БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуи кордида

Аз ҳар боб

Аз рӯи гуфтаҳои холаи Замира, сокини ноҳияи дурдасти Лахш, зиндагии хоксоронае дошту рӯзҳоро сангину тоқатфарсо сипарӣ мекард. Бо парвариши картошка қути лоямуте ба даст меоварданд. Пас аз чанде писараш ҷарроҳии сутунмуҳраро аз сар гузаронд. Пеш бурдани бори зиндагӣ бар дӯши Замирахола вогузор гардид. Ӯ роҳҳои зиёдеро баҳри беҳтар намудани зиндагӣ меҷуст. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат кард, то барои пиёда намудани тиҷорати хурде ба ӯ ёрӣ расонанд. Бо пешниҳоди раиси ноҳия ва бахши кор бо занон ва оила лоиҳаи ӯ дастгирӣ ёфт ва соҳиби Гранти президентӣ шуд.

 Хушбахтона, 40 ҳазор сомонӣ Гранти президентӣ дарёфт кардам ва 20 сар гӯсфанд харидам. Барои аъзои оила кори муайяне пайдо шуд ва ҳамагӣ вақти зиёди худро ба нигоҳубини онҳо бахшидем. Яке ғизо медоду дигаре оғил тоза мекард ва ғайра. Зиндагиамон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ овард, - аз он овон ёдовар шуд ҳамсуҳбатам.

Пас аз як соли гӯсфандпарварӣ ҳар кадоме аз онҳо насл ба дунё оварда, 20 сари дигар зам шуд. Баррачаҳои каме бузургшударо фурӯхта, аз маблағи ба дастомада 10 сар меш харид. Бо қисме аз маблағи бадастомада ғизои чорво захира кард. Роҳу равиши корро хуб омӯхту аз ҳисоби суди бадастомада барои чорво хӯроки серғизо ва дорувориҳо мехарид ва низ рӯзгорро пеш мебурд. Ба ҳамин роҳ, баракати зиндагиро аз чорвопарварӣ дарёфт.

Ҳарчанд интихоби пеша тасодуфан сурат гирифта бошад ҳам, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ӯро бештар ба кор ҳавасманд намуд. Арӯсони хонавода ва фарзандонро низ ба ин шуғл ҷалб кард. Ба ду духтари навхонааш яксарӣ гӯсфанд ҳадия дод, то онҳо низ аз ин ҳисоб дар беҳбуд бахшидани зиндагии хеш саъй намоянд. Яке аз духтарони ӯ низ барои рушди соҳаи чорвопарварӣ дар ноҳия мехоҳад Гранти президентӣ ба даст ораду мисли модар чорводори номӣ шавад.

 Агарчи чорвопарварӣ кори бағоят заҳматталаб аст, дар сурати дуруст ба роҳ мондани фаъолият метавон аз он суди хубе ба даст овард. Танҳо сабри зиёд ва ба мушкилиҳои он тобовар мебояд буд. Бахусус, дар фасли зимистон баррачаҳои навзодро мисли тифли тарак нигоҳубини хуб мебояд. Вақти зоидани гӯсфандон ҳатто шабро даруни оғил рӯз мекардам. Дар он ҷо бухорӣ гузошта, оташ мегирондам, то ҳайвоноти хонагиро гарм нигоҳ дорем, зеро гармии бино набояд аз 38 дараҷа кам бошад, - иброз медорад Замирахола.

Ба гуфтаи бонуи кордида парвариши дигар навъи чорворо ҳам метавон ба роҳ монд. Вале бо сабаби сард будани боду ҳавои ноҳия, танҳо гӯсфандон ба он метавонанд тобовар бошанд, ба шарте ки шароити хуб фароҳам оварда шавад. Тули рӯз ба ҳар як гӯсфанд ғизои муайян додану дар вақти зарурӣ духтурро даъват кардан зарур аст. Барои як сар гӯсфанд дар як рӯз 300 грамм ҷуворимакка ва давоми сол наздики 6 тонна алаф рост меояд. Дар сурати кам додани ғизо гӯсфанд метавонад лоғар шуда, талаф гардад.

Давоми ду сол теъдоди гӯсфандонро ба 80 сар расонд, ки 35-тоашон барраанд. Ба мисли таҷрибаи соли қаблӣ мехоҳад барраҳоро каме бузург карда, фурӯшад ва аз ин ҳисоб барои гӯсфандон хӯрока дастрас намояд.

 Хӯрокворӣ бештар дар фасли зимистон зарур аст. Вақте ҳаво гарм шуд, гӯсфандонро ба мавзеъҳои хушбоду ҳаво ва сералаф, ки ба он ҷо баҳору тобистон чорводорон молҳоро чаронданӣ мебаранд, роҳнамоӣ мекунем. Шуруъ аз 10-уми майи ҳар сол то 10-уми октябр ин кор идома меёбад. Табиати Лахш ин имконро фароҳам овардааст, ки барои мо, чорводорон, сабукӣ меорад, - бо хушнудӣ меафзояд ӯ.

Холаи Замира, ки худ дар оилаи чорводор ба воя расидааст, аз падар тарзи хуби нигоҳубини чорворо дар айлоқ медонист. Пеш аз шуғли гӯсфандпарварӣ муддате Замирахола худ чорвои мардуми маҳалро ба чарогоҳи кӯҳӣ бурда, 5 моҳ он ҷо ба нигоҳубин машғул мешуд, ки дар он миён 25 сар гови ширдеҳ қарор дошт. Аз шири гов маскаву рӯғани зард ва ҷурғоту чаккаву қурут таҳия мекард. Миқдоре аз онро ба соҳибони чорво дода, боқимондаро мефурӯхт ва аз ин ҳисоб зиндагии хонаводагиашро пеш мебурд. Шавҳараш, ки ба беморӣ дучор омад, идома додани ин пеша барояш душвор гашт.

Мегӯяд, ки баъди рӯ овардан ба гӯсфандпарварӣ роҳати зиндагиро дарёфт. Аз ин ҳисоб барои ҳамсари бемораш мошини сабукрав харид, зеро роҳгардӣ ба вай бо душворӣ даст медод. Дар ин росто, ба корҳои Замирахола кумакрасон шуд, аммо чанде пас қисмат реҳлатро ба ӯ рақам зад…

Замирахола тасмим дорад, ки давоми ду соли оянда теъдоди гӯсфандонро ба 200 сар расонад. Дар баробари ин, сехи хурди коркарди пашми гӯсфандро ҳам ба роҳ монданист, зеро баъди тарошидани пашми гӯсфандон барои коркарди онҳо коргоҳе мебояд.

 Ба моҳипарвариву занбӯриасалпарварӣ ҳам шавқи зиёд дорам. Боду ҳавои ноҳия барои ин корҳо мутобиқ аст. Барои таҷриба, се сол қабл дар ҳавлиам ҳавзи хурде сохта, 20 моҳии хурдро сар додам. Пас аз чанде моҳиҳо бузург шуданд. Аз ин бармеояд, ки ин имкониятро табиати диёрамон фароҳам овардааст ва онро мебояд дуруст истифода бурд, - гуфт бонуи кордон.

Бо даст додани шароит орзу дорад, ки ҳавзи моҳипарварии бузургеро дар назди ҳавлиаш бунёд созад. Боз меҳмонхонае эъмор карда барои сайёҳон шароити замонавӣ муҳайё созад.

Замирахола бонуест заҳматқарин ва ҷасуру боирода. Ба ҳар коре, ки ҳиммат бандад, самари нек ба даст меорад. Чорводорӣ, алалхусус парвариши гӯсфандро ба бонувони хонашини маҳал тавсия медиҳад, то бо ин роҳ вазъи зиндагии хешро беҳтар намоянд.

Воқеан, дар ноҳияи баландкӯҳи Лахш барои кишоварзию чорводорӣ ва боғдорӣ шароити хуб муҳайёст. Шуғли асосии сокинони ин мавзеи хушбоду ҳаво асосан самтҳои номбаршударо дар бар мегирад, ки табиат ба ин иқдом заминаи мусоиде баҳрашон фароҳам овардааст.

 

Бунафша РАҲМОНОВА,

ноҳияи Лахш

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон