БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Агар каме заҳмат кашӣ…

Аз ҳар боб

Бо фаъолияти чилсола дар китобхонаи деҳаи Гишхуни Ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Дилором Шамсуддинова исбот кард, ки дӯст доштани адабиёт, донистани китоб, қобилияти муошират бо одамон ва дасту дили пок ба кор вазифаи ҷонии китобдор аст. Муҳаббат ва садоқат ба китоб буд, ки ин бонуи некманзар умри худро ба ин пеша бахшид.

- Кӯдакиам дар зодбум шоду хуррам гузашт. Падарам Умаршоҳ Шамсуддинов дар совхоз (хоҷагии давлатӣ) саркор буду модарам Хумзода Хушова хонашин. Мом ба тарбияи панҷ писару панҷ духтар машғул буд. Падарам, дар баробари кори саҳро, ҳамроҳи шогирдон тӯю маъракаҳои хурсандии мардумро обод мекард. Ҳамеша аз кошонаамон садои мусиқиву рақсу бозӣ ба фалак мепечид. Аз кӯдакӣ китобхонӣ шуғли дӯстоштаам буд, - иброз намуд бону Дилором.

Марги нобаҳангоми модари 42-солааш орзуи донишҷӯ шуданашро бар боди фано бурд. Апаи калониаш дар Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе фаъолият менамуд. Азбаски фарзанди дуюми хонадон буд, нигоҳубини ҳашт нафар узви оиларо ба уҳда гирифт. Хоҳараш панҷ ва бародари хурдиаш се сол доштанд, ки мом дунёро тарк намуд. Падар дубора оиладор нашуд. Ба муҳаббати ҳамсар вафодор монду фарзандон дар симои падар модари гумкардаашонро медиданд.

-Чун аз хурдӣ модарам бароям тамоми корҳои рӯзгорро омӯхта буд, аз уҳдаи ҳама кор мебаромадам,- оҳ аз дил баровард мусоҳибам.

Аз субҳи содиқ то поси шаб меҷунбидам. Хоҳару бародаронро сер ва тозаву озода нигоҳ медоштам. Либосҳояшонро шуста дарзмол ва ба мактаб равон мекардам. Мекӯшидам то ягон нафар нагӯяд, ки инҳо бемодаранд. Падар ҳамеша меҳрубон буд ва аз ягон чиз танқисӣ надоштем.

Ҳамин тавр рӯзу ҳафтаву моҳу солҳо сипарӣ мешуданд. Пайи пойи хостгорҳо кушода шуд, аммо ҳини падид омадани ягон хостгор ба манзилашон хурдтаракони хона домани куртаашро маҳкам дошта нидо дармедоданд: «Апаҷон, ту моро партофта шавҳар мекунӣ». Бо дидаи ашкбор ва қалби чок, ба хотири фарзандони падар хонадор нашуд ин покизагуҳар.

Аз шаҳди зиндагӣ даргузашту ба тарбияи фарзандони падар камар баст. Ба хотири осудаҳолии кӯдакони хонадон бахташро ба онҳо бахшид. Пас аз бузург шудан, бародарону хоҳарон яке паси дигар хонаи падарро тарк гуфтанду Дилором то ҳол чароғи манзили зодмандонро равшан нигоҳ медорад.

 

Ин бонуи зебо солҳои аввали корашро аз колхоз оғоз намуд. Сар аз соли 1985 китобдор аст. Дар ин миён Омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Рӯдакиро бо ихтисоси китобдор ба итмом расонд.

Китобхона барояш хонаи дуюм гашту китобҳоро ба мисли фарзандонаш дӯст медорад. Ҳини танҳо мондан, бо дидаи ашкборкитобҳоро ба сару рӯяш мемоладу мегӯяд: «Гарчанде дар зиндагӣ бахт наёфтам, шумо ба ман ному нон ва обрӯву эътибор додед. Фарзандони падар аз ман дуранду шумо ҳамеша бо манед».

Дилором ҳангоми хурдсолию наврасӣ дар маҳфилҳои мактабӣ суруд мехонду мерақсид, нақш меофарид. Аз ҳамон давр дар қалби ӯ орзуи ҳунарпеша шудан аланга мезад. Ба наздикӣ дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» бо хондани бадеҳа соҳиби холи баланд гардид. –

Дар чорабиниҳои фарҳангӣ, дар саҳна нақши модарро офарида ҳамон ҷо вазифаи модариро дарк мекардам. Ҳангоми иҷрои нақш дар ҷисму руҳам модар буданро эҳсос менамоям. Барои табиӣ баромадани нақши модар лаҳзаяке ҳам бошад, худро модар эҳсос месозам. Дар саҳнаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёд нақш бозидаам. Боре ҳини дар Театри ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов нақш офариданам яке аз коргардонҳо ба ман дар театри пойтахт кор карданро пешниҳод намуд. Изҳор дошт, ки Шумо санъаткори бузургеду набояд ҳунарро дар худ маҳкам намоед. Аз сабаби надоштани манзил, пешниҳодро напазируфтам,- иброз намуд мусоҳибам.

Фарзандони падараш борҳо исрор кардаанд, ки ба наздашон, ба кишвари Россия кӯч бандад, аммо ӯ хушбахтии худро дар Ватан, дар китобу китобхона мебинад. Бидуни китоб зиндагиашро тасаввур карда наметавонаду розҳояшро ба китобҳо мегӯяд. Пушаймон нест, ки дар Россия намонд, дар зодбум худро озоду беғам эҳсос менамояд.

-Ба Федератсияи Россия сафар кардаму дар он ҷо як моҳ ҳам тоқат карда натавонистам, чунки бекор нишаста наметавонаму хушбахтиамро дар китобдорӣ мебинам, - роз мекушояд бонуи китобпараст.

Бону Дилором, ки дойразани бомаҳорат аст, ҳангоми сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ, аз зумраи бонувони хушбахте буд, ки меҳмони олиқадрро бо дафу дойра пешвоз гирифт. Лаҳзаи ҳамсуҳбат шуданашро бо Сарвари давлат лаҳзаи фаромӯшнашавандаи умр медонад.

Истеъдоду кордониашро ба назар гирифта масъулони ноҳия вазифаи раисии бахши занони мавзеи Гишхунро низ ба зиммааш гузоштаанд. То имрӯз Дилором даҳҳо нафар занону духтаронро дар лаҳзаҳои душвор маслиҳатгару ёвар гаштааст.

- Ҳини муроҷиати ниёзманде корҳоямро як сӯ монда, ба ӯ ёрӣ мерасонам. Зиёд ба оилаҳо рафта аз зиндагӣ, муносибат бо шавҳару фарзандонро мебинем. Суҳбат меороем, маслиҳат мекунем, панд медиҳам, - ироа медорад раиси занони деҳа.

Дилоромбону аҳли ҷомеаро мудом ба китобхонӣ ташвиқ менамояд. Ба андешаи ӯ китоб ба хонада таълиму тарбия дода, аз роҳи бад мегардонад. Мафкураашро аз корҳои нохуб тоза месозад, ҳангоми бо китоб ёр шудан, хонанда тамоман нафари дигар мешавад…

Шогирдони китобдор дар озмунҳо, мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои мактабӣ пешсаф мебошанд. Аз ҷумла, соли 2024 хонандаи фаъоли китобхона Ҳанифаи Ёрӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», дар номинаи шоирӣ, сазовори ҷойи намоён шуд.

- Мо, сокинони кӯҳистон, аз бероҳӣ азоби сахт доштем. Наздикони пойтахтнишини мо бемор шаванд, моҳҳо то муътадил шудани ҳаво интизор меистодем. Ҳоло ягон гапу хабар шавад, дар як рӯз ба Душанбе мерасем. Ҳамин дилсӯзиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки нақбҳову роҳҳо сохтанд. Шукр мегӯем, ки дар кишвари серу пур умр ба сар мебарем. Кас, агар каме заҳмат кашад, шоҳона зиндагӣ мебарад. Ин қадар озодие, ки занони тоҷик доранд, ягон зани рӯйи олам надорад. Шукронаи сулҳу истиқлолияту ободиву озодиро менамоем, - изҳор месозад Дилором Шамсуддинова.

                          Мадина БАЛАҶОНОВА,

                         Душанбе - Ванҷ - Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон