БОЙГОНӢ

«    Июл 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ёди ҳамяроқон

Аз ҳар боб

Ин лаҳзаҳо пеши чашмони камнураш миёни он торикиҳои ғуборолуда хотираҳои соли ҷангӣ чун оина рӯшану мусаффо ҷилвагар шуданд. Ба ёд овардани хандақҳои пурнам, ки фасли зимистон пур аз барфу борон шуда, амалиёти ҷангиро мушкилтар месохт, барояш риққатовар буд.

  Ҳамяроқон ҳам аз захми тир ва ҳам аз сармои фасли дай дар пеши чашмонам ҷон мебохтанд. Ин лаҳзаҳоро то имрӯз дар хоб мебинам, ки чӣ гуна ҷанговарон бо марг даст ба гиребон мешуданд, то соате ҳам бошад, аз зиндагӣ нафасеро баҳра баранд. Рӯи дастонам ҷонбозии баъзеашонро то имрӯз ёд меорам, - мегӯяд бобои Рашид Каримов, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945.

Омӯзгорӣ, ки пешаи дӯстдоштаи Рашид Каримов буд, пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро дар курси муаллимтайёркунии шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) идома дода, касб аз худ намуд. Вақте ӯро ба ҷанг даъват карданд, ҳамагӣ 23 сол дошт ва дар мактаби деҳа ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Оиладор буду соҳиби 1 духтарчаи дӯстрӯяк.

 Барои волидонам яккаписар будам. Падар роҳбари колхози «Роҳи Ленин» буд. Бо дастрасии даъватномаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор қиблагоҳ дуоям дод, то қарзи ҷавонмардиро, ки ҳимояи марзу буми Ватан аст, бо сари баланд адо намоям. Он замон писари шахси дорою нодор ҳама як буд. Ҳама барои пеши роҳи адуро гирифтан ва ҳимояи хоки Ватан ба истилоҳ ба по рост буданд.

Тирамоҳи соли 1942 ману ҳамроҳонам савори қатора ба шаҳри Самарқанд роҳ гирифтем. Муддате он ҷо наваскарон ба машқи ҳарбӣ ҷалб гардида, сипас ба шаҳри Сталинград раҳсипор шудем. Шомили полки 70-уми армияи 80-ум таҳти роҳбарии генерал Василий Лужков қомат афроштем. Акнун вақти он расида буд, ки бо тамоми далерию ҷасорат вориди майдони ҷанг шавем. Номуси ватандорӣ дар хуни ҳар як ҷанговар ҷӯш мезад, - иброз медорад ҷанговари матин.

Бобои Рашид ишора ба пушти гӯш карда, мегӯяд, ки вақте дар муҳорибаи Ростови лаби Дон бо ҷанговарони немис меҷангид, аз пушти гӯш тир хӯрд. Се моҳ дар госпитали ҳарбии шаҳри Горкий пас аз ҷарроҳӣ намудан бистарӣ шуд.

Тариқи ҷарроҳӣ намудан пизишкон тири пушти гӯшбударо гирифтанд. Ёрии саривақтии духтурон боис шуд, ки ман зинда мондам. Вале ҳамяроқам Муҳаммад, ки аз рӯзҳои аввали ворид шудан ба арсаи набард ҳамроҳ будем, аз даҳон тир хӯрда, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд. Ин манзараи мудҳиш то ҳанӯз пеши чашмам ҷилвагар аст. Чеҳраҳои ҳамяроқони шаҳидгаштаам ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотиротам зудуда намешаванд, - бо оби чашм ёд аз дӯстон овард ҷанговар.

Душманон пулҳоро тарконда буданд. Бобои Рашид ва ҳамяроқони тирхӯрдаю ҷароҳатбардоштаашро тавассути қаиқу заврақҳо аз дарё гузаронда, ба госпитали ҳарбӣ оварданд. Пас аз се моҳи табобат дар дармонгоҳ ба ҷанг баргашт.

 Ин дафъа дар полки артиллерӣ хизматро идома додам. Бо фармони командири полк Иван Куканов ҷанговарони далеру боматонати баталиони мо ба пеш ҳаракат намуда, душманро торумор намуда, пайи ҳам шаҳрҳоро озод мекарданд. Баталиони мо дар озод кардани шаҳрҳои Киеви Украина, Воронеж, Киров ва шаҳру деҳоти қисмати аврупоии СССР ширкат доштанд. Дар ин муҳорибаҳо низ бори дуюм тир хӯрдам. Ин дафъа дасти ростам захмдор шуд. Маро ба госпитали ҳарбии шаҳри Житомир оварданд. Баъди табобати на чандон тулонӣ боз ба ҷанг баргашта, хизматамро дар полки 204-уми артиллерӣ давом додам, - афзуд ҳамсуҳбатам.

Рашид Каримов, ҳамчунин, дар озод намудани Полша ва сипас бо ҳамяроқонаш ба шаҳри Берлин даромада, ба Чехословакия равон шуданд. 9 майи сли 1945 ба Прага расиданд…

Ӯ рӯзҳои ёдмони Ғалаба ба Германияи фашистиро ба ёд оварда, мегӯяд, ки вақте болои мошинҳои ҷангӣ ҷанговарон аз роҳи калон мегузаштанд, аз ду тараф мардум ба пешвоз баромада буданд. Хурду калон ва зану мард бо чеҳраҳои хандон пеши пойи ҷанговарон гулпошию дастафшонӣ менамуданд.

 Баъди тантанаҳои Ғалаба моро дар Чехословакия муддати чор моҳ ба хотири таъмини амнияти баъдиҷангӣ нигоҳ доштанд. Пас, ба Белоруссия омадем ва 19 ноябри соли 1945 бо қатораҳо ба Ватан баргаштем, - иброз дошт бобои Рашид.

Падар гӯё роҳи писар мепоид, ки пас аз омадани писари қаҳрамонаш аз дунё реҳлат намуд. Баъди чанде роҳбарони вақти ноҳия Рашид Каримовро дар хоҷагии «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Ҳисор роҳбари хоҷагӣ таъин карданд.

То бознишаста шудан муддати 27 сол роҳбарии ин хоҷагиро ба уҳда дошт. Вакили Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон низ буд. Хушнуд аз он аст, ки заҳматҳояш аз ҷониби аҳли ҷомеа қадрдонӣ мешаванд ва ҳар иду айём ба дидорбиниаш меоянду аз қаҳрамониҳояш сухан мегӯянд.

Бобои 112-сола соҳиби 8 фарзанд ва зиёда аз 100 набераю абера аст. Ин хонаводаи муборак дар қаламрави водии Ҳисор намунае барои зиндагии шоиста ва ҷавонмардӣ мебошад. Ҳар рӯз ба хотири дуои неки фарзанди диловари Ватан, пири ботадбир Рашид Каримов, ҷавонони деҳа пеш аз сафар ба кишварҳои дуру наздик наздаш меоянд. Ӯ бо хайрхоҳӣ дуо медиҳад, ки насли ҷавон ҳамеша дар фазои осудаву ором умр ба сар баранд ва ҳеҷ гоҳ доғи ҷангро набинанд…

Қутбия Неъматулло

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2024_small.pdf [4.79 Mb] (зеркашиҳо: 42)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон