Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Аз ёд кардани шеър
Аз ҳар бобҲангоми аз ёд кардани шеър дар мағзи сар алоқаҳои нави асаб ташаккул ёфта, хотираву тафаккур беҳтар гардида, нутқ инкишоф меёбад. Ҳамзамон, малакаи суханронӣ хуб гардида, нутқ бурро мешавад. Бо ҳамин васила захираи луғавӣ низ бой мешавад.
Яке аз манфиатҳои асосӣ ин омӯзиши хотираи кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мебошад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аз ёд кардани шеър он минтақаи майнаро, ки дар ташаккул ва нигоҳдории хотираҳо нақш дорад, инкишоф медиҳад.
Бо гузаштани синну сол қобилияти фикр кардан дар фаъолияти майна коҳиш ёфта, шахс таъсири онро дар хотираи худ мушоҳида мекунад. Аз ёд кардани шеър боиси хотираи қавии инсон мегардад. Рушди хотира тавассути азёдкунии шеър беҳтарин восита барои пешгирии бемории Алтсгеймер ба шумор меравад.
Омӯзиши шеър кори муфид ва зарурӣ мебошад. Он пеш аз ҳама барои омӯзиши аълои хотира дар ҳама синну сол муҳим аст. Аз ёд кардану таҳлили шеър кори майнаро фаъолона инкишоф медиҳад.
Шунидани шеър ҳарду нимкураи майнаро ҳамоҳанг намуда, рост барои дарки усул ва тарафи чап барои фаҳмидани калимаҳо масъул аст. Ин тафаккури ҳамаҷонибаро инкишоф дода, ҳалли мушкилоти эҷодиро такмил медиҳад.
Шеър метавонад ҳангоми асабоният ва ғаму андӯҳ ба инсон тасаллӣ ва рӯҳбаландӣ диҳад. Шеър ҳамчун воситаи тавонои тарбия буда, малакаи саводнокии хонандаро инкишоф медиҳад.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо
 
    
    
    
    
 
 



 
 
  
 






