Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тозагӣ
Аз ҳар бобТаҳқиқотҳо нишон додаанд, ки тозакунии мунтазам ба саломатӣ таъсири мусбӣ расонда умри инсонро тӯлонӣ мекунад. Ҳамеша батартиб даровардани хона фаъолияти ҷисмониро низ зиёд мекунад. Одамоне, ки хонаву дарашонро мудом озода нигоҳ медоранд, назар ба онҳое, ки тарзи ҳаёти нишастаро пеш мебаранд, дарозумртар ҳисоб меёбанд.
Покизагӣ ва саломатӣ бо ҳам алоқамандии зич доранд. Бо риояи тозагӣ шумо метавонед аз бисёр бемориҳо хусусан бемориҳои сироятӣ эмин монед. Илова бар ин тозагӣ саломатии ҷисмониву равонии одамро беҳтар намуда афсурдаҳолӣ ва изтиробро коҳиш медиҳаду хобро бароҳат мекунад.
Чангу хок ва партовҳои маишӣ метавонанд аллергия, бактерия ва вирусро ба вуҷуд оварда боиси сар задани бемориҳои гуногун шаванд. Тозагӣ дар манзил фазои солимро ба вуҷуд оварда саломатии инсонро муҳофизат ва сифати зиндагиро беҳтар мекунад. Тоза нигоҳ доштани хона қадами муҳим баҳри нигоҳ доштани саломатӣ мебошад.
Тозагӣ гарави ҳаёти хушбахтона ва солимӣ ҳисоб меёбад. Зиндагӣ дар хонаи тозаву озода одамро орому дилпур мекунад. Бетартибии манзил ва чангу хок боиси изтиробу шиддат гардида асабониятро зиёд мекунад.
Дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо риояи тозагӣ нақши муҳимро мебозад. Он ба мо солимиву хушбахтӣ ва осудагӣ меорад. Замони покиза кардан фикри инсон пурра ба он равона шуда, ҳатто дар ҳолатҳои душвор таъсири оромбахш ҳам медиҳад.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо











