Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Рушди саноат дар Истаравшан
Аз ҳар бобДар шаҳри Истаравшан ба хотири татбиқи ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноатикунонии мамлакат, ҷиҳати рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣаз ҳисоби баистифодадиҳии иқтидорҳои нави истеҳсолӣва коркарди ашёи хоми ватанӣтадбирҳои судманд андешида шудаанд.
Саноатчиён ин иқдомро саривақтӣдониста, дар пешрафту нумӯи соҳаи саноат ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣдар маҳал талош меварзанд.
Алҳол, тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳри Истаравшан беш аз 100 корхонаи хурду калони истеҳсолӣфаъолият дорад, аз ин ҳисоб дар нимсолаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣба маблағи 722 миллиону 135,1 ҳазор сомонӣрасидааст. Яке аз ҳадафҳои рушд додани саноат ин паст кардани сатҳи камбизоатӣва бо ҷойи кори доимӣҷалб кардани сокинони маҳаллӣмебошад, ки феълан, таъсисдиҳандагони корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 2000 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудаанд.
Ҳамчунин, аз ҷониби саноатчиён 75 номгӯйи маҳсулоти саноатӣистеҳсол карда мешаванд, ки 35 номгӯйи он молҳои воридотивазкунандаанд. Маҳсулоти нассоҷӣ, мебел, дӯзандагӣ, сӯзандору, равғани рустанӣ, моеи зарфшӯӣ, ҷузвдон, масолеҳи сохтмонӣ, обҳои ташнагишикан, коркарди қуму шағал ва кӯҳкорӣ, истеҳсоли пойафзол, бозичаҳои бачагона, маҳсулоти нонӣ, ширӣ, табъу нашр, пластмассӣ, халта ва риштаҳои полиэтиленӣ, бомпӯши пластмасса, қуттиҳои оҳанин, моеи хунуккунанда (антифриз), либосҳои мактабӣва ғайра аз зумраи молу маҳсулоти воридотивазкунандаи корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Истаравшан мебошанд.
Бо тақозои касб, ки сафари хизматӣба шаҳри Истаравшан доштем, аз корхонаҳои истеҳсолии «Адл», «Сино-Медикал» ва «Шарафи рӯз» дидан намудем. Дар ду корхонаи аввалӣбо рафти истеҳсолот шинос гардида, бо фаъолияти коргарбонувон ошно шудем. Кормандон аз шароити фароҳамовардаи муассисони коргоҳҳо қаноатманд буданд. Ҳангоми шиносоӣбо рафти кори корхонаҳо бароямон рӯшан гашт, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона, намудҳои гуногуни дучарха ва, ҳамчунин, истеҳсоли ҷевон ва рахти хоб барои кӯдакон роҳандозӣшудааст.
Корхонаи «Сино-Медикал» соли гузашта аз ҷониби соҳибкори ватанӣИкром Набиев сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз қабили сӯзандору ва система барои доруи қатрагӣроҳандозӣгардидааст. Истеҳсолоти корхона тариқи хатҳои технологияи муосир сурат гирифта, он аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣворид шудааст. Иқтидори истеҳсолии солонаи коргоҳ то 60 миллион сӯзандору ва як миллион система барои доруи қатрагӣмебошад.
Бо роҳбари ҶДММ «Шарафи рӯз» Шарафҷон Азимов дар саҳни ҳавлии корхона вохӯрдем. Ӯро дар оғози суҳбат чун роҳбари ҷавон бо андешаҳои ҷолиб дарёфтем. Сухан аз пешбурду рушди соҳаи иқтисод ва саноат мегӯяд. Шарафҷон таҳсилдидаи факултети тиҷорат ва технологияи яке аз Донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Малайзия (Limkokwing University of creative technology) аст. Ӯ бо роҳнамоии падар фаъолиятро пас аз хатми Донишгоҳ аз корхонаи мазкур оғоз намуд.
- Соҳибкорӣпешаи падарӣаст. Аз 14-солагӣва баъдан давраҳои таътил, фориғ аз таҳсил, қиблагоҳ маро ба корҳои тиҷорат ҷалб менамуд. Ба фаъолият шуруъ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ, ки аз тавли ди ҳар молу маҳсулоташ огаҳ будам, шавқи пешаро дар дилам бедор кард. Воқеан, вақте истеҳсоли маҳсулоте, ки аз ашёи хоми дар назари аввал ночизро медидам, завқи навовариам бештар меафзуд. Мекӯшам, то ҳар рӯзам муждагонӣаз дастоварде дар самти истеҳсолот бошад. Соли 2019 пешбурди фаъолияти минбаъдаи коргоҳ ба дӯшам афтид, вале ҳар амали ман ҳамеша таҳти назорати падар қарор дошт, - афзуд Шарафҷон.
Соҳибкори муваффақ Ислом Азимов ба ин васила ба фарзанди худ, Шарафҷон, пеша омӯзонд, ки имрӯз ӯ низ чун пайрав ва идомадиҳандаи кори падар дар пешрафти иқтисоди кишвар саҳм дорад.
- Роҳбарии маро як сол шуд. То ин муддат таҷриба андӯхтам, дар баробари омӯзиши забонҳои русӣва англисӣ, забони чиниро аз бар намудам. То андозае дар истеҳсолот низ кор кардам, зеро барои роҳбар, дар баробари идора карда тавонистани корхона, инчунин, омӯхтан ва кор гирифтан бо таҷҳизоти корӣмуҳим мебошад, вагарна эҳтимолияти муфлис шудани корхона ба миён меояд, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Коргоҳи «Шарафи рӯз» дар масоҳати беш аз як гектар бино ёфта, асосан маҳсулоти сохтмонӣ, аз зумраи кафкҳои обӣ, рангҳои обӣва равған барои ороиши девору хонаҳо, маҳсулоти хушбӯйкунанда, бомҳо, лӯлаҳо ва дигар зарфҳои пластикиро бо бренди «TAJ FIX» истеҳсол менамояд.
Роҳбарият таҷҳизоти замонавиро дар асоси шартномаҳое, ки бо ширкатҳои хориҷӣ дорад, ба коргоҳ ворид намудаанд. Дар интиқоли ашёи хом, ба мисоли хушккунандаҳо барои тағйир додани рангҳо ва дигар маводи даркорӣдар ҳамкорӣбо соҳибкорони кишварҳои Туркия, Чин, Эрон ва Россия дастрас мегардад.
- Ростӣ, ҳамеша фикри навоварӣ дар соҳаи иқтисод ва саноати кишвар дар сарам чарх мезанад. Чун як ҷавони ҳанӯз ташнаи таҷриба меандешам, ки дар баробари дуруст роҳандозӣнамудани содироти молҳои воридотивазкунанда, агар ҳаҷми содироти меваҳои хушмаззаи диёр, «энергияи сабз» ва, ҳамчунин, бо рушд додани технологияи иттилоотӣкишвари мо ба пуррагӣаз вартаи мушкили иқтисодӣмебарояд, - иброз намуд Шарафҷон Азимов.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,
Душанбе-Истаравшан-Душанбе
Мубодила:
Шарҳҳо
