Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пикник аз ҳар ҷиҳат хуб аст, агар...
Аз ҳар бобОдамони зиёде фарорасии фасли гарморо маҳз ба хотири фароғат дар оғӯши роҳатбахши табиат интизор мешаванд. Нишастану лаззат бурдан аз табиати зебо ва хӯришҳои тару тозаи баҳорӣ, ки дар тамоми олам бо номи “Пикник” маъмул аст, имрӯз ҳаводорони зиёд дорад. Асоси баромади калимаро овошиносон аз забони фаронсавии pique-niquer, медонад, агарчи дар бисёре аз фарњангњо таљрибаи дар рўи сабзањо зиёфат оростан маъмул буду бо номњои гуногун ифода мешуд. Аввалин маротиба ин калимаро нависандаи фаронсавӣ Тони Уилс соли 1962 ба унвони як калимаи ҷадид истифода кардааст.
Пас аз инқилоби Фаронса дар соли 1789 боғҳои салтанатӣ бори аввал ба рӯйи мардум боз шуда, ташкили пикник дар ин боғҳо ба як фаъолияти маҳбуби ҳамаи қишрҳои ҷомеа табдил гашт ва ба ҳамон шаклу шева ба тамоми олам паҳн шуду то имрӯз фароғати дӯстдоштаи аҳли башар дар фаслҳои гармост.
Равоншиносон дар натиҷаи таҳқиқотҳои зиёд ба хулосае омадаанд, ки вақти дар ҳавои кушоди баҳорӣ гузаронда, ба саломатии рӯҳии инсон таъсири пурқуввати табобатӣ дорад. Майсаҳои махмалин, офтоби нарми баҳорӣ ва мушоҳидаи ҳаракоти ҷолиби набототу паррандагон ба паст шудани сатҳи стресс ва беҳтар гаштани ҳолати умумии эҳсосотӣ мусоидат мекунад.
Сабзавоту гиёҳҳои баҳорӣ, ки маъмулан дар “Пикник” аз он истифода мебаранд, аз витамину минералҳо бой буда, барои барқарор намудани ҷисм баъди хўрокҳои зимистонӣ муфиданд. Таъсири бевоситаи нури офтоб низ ба инсон натанҳо неру мебахшад, балки дар организм ҳормонҳои серотонин, яъне хушбахтиро ба вуҷуд меорад.
Чунин нишастҳои фароғатбахш дар табиати хуррам ҳам ба саломатии ҷисму равон ва ҳам рафъи афсурдаҳоливу гирифтахотирӣ муфид аст, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир дар ин ҷамъомадҳо ғизоҳои тайёр ва хуришҳои ғайритабиӣ зиёд истифода мешаванд. На ҳама одамон ба табиат муносибати хуб доранду бефарҳангон ба ҷойи сипос ба ин ҳама зебоӣ аз худ партов боқӣ мегузоранд. Даштҳои сабзу хуррам, боғҳои дилрабо ва гулгаштҳои зебо аз селлофану зарфҳои пластикӣ ва сачоқҳои яккаратаи тару хушк, ки пас аз нишастану бархостани бархе бепарвоён боқӣ мондаанд, боиси ифлосшавии муњит мегарданд.
Пикник аз ҳар ҷиҳат хуб аст, агар ба меҳрубониҳои табиат мо низ бетафовут набошему ҳар куҷое равем, аз худ партов боқӣ нагузорем.
М. Назирова
Мубодила:
Шарҳҳо
