БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шингиле аз корзори Саддара

Аз ҳар боб

Рушди ноҳияи Лахш, ки таъминкунандаи асосии бозорҳои мамлакат бо картошкаи хушсифат маҳсуб меёбад, аз файзу баракати марзу пуштаҳои ҳосилхезу неруи хастанопазири заҳматкашонаш, ба вижа, занону духтарон бастагӣ дорад. Бонувон дар дурдасттарин водиҳои паҳновари ин ноҳияи кӯҳистонӣ илова ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ, дар пешбурди бахшҳои гуногуни хоҷагидорӣ низ аксариятро ташкил медиҳанд.

Гулбаҳор Шарофиддинова аз коргарзанони рустои нозанини Саддара, деҳи Сариосиёби деҳоти Наврӯз мебошад, ки дар пешбурди рӯзгори на танҳо хонаводаи худ, ҳатто даҳҳо оилаҳои ҷавон ва роҳкушоии ҳамдеҳагонаш бо шуғлҳои нақдмузд нақши роҳбарӣ дорад.

Бо ҳама ишқу завқу маҳорати фитрӣ ба пешаи омӯзгорӣ, аз ҷавонӣ побанди расму арзишҳои хонаводагӣ будаву бо дуои зодмандон ба шавҳар баромад.

 Хонадорӣ, яъне, ба даст гирифтани масъулиятҳои оиладорӣ ва сариштаи рӯзгору дудмоне, ки боист насли ояндаи онро зодаву ба воя бирасонем, аз мо, бонувон, сабру таҳаммулпазирӣ, ҷаҳду талош барои худсозиҳоро тақозо менамояд. Ин аст, ки падару модарон моро дар руҳияи арҷгузорӣ ба муқаддасоти оиладорӣ парвардаанд, то ҳама ҳастии худро барои ободиву пойдории он бахшида бошем, - изҳор дошт бону Гулбаҳор дар оғози суҳбат. – Тақозои зиндагӣ ҳамсарам соле чанд моҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, пешбурди хоҷагии деҳқониамонро ману духтаронам ва аҳли оилаи ҳеварам ба уҳда дорем. Аз 40 садяк заминҳои корами хоҷагии деҳқонии «Сардоршоҳ» дар 10 садяки он картошка, дар боқӣ парвариши бедаву лӯбиёӣ, помидору бодиринг ва дигар сабзавоти барвақтиро ба роҳ мемонем. Имсол кишти картошкаро барвақт оғоз намуда, умед дорам, ки то 5 тонна ҳосил ба даст меорем.

Ҳарчанд аз марзҳои лалмӣ соле ҳамагӣ як ҳосил мебардоранд, барои сокинон, бахусус, занону духтарон метавон дар ҳама фаслҳои сол шуғлҳои даромадовар пайдо кард. Баъди анҷоми кишти картошка дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои хоҷагиҳои деҳқониашон, коргарзанони Саддара фармоишҳои дигар хоҷагидоронро нақдмузд иҷро мекунанд. Роҳбарии яке аз гурӯҳҳои бонувони иҷоракорро Гулбаҳор ба уҳда дорад.

Раванди иҷоракорӣ дар деҳоти дурдаст ҳам шакл гирифта истодааст ва хоҷагидорон, ҳатто дилхоҳ хонаводае, ки қувваи корӣ надоранд, дар мавсимҳои кишту ҷамъоварии картошка ва дигар шуғлҳои деҳқониву боғдорӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Сар аз мавсими кишт то коркарди қитъаҳои корам, дарави зироатҳову ҷамъоварии ҳосили боғу заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва бастабандии меваҷоти боғистону дигар фармоишҳо, умуман, тамоми фаслҳои сол занону духтарон ба иҷоракорӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд.

Дар ҷараёни кишти картошка рӯзи кории иҷоракорон 50 - 70 сомонӣ ва дар баъзе корҳои хоҷагидорӣ аз ин ҳам ҳақмузди бештар муқаррар гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки баъзан фаслҳо мардикорзанон моҳона 4–5 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оранд.

 Самараи ташаббусу тадбирҳои оммафаҳмонӣ аз ҷониби масъулони дастгоҳи идеологияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аст, ки дар баробари шароиту имкониятҳои хуби корсозиву шуғлҳои судманд, коргарзанон қариб аз ҳама рӯйдоду навовариҳои ноҳия ва кишвар огоҳӣ доранд. Аз ҳар суҳбату вохӯриҳои хона ба хона ва мулоқотҳои дар сари заминҳои кишту бошишгоҳҳои саҳроӣ доирнамудаи гурӯҳҳои корӣ, хоҷагидорону коргарзанон маслиҳатҳои судманд ва ҳам ғизои маънавӣ мегиранд.

«Барои ноил гардидан ба дастовардҳои бузург, ҳатто гирифтани ҳосили рекордии картошка, пеш аз ҳама, оид ба хусусиятҳои гуногуни ин маҳсулоти аввалия, мутобиқат ба иқлиму асрори серҳосилӣ ва, ҳамчунин, талаботи воқеии ҷомеа ба ин маҳсулот маълумоти кофӣ бояд дошт. Агар меъёри солонаи истеъмоли картошка барои як нафар 92 килограмм муқаррар гардида бошад, пас, талаботи яксолаи ноҳияи Лахш, ки нуфуси аҳолиаш ба 55 ҳазору 500 нафар мерасад, соле захира намудани то 5 ҳазор тонна картошка кифоя аст».

Дарвоқеъ, бонувони саводноке монанди Гулбаҳор, ки фориғ аз фаъолиятҳои касбиву масъулиятҳои хонаводагӣ кору ҳунармандиҳои гуногунро пеш мебаранд, дар таъмини рӯзгори оила ва таълиму тарбияи фарзандон саҳме баробари мардон доранд. Гулбаҳор солиёни зиёд ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият намуда, баъдан то таваллуди фарзанди хурдиаш дар МТМУ № 9 аз фанни забон ва адабиёт дарс мегуфт. Ҳоло дар рухсатии парастории тифл қарор дорад ва аз соли оянда дубора ба фаъолияти омӯзгорӣ мепардозад.

 Ҳанӯз то ба синфи якум рафтанам, мадюни касби омӯзгорӣ будам, чаро ки модарам бо насиҳату ваъдаҳои меҳрангез муҳаббати маро ба мактабу шахси муаллим бедор кард. Андар он хаёлоти кӯдакӣ, дар симои омӯзгор чеҳраҳои нурониро тасаввур мекардам ва он дидгоҳи саршори эҳсосоти ногуфтанӣ то кунун пеши назарам таҷаллӣ мегардад, - бо табассум иброз медорад Гулбаҳор.

Бо як ҷаҳон умеду интизориҳо таҳсилоти миёнаи умумиро бо донишу ахлоқи намунавӣ ба итмом расонда, таҳсилро дар Коллеҷи омӯзгории ноҳия идома бахшид. Баъди издивоҷ дар пайроҳаи орзуву ормонҳои навин мекӯшид то ӯро ҳамчун тарбиятгари насли ояндаи ҷомеа бишносанд…

Тавре коргарони хоҷагии деҳқонии «Сардоршоҳ» иқрор меоянд, бо маслиҳату роҳнамоиҳои омӯзгори кордон замину боғистонҳои серҳосил ба манбаи асосии таъмини рӯзгори 11 нафар аъзои ду оилаи онҳо табдил ёфтааст. Саҳмдорони ин хоҷагӣ саъй доранд кишти картошка ва дигар корҳои мавсимиро ба зудӣ анҷом дода, пайи шуғлҳои нақдмузд шаванд, ки зиёд хоҷагиҳои картошкапарвар ба неруи иҷоракорон ниёз доранд.

Ба гуфтаи Гулбаҳор Шарофиддинова, соли равон деҳқонону хоҷагидорони ноҳияи Лахш кишти картошкаро 10 рӯз барвақт оғоз карданд. Дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқониву ҷамъиятии ноҳия 3200 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 100 гектар зиёд аст. Илова бар ин, сокинони ноҳия ҳамасола дар 2200 - 2400 гектар қитъаҳои наздиҳавлигии хеш кишти ин маҳсулоти аввалияи рӯзгорро ба роҳ мемонанд.

 

Тибқи таҳлилҳои масъулони шуъбаи кишоварзии ноҳияи Лахш ҳамасола дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 100 ҳазор тонна картошка истеҳсол мегардад. Талаботи солонаи аҳолӣ 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин аст, ки деҳқонону хоҷагидорон ҳосили барзиёди картошкаи хушсифатро ба бозорҳои кишвар ва фаротар аз он ба фурӯш бароварда, аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст меоранд. Дар радифи содироти ҳосили фаровони картошка сокинони ноҳияи Лахш бо парвариши себи хубониву дигар навъҳои меваҳои нодир, ки масоҳати умумии онҳо 1700 гектарро ташкил медиҳад, дар саросари мамлакат ва кишварҳои ҳамҷавор маълуму машҳур гардидаанд.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

ноҳияи Лахш

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон