Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест…
Аз ҳар бобҲикоят соли 2001 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-юми ба номи Хушқадам Холиқовро дар деҳаи Бунайи Ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ бо баҳои хубу аъло ба итмом расондааст. Падараш Сафаралӣ Муҳаммадшарифов баъди хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино солҳои мадид дар муассисаҳои табобатии ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз фаъолият намудааст, аз табибони номдорест. То ба нафақа баромадан мудири маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳияи Ванҷ буд. Модараш Гулбика Яҳёева ба обу замин дилбастагии қавӣ дошт.
Вақте ки дар шаҳраки Рохарв филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ ба кор сар кард, падар ба ӯ гуфт: «Метавонӣ ба он дохил шавӣ».
Ҳикоят изҳор намуд:
– Табиб ва ё мутахассиси соҳаи кишоварзӣ шудан барои ҳар як ҷавон мақсад ва мароми арзишманд мебошад. Ман омӯзгор шудан мехоҳам, ба мисли омӯзгорони азизи таълимгоҳамон Латифамо Аҳёева, Ниёзбегим Давлатбекова, Гулбаҳор Бахтиёрова, Кимхо Назарова, Адолат Шомуродова, Давлатбегим Қосимова. Ин устодони сахтгир ва ҳалиму меҳрубон ба мо, писарону духтаракон, дарс медоданд, машғулиятҳояшонро дар давоми солҳои таҳсил бесаброна интизорӣ мекашидем. Ба хотири неки муаллимони азизам, пуртоқаттарин инсонҳо, ки ба ҳамаи душвориҳо тоб оварданд ва моро таълиму тарбият доданд, тасмим гирифтам, ки омӯзгор мешавам ва пешаи онҳоро идома медиҳам.
Падару модари Ҳикоят барои рад кардани ин гуфтаҳо ва далелҳои устувори фарзандашон сабаб ва ҷавобе наёфтанд ва раъйашро писандиданд. Дуои хайр доданд, ки ҷигарбандашон пешаи омӯзгориро ихтиёр намояд. Ба бахти Ҳикоят ҳамон сол филиали Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Ванҷ кушода шуд ва ӯ донишҷӯйи ин муассисаи таълимӣ гардида, онро бомуваффақият хатм намуда, ба пешаи омӯзгорӣ шурӯъ кард. Духтари ташнаи илму дониш ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев низ дохил шуда, ин даргоҳи маърифатро соли 2010 хатм намуд.
Шароит ва имконияте дошт, ки дар калонтарин таълимгоҳҳои бонуфуз ва шуъбаи маорифи ноҳия кор кунад, вале Ҳикоят тайи ин солҳо нахуст муаллим ва сипас директори Муассисаи таҳсилоти ибтидоии рақами 35-уми деҳаи Потов таъин мешавад. Дар чунин фикр ва ақидаи худ устувор аст, ки, пеш аз ҳама, ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ бештар диққат бояд дод, зеро дар урфият гуфтаанд: «Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, то ба охир мерасад девор каҷ».
Дар тӯли қариб даҳ соли сарвари мактаб буданаш, Ҳикоят Муҳаммадшарифова ба мисли устодонаш тамоми ҳастии худро баҳри рушди соҳаи маориф дар ин деҳаи соҳили Ванҷоб бахшидааст. Бинои таълимгоҳро таъмиру тармим намуданд, компютеру принтер ва дигар таҷҳизоти техникӣ ва иттилоотиро дастрас карданд, алоқаи мактаб ва волидайнро қавӣ гардонд.
Шавҳараш Орзу Шарифов дар маркази таъмини бехатарии маводҳои озуқаворӣ ҳамчун сармутахассис кор мекунад. Духтари калониаш Умеда мутахассиси соҳаи иқтисодиёт, писараш Наврӯзшо донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд. Фарзандони хурдиаш Абубакру Абдураҳмон аз хонандагони аълохони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Ҷовидон ба шумор мераванд. Имсол низ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок доранд. Ба гуфти муовини раиси ноҳияи Ванҷ Сафарбегим Сафармуҳаммадзода, хонаводаи Ҳикоят Муҳаммадшарифова ва Орзу Шарифов дар ноҳияи Ванҷ аз оилаҳои беҳтарин ва намунавӣ ба шумор меравад.
Омӯзгори тахассуси олидошта Ҳикоят Муҳаммадшарифова бо ифтихор гуфт, ки диёри пур аз ганҷи Ванҷ бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, махсусан самти маориф, ба пешравиҳои намоён ноил шудааст. Қариб ҳамаи биноҳои мактабҳо дар деҳоти водиҳои Ванҷи Боло, Язгулом ва Вотхуд азнавсозӣ гардидаанд. Иморатҳои бисёрошёнаи таълимӣ сохта шудаанд, маркази такмили тарбияи кӯдакон ва наврасон ба кор сар кард. Ба ҷойи бинои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи таълимгоҳи рақами 3-юми деҳаи Бунай, ки онро Ҳикоят Муҳаммадшарифова дар аввалин солҳои замони Истиқлол ва ваҳдати миллӣ хатм кардааст, бинои нави баландошёна бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони таълимӣ ва иттилоотӣ ба рӯйи хонандагон дарҳояшро кушода дорад. Биноҳои баландошёнаи мактабҳо дар маркази ноҳия ва деҳаи Мудехарви водии Ванҷи Боло сохта шуданд.
Сокинони Ванҷ барои чунин дастгириҳо ва пешрафти беқиёс дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос ва миннатдории бепоён изҳор менамоянд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
рӯзноманигори собиқадор
Мубодила:
Шарҳҳо
