БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Гӯяндаи радио, ки омӯзгор шудан мехост

Аз ҳар боб

Рӯзҳои аввали қадам гузоштан ба радиоро дар дафтарчаи қайду андешаҳояш чун сатрҳои тиллоӣ сабт намуд. Ҳеҷ гумон надошт, ки чунин ба осонӣ гӯяндаи радио мешаваду садояшро ҳамарӯза тариқи радио мешунаванд. Ворид гаштан ба ин макон ва сухан гуфтан аз ин минбари баланд орзуи садҳо ҷавондухтари деҳотӣ буд, вале дур аз ёду хаёли ӯ.

Баробари хатми мактаби миёна ӯро ба шавҳар доданд. Ба бахташ ҳамсафари ҳаётии фарҳангдӯстдор насибаш гардид. Агарчи ӯ ҳанӯз донишҷӯ буд, ҳар гоҳе аз шаҳри Душанбе ба ноҳия бармегашт, аз завҷаи меҳрубонаш чӣ туҳфа бурданро пурсон мешуд. Ва ӯ ҳамеша дар ҷавоб овардани китобҳои гуногуни бадеиро хоҳиш менамуд. Аз овони мактабӣ мутолааи китобро дӯст медошту пайваста пайи ҷустуҷӯи китобҳои бадеӣ буд.

 

 Дар ҳамсоягии мо мудири маорифи ноҳия мезист. Дар хонааш китобхонаи шоистае дошту ҳамсараш низ ҳамчун китобдор фаъолият мекард. Ҳар гуна китобе ки мехостам, аз он ҷо пайдо мешуд. Қисми зиёди китобҳои мутолаанамудаам аз хазинаи ҳамин китобхона буд. Чун вақти зиёдро, ки бо китобхонӣ сипарӣ менамудам, падарам мегуфт, духтарам, бояд нависанда шавӣ, - ёд меорад он овонро Низораи Мурод.

Дӯстдори шеъру китоб ки буд, ба риштаи забону адабиёт шавқу рағбати беандоза дошт. Дар дил орзуи омӯзгори забон ва адабиёт шуданро мепарварид. Вале қисмат барояш пайнавишти дигаре дошт. Интихоби пешаи журналистӣ, тасодуфӣ иттифоқ уфтод. Ҳатто дар ёду хаёлаш ҳам набуд, ки рӯзе ба дунёи журналистика, хосса, Хонаи радио ворид мегардад. Зиёд радио гӯш мекард, вале барномаи махсус ё журналисти дӯстдоштание надошт.

Соли 1993 бо тақозои фаъолияти ҳамсаф, ки корманди низомӣ буд, ба шаҳри Душанбе кӯч баст. Он замон, ки нобасомониҳо ҳанӯз идома доштанд, шавҳар аз он дар ҳарос буд, ки мабодо замони адои вазифаи хизматӣ ба ҳалокат бирасаду фарзандонаш бе саробон монанд ва завҷааш дар пешбурди зиндагӣ уқубат бинад. Аз Низора хоҳиш кард, то ба мактаби олӣ шомил гардаду дар зиндагӣ роҳи хешро ёбад. Ӯ, ки пешаи омӯзгориро дӯст медошт, ҳуҷҷатҳояшро ба бахши ғоибонаи факултаи филологияи Институти давлатии омӯзгории Тоҷикистон супурд.

Рӯзе дар боғчаи назди хонааш бо шоир Салими Зарафшонфар вохӯрд, ки дар ҳамсоягӣ мезист. Чун шоир аз маҳорати шеъргӯиву завқу рағбати зиёд ба китобхонӣ доштани Низорамоҳ огоҳ шуд, аз ӯ хоҳиш намуд, то гӯяндаи радио шавад. Бо ин мақсад ӯро назди журналисти номвари радио Ворис (Урун Назар) бурд.

 Дар шуъбаи адабӣ ҳамчун муҳаррири шуъбаи адабии Радиои «Тоҷикистон» корро шуруъ намудам. Баъдан, ба шуъбаи гӯяндагон гузаштам. Назди устоди сухан Абдурашид Хуҷамқулов дарс меомӯхтаму нозукиҳои суханвариро аз худ менамудам. Баъзан сахтгӯиҳои устод озурдаам менамуд, вале имрӯз дарк намудам, ки он ҳама баҳри пешрафти кор буд. Ифтихор ҳам мекунам, ки аз чунин шахсият сабақ омӯхтаам, - фараҳмандона мегӯяд ӯ.

Таҷрибаи шахсиятҳои бузургу робита бо одамони наҷиб меҳри пешаро дар қалбаш бештар намуд. Тули 6 сол ҳамчун муҳаррир фаъолият карда, тадриҷан ба пешаи наттоқӣ меҳр варзид. Баъдан шуъбаи адабӣ барҳам хӯрд ва мебоист онҳоро ба шуъбаҳои дигар тақсим кунанд. Роҳбарияти вақти радио тасмим гирифт, то ҳар нафарро озмуда, вобаста ба садову донишашон ба шуъбаҳо гузаронанд. Вақти санҷиш дар садои Низора гӯиши сиёсиро эҳсос намуданд. Бар дӯши ӯ пеш бурдани барномаи «Ахбор»- ро гузоштанд. Аз барномаҳои сиёсӣ аввал каме ҳарос дошт, вале ҷасорату матонаташ воло гирифту дар ин самт сабзид.

Бо шавқи беандоза ахбор мехонду дар ҷустуҷӯи хабару гузоришҳои тоза мешуд ва ба шунаванда хабари саҳеҳу саривақтиро пешниҳод менамуд. Дигар радио барояш хонаи дувум гашт ва дар басти шабона низ кор мекард. Рӯзҳои истироҳатиаш ҳам он ҷо сипарӣ мешуданд.

Дар ин миён шавҳарам аз дунё гузашт. Азбаски барномаи ахбор аз гӯяндаи он масъулияти баландро талаб мекарду наттоқ ҳуқуқи дер монданро надошт, дар ҳама ҳолат бояд саривақт дар ҷойи кор, ҳатто панҷ дақиқа пеш аз оғози барнома дар эфири радио ҳозир шудан муҳим буд. Ягона кумакрасонам модар буд, ки се шаҳписарамро парасторӣ ва тарбия мекард. Ҳамеша мегуфт, ки беҳтарин тарбияро ба фарзандонат медиҳам, бо дили пур ба кор бирав. Воқеан, он тавре ки модарам фарзандонамро нигоҳубин ва тарбия кард, шояд худ ба танҳоӣ аз уҳдаи он намебаромадам, - бо меҳр ёд меорад аз модар.

Низорамоҳ мехост, худро дар ҳама самтҳои журналистика озмояд. Ва чунин ҳам шуд. Бар замми ахбор, барномаеро бо унвои «Мақоми зан» роҳандозӣ намуд. Ҳамарӯза бо бонувони касбу кори гуногун вомехӯрду аз таҷрибаашон ба шунавандагон қиссаҳо мекард. Худ низ аз кору пайкори онҳо сабақ меомӯхту дар зиндагӣ устувор мегардид. Дар баробари нон ном ҳам ёфт. Миёни шунавандагон чун Низораи Мурод шинохта гардид. Ҳар гоҳе вориди деҳа мешуд, ҳамсояҳо бо ифтихор аз садову қиссаҳои ӯ ёдовар мешуданд. Меболиду фараҳманд мегашт, ки духтари деҳотие аз ноҳияи дурдасти диёр тавонист ифтихори онҳо гардад.

Бо таъсис ёфтани Радиои «Фарҳанг» ӯро чун корманди ботаҷриба баҳри пешбурди кори радиои навтаъсис даъват карданд. Он ҷо ҳам барномаи «Ахбор»-ро мехонд. Дар ин росто, барномаи фарҳангиеро бо номи «Театр – оинаи зиндагӣ» мураттаб месохт. Бо ҳунармандону фарҳангиёни кишвар суҳбат ороста, аз ҳаёту зиндагӣ ва фаъолияти онҳо ба шунаванда қиссаҳо мекард. Ин барнома низ шунавандаи бешумор пайдо намуд.

Пас аз чанде ӯ дубора ба Радиои «Тоҷикистон» баргашт. Инак, тули 15 сол аст, ки фаъолиятро дар радио идома медиҳад. Наттоқи дараҷаи 1 буда, барномаи «Ахбор»-ро пеш мебарад. Ба ҳар журналисти ҷавоне, ки ба радио меояд, ҳатман аз таҷрибаи андӯхтаи хеш ба онҳо меомӯзонад. Аз он афсӯс мехӯрад, ки журналистони ҷавон пурсабр нестанду на ҳамеша ба мушкилиҳо тоб меоранд ва зуд тарки пеша мекунанд.

 Журналист бояд ҳамадон бошад. Чун дар радио барномаҳо дар самтҳои гуногун омода мешаванд, ӯро зарур меояд, ки бо ҳуқуқшинос мисли ҳуқуқдон, бо муҳосиб ҳамчун ҳисобдон ва бо духтур чун табиб суҳбат орояд. Дар ин ҳолат, ӯ метавонад барномаро фаҳмову пуртаъсир ва ҷаззоб ба шунаванда расонад. Барномаҳои сиёсӣ, хосса барномаи «Ахбор» масъулиятро тақозо менамояд. Бояд калимаву ибораҳои талаффузшаванда фаҳмову рӯшан бошанд ва зада дар вожаҳои хориҷӣ дуруст ва бамаврид гузошта шавад, - гуфт дар фарҷом Низора.

Агарчи завқи омӯзгорӣ дар қалбаш ҷӯш мезад, аз он хушнуд аст, ки пешаи журналистиро баргузид ва дар ин ҷода чун устод пазируфта шуд.

Бунафшаи АБДУРАҲИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон