БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Аз телефони мобилӣ дур кардани кўдакон.

Аз ҳар боб

То куҷо имконпазир аст?

Аксаран насли наврас ба телефонҳои мобилӣ, компютер ва дигар васоити техникии ҳамроҳ муътод гаштаву бе он ҳаётро наметавонанд тасаввур созанд. Чӣ бояд кард, то фарзандон аз ин воситаҳо самаранок истифода баранду ба ҳар бозӣ ва саҳифаҳои нолозим сар назананд?

Дар зер чанд пешниҳоди равоншиносони ҷаҳониро меорем, ки шояд барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ба шумо кумак расонанд.

 

Дар хона қоидаҳо ҷорӣ намоед:

·       Вақти аниқеро барои истифодаи телефон, компютер муайян кунед ва ҳатмӣ будани риояи онро таъкид созед.

Амалҳоеро пешниҳод кунед, ки метавонанд истифодаи телефон ва компютерро иваз кунанд:

·       Вақти дар назди экран мегузарондаи фарзандро бо ягон машғулияти ҷолиб иваз кунед: варзиш, маҳфилҳои гуногун, китобхонӣ, бозиҳои рўимизӣ, баромадан ба сайругашти оилавӣ, масалан рафтан ба осорхона;

Барои фарзандон намуна бошед:

·       Истифодаи телефону компютерро нахуст барои худ маҳдуд созед, хосса дар ҳузури фарзандон аз истифодаи онҳо худдорӣ кунед ва ба ин роҳ нишон диҳед, ки бе истифодаи ин воситаҳо чӣ гуна метавон вақтро босамар гузаронд. 

Минтақаҳои “бе телефон”-ро муайян намоед:

·       Дар хона гўшаҳоеро муайян кунед, ки дар он ҷойҳо истифодаи телефон манъ аст, масалан ошхона ва ҳуҷраи хоб.

Телефону компютерро ҳамчун воситаҳои “судманд” намоиш диҳед:

·       Ин дастгоҳҳоро ҳамчун василаи донишандўзӣ истифода баред, масалан ба ивази наворҳои дилхушкунунда ба телефон замимаҳои омўзиширо ҷойгир кунед.

Фарзандро на дилгир, балки ҳавасманд кунед:

·       Барои риоя кардани қоидаҳои ҷорикарда фарзандро ситоиш кунед. Ба аз бетелефонӣ ғашкарданҳояш дода шудаву дарҳол телефонро ба дасташ надиҳед. Бигзор кўдак дарк кунад, ки ин усули ў ба кор намеравад.   

Истифодаи телефонро якбора манъ насозед:

·       Манъи пурраи истифодаи телефон метавонад мушкилро барзиёд кунад. Беҳтар он аст, ки вақти истифодаи онро маҳдуд карда, тадриҷан боз ҳам камтар кунед. Ба кўдак чизҳоеро пешниҳод созед, ки метавонанд телефонро иваз кунанд.

Муҳокима кунед ва ба кори тулонӣ омода шавед:

·       Бо кўдак дар бораи шавқу ҳавас ва майлу рағбаташ ҳарф занед ва ба созиш оед. Дар хотир нигоҳ доред, ки барои тағйир додани одатҳо вақт ва сабру таҳаммул мебояд.

 

Таҳияи Ситора АШЎРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 45)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон