БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ба кордон, кор осон

Аз ҳар боб

Собиқаи сивупанҷсолаи бенуқсони бонкдории бонуи дақиқкору соҳибтаҷриба Марина Руштенова дар КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғон рабт дорад.

 Аз лиҳози пешниҳоди сандуқи қарз ва пардохтҳои иҷтимоӣ бонки мазкур дар ноҳияи Шуғнон яке аз бонкҳои калонтарин дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шумор меравад ва тайи солҳои фаъолияти касбӣ ин бонуи мутахассис таҷрибаи зиёд андӯхт ва айни ҳол вазифаи муовини сармуҳосиби бонкро бар дӯш дорад.

Солҳои хатми мактаби миёна барои Марина ба даврае рост омаданд, ки бештари духтарони ҳамсабақаш дар дил ҳаваси духтур ва омӯзгор шуданро мепарвариданд. Марина бошад аз пайроҳаи модар ва амакҳояш, ки дар идораҳои гуногун ҳисобдор буданд, рафту соли 1989 бо дипломи Омӯзишгоҳи молия ва иқтисоди шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш баргашт. Мутахассиси ҷавонро нозир-хазинадори калони Агентии Бонки давлатии амонатгузории шаҳри Хоруғ дар Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон таъин намуданд. Ин деҳоти калонтарин дар миқёси вилоят қариб 20 ҳазор нафар аҳолиро дар бар мегирифт. Мутахассиси ҷавонро дар ҳуҷраи танги корӣ, ки дар дохил ба ғайр аз як сандуқи оҳанин ва чӯтка чизе надошт, ҷой доданду ӯ ба иҷрои вазифааш, ки асосан аз пардохти маоши кормандони корхонаҳои саноатии коркарди сангу дӯзандагӣ, номгӯе аз пардохтҳои иҷтимоӣ, қабули маблағ барои хизматрасониҳои коммуналӣ ва фурӯши вомбаргҳову ҷалби пасандоз иборат буд, шуруъ намуд. Лаёқат ва дониши хубу неруи ҷавонӣ ва шавқу завқ дар иҷрои вазифаи касбӣ роҳнамояш шуда, ба ӯ имкон доданд, ки бо кору муомилаи нек зуд мақбули мизоҷон гардад. Вақте пардохти нафақа аз салоҳияти почта хориҷ ва ба зиммаи Бонки давлатии амонатгузорӣ гузошта шуд, ҳаҷми хизматрасонии Агентӣ ба маротиб афзуд.

Авҷи фаъолияти кории бонуи бонкдор ба даврае рост омад, ки шаҳру ноҳияҳои вилоят ба танқисии шадиди барқ дучор гардида буданду аз ночорӣ дар ҳуҷраи танги хидматӣ дар бари сандуқи оҳанин акнун бухории оҳанин ҷой гирифт, ки бо ҳезуму ангишт гарм мешуд. Ба вазъи душвори камбуди барқ ва сардиҳо нигоҳ накарда, М.Руштенова дар иҷрои вазифаи касбиаш собитқадам буду амалиёти воридот ва пардохтҳоро ҳамеша тез ва босифат анҷом медод. Муомилаи хубу хуш, чеҳраи кушода ва хизматрасонии босифати бонкӣ боис гардиданд, ки мизоҷон, бахусус солмандоне, ки барои гирифани нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба Агентӣ муроҷиат мекарданд, ҳамеша аз сатҳи хуби хизматрасонӣ қаноатманд буданд.

Шуғнон, калонтарин ноҳияи вилоят, аз лиҳози шумораи аҳолӣ, ки аз рӯзи таъсисёбиаш, агарчанде 90 сол сипарӣ мегашт, маркази маъмурӣ надошту Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки ноадолатии таърихиро бартараф созад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоби ҷойи мувофиқ супориш дода, пас аз чанде бо иштироки Сарвари давлат дар маросими тантанавӣ дар деҳаи Миденшори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳия хишти нахустини шаҳраки навбунёд гузошта шуд. Дар муддати кӯтоҳ дар ин ҷо шаҳраки сабзу зебои замонавӣ бо номи Ваҳдат қомат афрохта, дар қатори даҳҳо иншооти маъмурӣ ва хизматрасонӣ бинои нави бонкҳо низ дарашонро ба рӯйи мизҷон кушоданд. Акнун КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳия дар бинои барҳавои замонавии муосири дуошёна, ки дар он барои қабули мизоҷон ва хизматрасонии рақамӣ кулли шароит муҳайёст, ҷой гирифтаст.

М.Руштенова дар бонки ноҳиявӣ ҳамчун иқтисодчии дараҷаи як, масъули шуъба оид ба қарз таъин гардид. Қарзҳои бонкӣ омили муҳими дастгирии ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна дар авлавияти фаъолияти қарздиҳии бонк қарор дорад. Дар баробари ин, бонк барои дастгирии ниёзҳои иҷтимоии ашхоси воқеӣ қарзҳои гуногун пешниҳод менамояду шаҳрвандони зиёд аз ин намуди хизматрасониҳо истифода мебаранд. Бинобар ҳамкории самараноки бонк бо мизоҷон сандуқи қарзӣ тавсеа ёфта, айни ҳол солона бештар аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳаду рӯ ба афзоиш аст.

Яке аз дастовардҳои бонк боло рафтани ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ буда, бонуи бонкдори ин равандро далели таҳким ёфтани эътимоди мардум ба бонкҳо мешуморанд. Ҳамчунин, мизоҷони зиёд гирифтани интиқолпулиҳоро аз нуқоти гуногуни дохил ва хориҷи кишвар дар бонки мазкур барояшон осон, зуд ва қулай мешуморанду аз ин намуди хизматрасонӣ ба таври фаъол истифода мебаранд.

Бонк пурра ба хизматрасонии рақамӣ гузашта, кормандони собиқадор то чӣ дараҷа ба навовариҳои технологӣ омода ҳастанд, - мепурсам аз сардори бонк Бахтдавлат Собиров.

Кормандони соҳибтаҷриба маҳак ва неруи пешбарандаи ҳар коллективи меҳнатианд, муассисаи мо низ аз ин истисно нест. Агарчи насли ҷавон дар қабули навгониҳои технологии муосир пешгом аст, ба донишу таҷрибаи ҳамкорони собиқадорашон ниёзманд ҳастанду ҳамеша аз ёрӣ ва раҳнамоиҳояшон бархӯрдор мегарданд. Дарсҳои омӯзишӣ имконият медиҳанд, ки кормандон аз донишу таҷриба ва малакаи ҳадигарӣ омӯзанд ва онро дар фаъолияти касбиашон босамар истифода намоянд.

Бонуи дақиқкору соҳибтаҷриба Марина Руштенова 35 соли фаъолияти бенуқсони бонкдорӣ дорад.

Ҳисобдорӣ кори мушкил аст? – мепурсам аз ӯ.

Ба пиндори ман, кори осон вуҷуд надорад. Вале инсон чун ба ҳар коре сахт дил мебандаду дар иҷрои он саъй меварзад, душвортарин кор низ барояш осон мегардад. Ҳисоб асаби орому мустаҳкам ва дақиқият мехоҳад. Мекӯшам корро босифат анҷом диҳам ва дар бонкдорӣ аз ман чун мутахассиси муваффақ ном мебаранд, ин баҳоро бароям шарафи бузург медонам, - афзуд Марина Руштенова.

М.САИД,

ноҳияи Шуғон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон