъбаи банақшагирӣ таъин намуданд. Ин духтари ноздонаи падар аз ин тасмими роҳбарон каме даступо хӯрду бо оромӣ онро қабул кард. Аммо андешаҳои гуногун, ки дар ин синну соли ҷавонӣ оё ман аз уҳдаи чунин кори пурмасъулият баромада метавониста бошам, ӯро ором намегузошт…
Пас аз муддате Кубро Собитоваро раиси «Амонатбонк»-и шаҳри Исфара таъин карданд. Бонуи соҳибхирад тавонист дар ин даргоҳи бонуфуз соҳиби ҳурмату эътибори хоса гардад…
Дар ҳамин вазифа вай маҳорату истеъдоди худро сайқал дод. Сипас, ӯро ба яке аз калонтарин хоҷагии шуҳратёри Исфара–Лаккон (Боғистон) сарвари хоҷагӣ таъин намуданд. Ӯ дар замоне роҳбари ин хоҷагии бонуфуз гардид, ки пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ба тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқи кишвар таъсири амиқи худро гузошта буд. Дар қатори даҳҳо хоҷагии шаҳри Исфара хоҷагии Боғистон низ муфлис шуд. Заминҳои корам аз кишт монданд, боғҳои сарсабзу хуррам хушк шуданд. Куброи ҷавон бо тамоми ҳавсалаи роҳбарӣ ба кор сар кард. Пайваста заҳмат кашид ва бо мардуми маҳал суҳбатҳо анҷом дода, барои ободию хуррамии замини бобоӣ камари ҳиммат баст.
Ин бонуи гурдофаридсимо тавонист дар як муддати кӯтоҳ ба ҷойи 400 гектар заминҳои боғоти куҳан боғи сабзу хуррами себу зардолу бунёд намояд. Гулу гулфишонии дарахтони ин мавзеъ ба қалбҳо нуру ба дилҳо сурур меоварданду ба мардум аз зиндагии осоишта дарак медоданд. Номбурда тавонист замини бобоиро ба як хазинаи пур аз анво табдил дода, мардуми ин мавзеи дилнишинро бо меҳнати суботкоронаи худ мафтун созад. Дар ин давра истеҳсоли себ ба 2100 тонна, зардолу ба 1100 тонна ва ангур ба 850 тонна расид, ки он баробари таъмини дусолаи нақшаи хоҷагӣ буд. Ҳамин минвол рӯзҳо паси ҳам сипарӣ шуданду 13 сол дар як он пушти сар гардид…
Бале, Кубро Собитова маҳз бо дониши баланд ва истеъдоди мардумсолорӣ ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расид. Соли 2002 сардори раёсати Фонди иҷтимоии вилояти Суғд таъин гардид.
Замоне, ки ба сари ин вазифа омад, Фонди ҳифзи иҷтимоии вилоят дар назди нафақахӯрон қарзи зиёд дошт. Бо кумаки роҳбарият ва мутасаддиёни ин соҳа мушкилӣ марҳала ба марҳала бартараф шуд. Пардохти нафақаи саривақтии пиронсолону маъюбон таъмин гардид. Дар ин вазифа низ сарбаландона, бо маҳорати касбӣ адои вазифа кард. Соли 2007 ӯро муовини раиси шаҳри Исфара таъин карданд. Дар ин вазифа бо мардум рӯ ба рӯ кор карда, аз дарду дили эшон огоҳ мешуд. Шояд ҳамин меҳрубонӣ, дастрасӣ ба мардуми одӣ буд, ки дар як он ҳурмату эҳтироми бузургро соҳиб шуд. Дар ин вазифа то соли 2011 фаъолият кард. Баъдтар ӯро раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Исфара таъин намуданд.
Ӯ ҳини суҳбат бо арҷгузорӣ, бо як эҳтироми хоса ва самимияти беандоза изҳор намуд, ки пайи ин муваффақиятҳои кораш саҳми шавҳари равоншодаш бузург аст, зеро маҳз дастгирии ҳамаҷонибаи эшон буд, ки ба чунин пояи баланди зиндагӣ расид.
Кубро Собитова имрӯз давлати пирӣ меронаду аз кори ба халқу Ватан кардааш хеле дилшод аст.
Заҳматҳои Кубро Собитова бо Ифтихорномаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ғайра қадр гардидаанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
шаҳри Исфара
Мубодила:
Шарҳҳо
