БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

НАБЗИ ШАҲРИ НУР

Аз ҳар боб

«Нури Роғун», нашрияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, аз соли 1986 рӯи чоп аст. Беш аз даҳ сол ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мешуд. Айни вақт рӯзнома чун дигар нашрияҳои музофот моҳе як ё ду маротиба дастраси хонанда мешавад. Аввалин сармуҳаррираш шодравон Сироҷ Шоев, ки дар донистани забонҳои русӣ ва арабӣ бемисл буд, дар муаррифии рӯзнома нақши бориз дорад.

«Дар шаҳри Роғун пешсафони истеҳсолот кам нестанд, дар бораи онҳо нависед беҳтар», - мегӯяд ҳамсуҳбати телефонии ман, баъди бохабар шудан аз ҳадафам. – Дар пеш иди матбуотчиён, ба ин хотир шуморо интихоб намудем, - посух мегардонам ба ӯ. Шояд ин мавзуъ имкони интихобро аз ӯ мегирад, ки барои суҳбат розӣ мешавад.

 Зебо Давлатова соли 2019 ба вазифаи сармуҳарририи нашрияи шаҳри Роғун - «Нури Роғун» интихоб шуд. Пештар ҳамчун омӯзгор, хабарнигори минтақавии маҷаллаи «Фирӯза», роҳбари китобхонаи шаҳри Роғун фаъолият мекард.

Панҷ сол роҳбарии маҳфили эҷодкорони шаҳри Роғунро низ бар зимма дошт. Ба китобу адабиёт шавқу рағбати беандоза дорад. Осори назмаш таҳти унвони «Сипар» рӯи чоп омадаву ҳаводорони эҷодаш кам нестанд. Мавзуъҳои эҷодаш гуногун бошанд ҳам, мекӯшад бештар дар хусуси Ватан, модар, ишқ, накукорӣ, фарҳанги тамаддунофари миллати тоҷик шеър иншо намояд.

Суҳбат дар хусуси заҳмати фарди эҷодкор меравад ва нохудогоҳ Зебо руҷуъ мекунад:

 Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки баъзеҳо ранҷҳои эҷодкор, хусусан рӯзноманигоронро нодида мегиранд. Мисраъҳои таскинбахшу таъсирбахш посухи бармалост дар муқобили онҳое, ки ба ин пеша беэҳтиромӣ зоҳир карданӣ мешаванд.

Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад,

Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Воқеан, бори маънӣ кашидану сухани нобу тоза офаридан, ки дархӯри идроку андешаи мардум бошад, заҳмат мехоҳад. Хусусан, дар маҳал, дар кӯҳистон анҷоми рисолати рӯзноманигорӣ кори саҳлу содае нест.

Зебо Давлатова мекӯшад бо тими хурдаш, ки имкони иҷрои корҳои бузургро доранд, фаъолияти хубу амали босамар дошта бошанд. Чун роҳбар ба мавзуъҳои муҳими ҷомеа сарукор мегирад. Мавзуъву масъалаҳои ҳалталаби вуҷуддоштаро ба саҳми масъулин мерасонад ва дар тарғиби дастовардҳои беназири заҳматкашони шаҳри Роғун камар бастааст.

Зебо Давлатова дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадаву бо нони омӯзгорӣ бузург шудааст. Аввалин қадамҳои эҷодиву комёбиҳояш дар ин самт маҳз дар муҳити оила оғоз шуда. Чун дар тарбияи омӯзгор ба камол расидааст, зери таъсири падари бузургаш аз китобу дафтару қалам дур намонд. Санъати эҷод ҳам маҳз аз овони ҷавониаш дар қалбаш маъво гирифту шеъру мақолаҳои эҷодкардаашро чун армуғон ба устодонаш пешниҳод мекард. Ва ҳар гоҳе устодон аз навиштаҳояш ситоиш мекарданд, меҳри сухану қалам дар қалбаш амиқтар реша медавонд. Замони мактабхониву айёми донишҷӯияш як-як шеъру таронаҳо ва мақолаҳои шогирдонааш дар нашрияҳои даврӣ рӯи чоп меомаданду шуълаи умедаш аланга мезад.

 Комёб шудани дилхоҳ нашрия ва ҳайати эҷодӣ аз фаъолияти ҳамешагӣ, чопи саривақтӣ ва аз ҳама муҳимаш бо интихоби дурусти мавзуъҳои дархӯри замон ва ҷомеа ба дасти хонанда расиданаш аст,- зикр мекунад рӯзноманигор.

Воқеан, ин бонуи равшанзамир тавонист наш­рияи шаҳри овозадори Роғунро, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони зиёдеро ба худ кашидааст, ба минбари мардум табдил диҳад. Ҳар нафаре, ки дар пешрафту ободии ин гӯшаи диёр заррае саҳм дорад, қаҳрамони «Нури Роғун» баргузида мешавад.

Алҳол, сарфи назар аз ҳайати хурди эҷодии нашрия, онҳо талош меварзанд, то набзи тамоми соҳоти хоҷагии халқи шаҳрро дар саҳифаҳои ҳафтанома бо бурду бохт мунъакис созанд. Имрӯз хабарнигорони нашрия аз дурдасттарин деҳкадаҳои шаҳри Роғун дидан намудаву аз рӯзгори пирони солдида, волидони соҳибэҳтирому фарзандони номдор, ҳунармандону соҳибкорон, шахсони сахопеша хабару мақолаҳои ҷолиб омода месозанд. Мавзуъҳои серхонандаву сермухлис мақолаҳоеанд, ки аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср, НБО «Роғун» омода шудаанд.

Зебо Давлатова бо изҳори қаноатмандӣ ва иродати хос, мегӯяд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, хоса раиси шаҳр, дар ҳар тасмимоте дастгиру пуштибони аҳли қалам аст.

Роҳбари мулоҳизакору некбин аз фаъолияти пурсамари сармуҳаррирони пешини рӯзнома Абдулҳошим Табаров, Диловари Ҳайдар, Муқимҷон Латифӣ, ёдовар шуда, заҳмати эшонро дар ташкил, устувор ва шинохтаву серхонанда гаштани «Нури Роғун» муассир арзёбӣ менамояд. Яке аз мавзуъҳои муҳим барои роҳбар чоп ва дастрасии саривақтии рӯзнома ба обуначиён мебошад, ки аз қишрҳои гуногуни ҷомеаанд.

Умеда Сатторбекзода, муовини раиси шаҳри Роғун, ба фаъолияти бонуи рӯзноманигор Зебо Давлатова баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки мавсуф байни ҳамкорон дар мақомот чун бонуи боирода ва дар иҷрои кору вазифа ҷиддӣ, меҳнатдӯсту меҳрубон шинохта шудааст.

Аз кору рӯзгори Зебо Давлатова ҳамчун сармуҳаррири як нашрияи маҳаллӣ хеле зиёд тавон ҳарф зад, аммо мо, аҳли эҷод, новобаста аз он ки дар амри пайгириву инъикоси дилхоҳ мавзуе муваффақ гардем ҳам, дар чеҳракушоии ҳамкору ҳампеша баъзан оҷизем, ҳарчанд, ки:

Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад,ки чист,

Зарби дасти кӯҳканро теша медонад, ки чист.

Пешорӯи ҷашнҳои баҳорӣ, дар симои ин бонуи қаламкаш ва роҳбари соҳибэҳтироми маҳал ҳамкасбони азизро бо Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод гуфта, аз шеъргуна ва чакидаҳои Зебо Давлатова чанд пораеро чун армуғони идона пешкаши ҳаводорони каломи мавзун менамоем:

Рустами НАЗИР

НАВРӮЗИ РОҒУН

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон