Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳамрози замин
Аз ҳар бобЧеҳраи офтобхӯрдааш аз заҳматҳои чандсолааш гувоҳ аст. Ба ҷуз моҳҳои сарди зимистон, рӯзҳои ҳаёташ сари замину киштаҳо дур шудаанд. Номи Руқия Раҳимова аз ин пештар хира-хира бароям ошно буд, гоҳе тавассути барномаҳои радиоӣ дар бораи кишоварзи муваффақ буданаш тавсифҳо шунидаам. Роҳбалад аз бахши кор бо занҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Зарина Рустамова, таваҷҷуҳи маро ба қаҳрамонам меафзуду мегуфт: «Шояд танҳо шумо не, аксарт ба корномаи ин бонуи фидоии меҳнат шиносанд». Суҳбати даруни мошин акнун шираи гармӣ мегирифт, ки ронанда: «Ана ҳамин заминҳои Руқия, уйи сари ҷӯя рост истода, худи раис…», гуфта мошинро канори роҳ нигоҳ дошт.
Руқия Раҳимова аз аввалин духтарҳои чобуку фаъоли ноҳияи Ёвон, таҷдиди сохтори қаблии соҳаи кишоварзиро нек пазируфт ва камари ҳиммат баст. Бо ташкили кооперативҳои хурду бузург вай, духтари як механизатори одии ноҳияи Ёвон, ибтидои солҳои 90-ум, кооперативи истеҳсолии «Руқия»- ро созмон дод, ки 29 гектар замини обиро дар бар мегирифт. Ҳарчанд зиёд нафарон, хусусан волидону ворисон хостанд монеи азмаш шавнд, ӯ беҳарос аз миёни хеш камарбанди мардонагӣ наканд.
Бо вуҷуди он ки солҳои баъдӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон, нооромиҳо сар заданд, Руқия аз замину аз киштаҳои ҳосилхезаш дур нашуд. Бо таҳдиду зӯровариҳои силоҳбадастон ҳам лаҷоми корашро аз даст надод. Дар ҳамон шабу рӯзҳои нобасомон вай илоҷе карда заминҳои барояш вобасташударо бекор намемонд ва ҳосили рӯёндааш аз заминҳои пахтаву юнучқа, қитъаҳои полизию обчакорӣ харидор дошт. Кормандонаш дар шабу рӯзҳои душвори солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз дастмузд ва оилаҳои ниёзманд аз кумакҳои саркорбонуи кишоварз розӣ буданду дар ҳаққаш дуои нек мекарданд.
Аз фаъолияти борвар, рӯзгор ва комёбиҳои истеҳсолии Руқия дар васоити ахбори омма хабару лавҳа ва очерку гузоришҳо пахш мешуданд. Зани ҳалиму хоксор, сарсупурдаи Меҳан, софдилию заҳматписандиашро ҳамагӣ месутуданд.
Руқия Раҳимова сараввал соли 2005 ва соли 2019 бори дувум саҳми заминдорони худро аз хоҷагӣ ҷудо намуда, танҳо 5 гектари вобаста ба худаш бударо бо номи хоҷагии деҳқонии «Руқия» аз нав ташкил кард. Ҳанӯз ҳам хоҷагии ӯ шуҳрати пешинро аз даст надодааст. Дар ноҳияи Ёвон ва Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дар бораи кишти саривақтию ҳосили фаровон ба даст овардан номи хоҷагии ӯ дар радаи аввал меистад. Ҳамасола бо рӯёндани ҳосили рекордӣ дар маҳал миёни дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ пешсафу намуна аст. Чун аз натиҷаҳои соли гузашта пурсон шудем, аз чеҳраи Руқиябону қаноатмандӣ эҳсос нашуд, зеро тухмии хушсифати пахтаю юнучқаро сари вақт наёфт ва киштаҳои кардааш ҳосили табъи дил надоданд, вале нисбат ба аксари хоҷагиҳо ҳосилнокии заминҳояш хубтар буд. Сабзавоту полизиҳои Руқия хароҷоти кардаашро пурра ва барзиёд барқарор намуданд.
Хоҷагии деҳқонии «Руқия», тавре роҳбари хоҷагӣ баён дошт, ҳамаи намуди техникаи хоҷагии қишлоқро дорад. Мунтазир ба ёрии техникӣ нест, техникаи ҷуфту каҳдаравҳоро ба хоҷагиҳои ҳамсоя иҷора медиҳад, то онҳо низ сари вақт ҳосили заминҳоро ғундоранду киштгардони майдонҳоро ба роҳ монанд. Тобистону тирамоҳи гузашта низ нафарони зиёди ниёзманд аз ғамхорию дастгириҳои ин бонуи саховатманд баҳравар шуданд. «Худо хоста бошад, имсол киштаҳо пурборанд, нияти ҳосили хуб рӯёдан дорем», бо ризояту хушҳолӣ мегӯяд Руқиябону ва меафзояд: «Шумори хайру садақа ҳам, албатта, зиёд хоҳад шуд».
Аз канори роҳе, ки ҷониби деҳоти дигар мегузарад, заминҳои хоҷагии Руқия чун гирдае дар кафи даст намоён аст. Киштзорон сабзу хуррам, аз боронҳои нарми баҳорӣ тухмиҳо ончунон хуб сар задаанд, ки даштҳои тахту ҳамвор қабои сабзу махмалинро мемонанд. Дар ҳоле ки ин хоҷагидори асил ҳоло чашм аз заминҳои сабзгунаш наканда буд, мо ҷилави суханро аз хоҷагии овозадору намунааш ба ҳаёту рӯзгораш мебарем.
Аз овони мактабӣ ба кори замин меҳр доштам. Падарам, ки аз механизаторони пешсафи хоҷагӣ буд, гоҳе ӯро дар корҳои саҳро ҳамроҳӣ мекардам. Вақти ташкили хоҷагӣ ҳам як даҳон гуфт: «Заминдорӣ кори мушкилу бо замин кор кардан мушкилтар, духтарам», аммо чун дид, ки ман аз раъйи худ гаштанӣ нестам, кумакашро дареғ надошт. Ҳатто вақти обу ғизо додан то посе аз шаб сари замин бо мо буд. Техникаҳои кишоварзиро хуб медонист, бо тавсияи ӯ беҳтарин техникаҳоро барои хоҷагӣ харидорӣ намудем…
Ноаён сукуте варо фаро мегирад, дар нигоҳи пур аз андешаҳояш сад маънӣ ниҳону нуҳуфта. Саркорбонуи бофаҳм миёни хомӯширо шикаст.
Хуб, ҳамааш хуб, то кунун хоҷагии мо миёни дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ пешоҳанг аст, аммо ман ягон вақт аз комёбиҳо саргарм набудам, танҳо кору вазифаи худро ба сомон мерасонам. Мекӯшам то хоҷагӣ на аз кормандон, на аз ниҳоде қарздор бошад, ҳисобу китобам сари вақт амалӣ мешаванд…
Руқиябону, воқеан ҳам модари замин асту ҳам фарзанди замин. Бонуи адолатниҳод муҳаббати худ, садоқату вафодориашро ба киштаҳояш бахшид. Солиёни зиёд аст, ки бо замин асту замину киштаҳояш бо ӯ. Ба мисле, ки ӯву Замин ҳамболину ҳамбистаранд. Умеду орзуҳоро дар замин мебинаду розу ниёзи хешро танҳо ба Замин мегӯяд.
Рустами НАЗИР,
Душанбе - Ёвон
Мубодила:
Шарҳҳо
