БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аҷаб дунёст дунёи дили зан

Аз ҳар боб

Зиндагӣ аҷаб зебост, вақте ки боз эътибор аз ҷониби ҳамсар пас аз зиндагии тулонӣ насибат мегардад. Ҳамон рӯзе, ки бо полковник Ашӯр Ҷамолов телефонӣ дар тамос шуд, 27-уми август буд, яъне рӯзе, ки бо ҳамсари меҳрубон, зани ҳалиму хоксор Мақсуда Мӯсоеваи нозанин барои ҳамзистиашон 50 сол сипарӣ гардида буд.

Бо ӯ дар бораи ҳамсараш, зиндагии якҷоя бо ин бонуи фариштахӯй, ки дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт, зиндагӣ ҳамрозу ҳамдам, мушкилкушову қамхору меҳрубон буд, маводе омода намудем. Бо зану шавҳар суҳбат кардем. Оилаи намунаи ибрату лоиқи пайравист. Зиҳӣ, муҳаббати самимиву ишқу муҳаббати пойдор…

Аз нигоҳи аввал дар симои ин бонуи сариштакор самимияту меҳрубониро дарёфтам. Симояш ба назар басо латифу ҷавону нозанин, фориқ аз ташвишу гирумони зиндагӣ, қавииродаву тобовар ба ҳама набардҳои зиндагист.

Ҳини суҳбат дарёфтам, ки ӯ ҳамсари меҳрубону модари қамхор аст. Синнаш ба 70 расида, вале иффату назокатро гум накарда.

Мақсуда Мӯсоева зодаи шаҳри Истаравшани бостонӣ буда, 19-уми октябри соли 1955 таваллуд ёфтааст. Солҳои кӯдакию наврасӣ орзу дошт, ки дармонбахши аҳли ҷомеа бошад. Аз ин рӯ, ба Коллеҷи тиббии шаҳри Истаравшан дохил шуд. Ӯ пайваста мутолаа, ҷустуҷӯи илм мекард, то ки ин соҳаи ҳаётан мухимро ҳамаҷониба азбар намояд.

 

Соли 1977, пас аз хатми Коллеҷ, оила бунёд кард. Азбаски шавҳараш корманди ҳарбӣ буд, ҳамроҳаш ба шаҳри Душанбе омад ва дар дармонгоҳи №8-ум ҳамчун ҳамшираи шафқат ба фаъолият пардохт. Чаҳор сол дар табобатгоҳ кори пурсамар дошт. Сипас, соли 1979 шавҳараш барои идомаи фаъолияти ҳарбӣ ба шаҳри Тошканд рафт ва аз он ҷо ӯро ба Ҷумҳурии Демократии Афқонистон фиристоданд. Мақсударо рост омад, ки дар шаҳри Чирчиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар дармонгоҳи №2 фаъолият барад. Ҳамчунин, чаҳор соли умри онҳо дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон, дур аз ёру диёр гузашт, аммо ҳар кори шавҳарашро Мақсуда бо хушнудӣ мепази- руфт. Дар Ашқобод дар шуъбаи шикастабандӣ кор кард ва баъдтар ҳамшираи калони шафқати шуъбаи мазкур таъин гардид.

Сафари хизматии онҳо бо ҳамин интиҳо наёфт. Ба Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Кабардаю Балқари Федератсияи Россия ба шаҳри Прохладний фиристода шуданд. Чун анъана Мақсуда бо ҳамсари меҳрубону афсараш дар қисми ҳарбӣ шифокориашро идома бахшид.

Баъди панҷ сол ҳамқадами ҳаёташро ба шаҳри Хуҷанд бозхонданд. Шавҳараш дар комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ва Мақсуда дар госпитали ҳарбии шаҳри Бӯстон ба фаъолият пардохтанд. Тавонист ҳамшираи дараҷаи олӣ гардад. Зане, ки дар чандин давлатҳои ҳамҷавор фаъолият намуда, урфу одати гуногуни халқҳои ҳамсояро азбар кардааст, одоби миллӣ, анъанаҳои тоҷикиро хуб нигоҳ дошт.

Баъзан кас андеша менамояд, ки шояд ҳамин чиз боиси дастгириву дӯстдории ҳамсари ӯ гаш- та бошад. Дар ҳар куҷое буд, дар ҳар манзиле, ки қарор дошт, аз дили шавҳар, аз хостаҳои ӯ огоҳ буд. Мақсуда то соли 2016 дар шаҳри Бӯстон фаъолият намуда, алҳол даврони пирӣ меронад. Шавҳараш омӯзгори яке аз донишгоҳҳои кишвар аст.

Онҳо се нафар меваи шаҳдборро ба бор оварданд, ки ҳар яке баҳри ободию осоиштагии Тоҷикистон хизмати шоиста дорад. Зулфия ва Дилором дар шаҳри Душанбе, Рустамҷон дар шаҳри Прохладнийи Федератсияи Россия ба дунё омадаанд. Мақсуда имрӯз аз се фарзанд соҳиби 12 набера аст.

Мақсудабону дар корҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ хизмати шоиста дорад. Имрӯз ба зиммаи ин бонуи ҳушманд роҳбарии занҳои хонаи 24-уми маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷандро бовар намудаанд, ки онро сарбаландонаи иҷро менамояд…

                                   Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

                                         шаҳри Хуҷанд

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон