БОЙГОНӢ

«    Июн 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Қолинҳои зеббахш

Аз ҳар боб / Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Қайроққум» яке аз корхонаҳои калонтарини бисёрсоҳавӣ оид ба истеҳсоли қолинҳо ва маҳсулоти қолинӣ ба ҳисоб рафта, муаррификунандаи шаҳри саноатии Гулистон ба шумор меравад. 

Дар давоми фаъолияти зиёда аз 65 сол корхона дар қолинбофӣ таҷрибаи бой ҳосил намуда, анъанаҳои хешро дорост. Нақшу нигор ва рангубори қолинҳо таҷассумгари табиати нотакрори диёранд. Қолинҳо бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат омода мешаванд, ба хонаводаи харидорон тароват ва зебоию шодӣ мебахшанд. Дар баробари мунтазам ворид намудани технологияҳои нав ва аз худ кардани навъҳои ҷадиди маҳсулот корхона ба дастовардҳои баланди истеҳсолӣ ноил гашт. Маҳсулоти «Қолинҳои Қайроққум» бо сифати баланд, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигор фарқ мекунанд.  

Солҳои 2013, 2018, 2021 ва 2023 барои қолинбофон таърихӣ ва ҳам басо хотирмон буданд, зеро дар ин солҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба «Қолинҳои Қайроққум» ташриф оварда, барои беҳбуди кор ва рушди коргоҳ дар замони муосир маслиҳатҳои муфид доданд.

Директори генералии ҶДММ «Қолинҳои Қайроққум» Абдумуталлиб Абдуллоев дар бораи фаъолияти босамари корхонаи бонуфуз андеша ронда, гуфт, ки зимни сиёсату амалҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои мақсадноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат барои рушди истеҳсолот ва дар ин ҷода ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. 

Ӯ таъкид намуд, ки бо ташаббуси Сарвари давлат Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014– 2020 қабул гардид. Барномаи мазкур ба рушди соҳаи қолинбофӣ такони ҷиддӣ бахшида, имкон фароҳам овард, ки баробари нав намудани парки технологии корхона ҳаҷми истеҳсолот низ мунтазам зиёд карда шавад. Дастгоҳу таҷҳизоти муосири ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дастрас шуданд. Соли 2021 Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021– 2025 қабул гардид, ки он аз дастгирии навбатии қолинбофони ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Агар ҳаҷми миёнаи истеҳсоли солҳои 2013–2020-ум 1 миллиону 770 ҳазор метри мураббаъро ташкил намуда бошад, пас аз қабул гардидани Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021– 2025, ин нишондиҳанда худи соли 2024 зиёда аз 3 миллиону 300 метри мураббаъро ташкил дод. Амалӣ намудани нақшаю чорабиниҳо имкон фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсол мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатнокии маҳсулот дар бозори фурӯш таъмин гардад.

Бо дастгирии Президенти кишвар муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон аз соли 2013 то имрӯз ба корхона дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Русия, Австрия, Ҳиндустон зимни сармоягузории хориҷӣ ва маблағгузории худӣ ворид карда шуданд. Истеҳсоли маҳсулот то 20 маротиба афзуд.

Аз моҳи майи соли 2018 дар корхона истеҳсоли ришта ба роҳ монда шуд. Имрӯз имконияти истеҳсоли зиёда аз 60 дарсади ашёи хом барои истеҳсоли қолин вуҷуд дорад.

Бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани қолинҳои корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоишгоҳҳо ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти қолинӣ ташкил карда мешаванд. Зимни баргузории ин чорабиниҳо маҳсулоти корхона, аз ҷумла навъҳои нави қолинҳо бо нархҳои нисбатан арзон бо тахфифи аз 20 то 50 фоиз ба харидорон пешкаш карда мешаванд. Сатҳу сифати ташкилии чунин намоишгоҳҳои корхона аз ҷониби меҳмонону харидорон хуб пазируфта мешаванд. Бо мақсади васеъ намудани доираи фурӯш дар бозори дохилӣ қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти қолинӣ ташкил шудааст, ки тавассути ин нуқтаҳо маҳсулоти коргоҳ ба харидорон пешкаш мегардад.

Муқоиса бо соли 2013 корхона аз рӯи натиҷаи соли 2024 ба нишондиҳандаҳои зерини иқтисодию молиявӣ ноил гашт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти қолинӣ нисбат ба соли 2013 - 2,5 маротиба, музди миёнаи меҳнати кормандон 65 фоиз, фонди музди меҳнати кормандон 3,1 маротиба, шумораи миёнаи кормандон 2 маротиба ва пардохтҳо ба буҷет 9,3 маротиба зиёд гардидаанд.

Ширкати «Қолинҳои Қайроққум» дорои сертификати системаи менеҷменти сифати ИСО 9001 мебошад, ки ин аз сифати баланди қолинҳои истеҳсолшаванда шаҳодат медиҳад. Ғайр аз ин, маҳсулоти коргоҳ маротибаи зиёд барандаи озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ–Саноатикунонии босураъти кишвар, дар раванди эълон гардидани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат», таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва дар ин ҷода зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот моҳи марти соли 2023 истеҳсоли рӯйпӯшҳои рӯифаршии тафтингии нақшзадашуда роҳандозӣ гардид.

Соли 2024 ҳаҷми содироти маҳсулоти қолинӣ зиёда аз 900 ҳазор м2 ва дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ бошад, 265 ҳазор м2-ро ташкил намуд. Имрӯзҳо корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» бо соҳибихтиёрӣ ба иқтидори баланди истеҳсолию кадрӣ ба самти ҳадафҳои асосии худ, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вусъат бахшидани ҳаҷми истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти баландсифату рақобатпазир, хизматрасонии сатҳи баланд ва ба тариқи пурра қонеъ кардани талаботи мизоҷон равона шудаст, фаъолияти худро амалӣ менамояд.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

шаҳри Гулистон

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон