Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Чароғи равшан ва ҷавшани тан
Аз ҳар бобМегӯянд, ки бидуни панди зиндагӣ қанди зиндагӣ ҳосил намегардад ва то шебу фарози умрро шахс тай накунад, маънии зиндагӣ дарнамеёбад. Аммо метавон аз ҳаёти инсонҳои накуном намунаҳои зиёд оварда, аз дили дарёи онҳо гавҳар ва аз зиндагии некашон таҷриба андӯхт. Миёни мардум зиёданд нафароне, ки рӯзгорашон муҷиби пайравиву шоистаи тавсиф аст.
Яке аз чунин нафарон бону Назрбӣ Ҳаётова, сокини деҳаи Сайёраи ноҳияи Фархор аст, ки баъди хатми омӯзишгоҳи тиббӣ тули 40 сол ҳамшираи шафқат будаву даҳ соли аввал нахуст дар маркази саломатӣ ва боқии фаъолиятро дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-юми деҳа сипарӣ намудааст. Бар замми ин, шаш фарзанд – ду писару чаҳор духтарро тарбияи хуб дода, онҳоро соҳиби шаш дипломи олӣ гардондааст. Дар ин кор ӯро ҳамсари мушфиқаш Ислом Сафарзода, Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон, ки дар давраи бознишастагӣ ҳамоно ба толибилмон дарс мегӯяд, болу пар буду дар тарбияи фарзандон саҳми боризу назаррас дошт.
Ҳар ду дар мактаб кор мекард, яке омӯзгори фанни химияву дигаре ҳамшираи тиб. Тарбияи фарзандонро тавре ба роҳ монданд, ки фурсатеро бидуни шуғл намегузаронданд: писари бузург аз дарс меомаду додар аз кори саҳрову чӯпонӣ. Онҳо ивази ҷой мекарданд, аввалӣ бо бағали пури китоб сӯйи саҳро мерафту дувумӣ ба мактаб. Дар баробари нигоҳубини чорвои хонагӣ фарзанди бузурги хонадон зуд-зуд сар болои китоб мекарду ба дунёи илму дониш ғӯта мезад. Духтарон низ гоҳо бародаронро иваз мекарданд. Баъди бозгашт аз саҳрову мактаб фарзандон гирди миз нишаста, дарс тайёр мекарданд. Агарчи телевизори хурде доштанд, навбати тамошо ба он намерасид. Ҷиддият ва сахтгирии падару модар буд, ки ҳамагӣ китобхониро дӯст доштанд. Сарвари хонадон барои фарзандон ҳуҷраи алоҳидаеро барои дарсу китобхонӣ фароҳам овард. Оворагардӣ ва бекорӣ барои фарзандони ин хонавор бегона буд, ки баъди шом касе аз дари ҳавлӣ по ба берун намениҳод…
Бону Назрбӣ аз он овон ёдовар, нигаронии худро аз бемасъулиятии бархе аз волидон карда, қиссаи ибратомӯзе пеш овард:
- Дирӯз ба хонаи писарам рафтам. Соат 12-и шаб аст, бачаҳои маҳалла дар кӯча ба шӯру ғавғо андармон. Ҳайронам, ки падару модар чаро ба оворагӣ ва шабгардии онҳо беэътиноянд. Фарзанд бояд ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва назорат бошаду ба шуғли судманде машғул. Аз бекорӣ кӯдак метавонад раҳ ба хато равад, бо кор бошад пухтаву чолок мегардад.
Баъди солҳои нобасомони 90-уми асри ХХ барои омӯзгорон кашидани бори зиндагӣ сангин шуд ва ҳамсарам баъди дарсҳои мактаб қассобӣ мекард. Писарон ба падарашон ёрӣ мерасонданд ва гӯштро ба бозор бурда, мефурӯхтанду аз ин ҳисоб рӯзӣ меёфтем. Меҳнат ба кас обруву шараф ва ризқу фаровонӣ меорад.
Овони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, писари калонам 7-сола буд ва бо падар навбати нон мерафт. Нони аз орди ҷуворимакка пухташуда ба хӯрдан душвор буд, чаро ки ҷуворимаккаро хуб намесоиданд ва нон пур аз донаҳои сахт буд. Бар замми камбудиҳои зиёди рӯзгор ба яғмо рафтани гову гӯсолаамон аз миёни пахтазор саҳифаи ногувори зиндагӣ дар он айёми талх гардид. Маҳз ба туфайли меҳнатдӯстӣ ва талоши донишандӯзӣ имрӯз фарзандонам соҳиби ному нонанд, - андешаманд баён намуд бону Назрбӣ.
Фаъолият дар мактаб барои ин бону танҳо бо ҳамширагӣ маҳдуд нашуд: аз норасоии омӯзгорон роҳбарии синфро бар дӯш гирифт. Синф ба синф мегашту аз тарзи ҳаёти солим, муносибати ғамхорона ба саломатӣ мегуфт, барои пешгирии бемориҳо бачагонро моякӯбӣ мекарду доруҳо медод. Омӯзгоронро аз назорати тиббӣ мегузаронд, тозагии ошхонаи мактабро зери назорат мегирифт, дар маҷлиси падару модарон паҳлуи роҳбари мактаб менишасту аз тозагии шахсии фарзандон, тағйироти равониву ҷисмонӣ дар айёми балоғати хонандагон, муносибати солим бо онҳо мегуфт. Дарсе алоҳида барои духтарони қадрас доир намуда, покиву назофат ва шаъну эътиборро тарғиб мекард. Гузарондани сӯзандору, санҷиши фишори шараёнӣ, расондани ёрии аввалини тиббӣ, хосса вақти бемориҳои сӯхта ва дар об ғарқшавиро мекӯшид ба таври возеҳ ба хонандагон омӯзонад. Ӯро ҳама ба унвони «муаллим» садо мекарданд. Тахтаи фахрии мактабро акси фарзандонаш зеб медоданду намунаи ибрат ба дигар хонандагон буданд.
Бону Назрбӣ имрӯзҳо низ бо фарзандонаш мефахрад, ки дар ҷомеа ҷойгоҳи хешро ёфта, ба хизмати халқу Ватан камар бастаанд. Фарзанди бузургаш Анвар Сафарзода факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуда, аспирантураи Донишгоҳи лингвистикаи шаҳри Москваро низ поён бурд, рисолаи номзадиро соли 2011, баъдан рисолаи докториро дар риштаи ҳуқуқ соли 2019 ҳимоя намуд. Соли 2016 барои нашри як силсила асарҳои илмӣ оид ба мавзуи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон қадр гардид. Аз соли 2022 сардори раёсати маориф, илм, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ситора ва Фарангис Сафароваҳо низ дар пайравӣ ба бародар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуданд. Ситора ҳоло дар МТМУ № 3-юми ноҳияи Фархор ба мактаббачагон дарс мегӯяд. Саймуҳаммад Сафаров факултети химияи Донишгоҳи мазкурро поён бурда, ҳоло мудири кафедраи химияи ғайриорганикӣ мебошад. Нигора ва Меҳрангез хатмкардагони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоянд.
Арусони хонавода низ маълумоти олӣ дарёфта, хурдӣ омӯзгори мактаб ва аввалӣ Муътабар Азизова ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхона ва соҳибкории факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
- Бо ҳамсарам Анвар ҳамсабақ будем ва дар аспирантура таҳсил мекардем. Баъди ҷашни арусӣ хусуру хушдоманам барои идомаи таҳсил маро дастгирӣ карданд. Аввалин чизе, ки дар хонаводаи шавҳар маро ба зиндагӣ дилгарм сохт, муҳити илмиву барои донишандӯзӣ созгор буд, - изҳор намуд Муътабар.
Имрӯз арусони хонавода аз камоли ҳамнишинӣ бо ин хонаводаи фазилатгустар мекӯшанд фарзандони худро тарбияи нек диҳанд ва ҳамвора аз рӯзгору таҷрибаи ғании хушдоман, ки ӯро мисли модар мехонанд, баҳра бардоранд. Назрбӣ Ҳаётова, ки панҷ сол муқаддам ба нафақа баромадааст, аз ҷамъи фарзандонаш ризоманду хушнуд аст, ки аз рӯйи эҳтиром, ба қавле «падару модарро рӯйи даст мебардоранд».
- Тарбияи хуби фарзанд подоши нек дорад. Фарзандон ҳар сол моро ба осоишгоҳҳо мефиристанд, то истироҳат намоему табобат гирем. Духтаронро пайваста насиҳат мекунам, ки иззати хонаводаи шавҳарро ба ҷой оранд, гапи хонаашонро берун набароранд, босабру таҳаммул бошанд, ба равишу қоидаҳои оилаи шавҳар хӯ гиранд ва ба он муҳит худро мутобиқ созанд, - афзуд бону Назрбӣ Ҳаётова.
Баъди суҳбат бо ин бонуи дилогоҳ бори дигар итминон ҳосил намудам, ки яке аз роҳҳои наҷот аз амалҳои нангин он аст, ки кӯдак бояд дар оила бо меҳр парвариш ёфта, баъдан китобҳои бадеӣ ва асарҳои пандомези адибони классику муосирро мутолаа кунад. Соҳибқирони шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 1167 сол қабл фармуда буд, ки дониш чароғи равшани дил ва аз ҳама бадиҳо ҷавшан аст. Пас ин чароғ бояд дар дил ҳамеша фурӯзону пурҷило бошад, то кас тавонад рӯзгори худу дигаронро ба сӯйи рӯшанӣ раҳ созад.
«Бонувони Тоҷикистон»
Мубодила:
Шарҳҳо
