Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дар ҳифзи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ
Аз ҳар бобТайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат илмро яке аз омилҳои рушди асосии кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, барои пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва беҳтар гардондани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм тамоми имконотро фароҳам овардааст. Шаҳраки академии дар теппаҳои шарқии шаҳри Душанбе воқеъбуда далели ин гуфтаҳост, ки дар он озмоишгоҳҳо ва биноҳои хуштарҳу замонавии пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таври бесобиқа бунёд мегарданд.
Яке аз ин иншооти муосир бо беҳтарин шароити корӣ Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ аст, ки бо харҷи 24 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва шарикони рушд бунёд ёфта, соли 2024 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст.
Марказ 16 озмоишгоҳи инноватсионии илмӣтаҳқиқотии самтҳои химия ва биология, нодиртарин озмоишгоҳҳои илмии соҳаи иммунологӣ, вирусологӣ, бехатарии биологӣ ва криминалистикаи ядроиро дорост, ки дар онҳо омӯзиш ва ташхиси маводҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Дар чор синфхонаи махсуси он ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба муқовимат бо таҳдидҳои самтҳои мазкур дониш андӯхта мешавад. Марказ яке аз бузургтарин муассисаҳои минтақавӣ маҳсуб ёфта, барои омодасозии мутахассисони ватанӣ ва Осиёи Марказӣ хизмат менамояд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2001 Тоҷикистон узви Агентии байналмилалии неруи атомӣ гардид ва зарурати таъсиси сохтори танзимкунанда дар соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба миён омад. Дар асоси супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2002 дар сохтори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Агентии энергияи атомӣ, баъдан Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ҳамчун воҳиди сохтори он таъсис дода шуд. Соли 2021 самтҳои фаъолияти он васеъ гардида, ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ табдили ном кард.
Бахши миллии «Хонуми ядроӣ»
Аз он ки дар риштаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ шумораи ками бонувон фаъолият менамоянд, моҳи марти соли 2020 бо ташаббуси директори Агентӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор Илҳом Мирсаидзода бахши миллии «Хонуми ядроӣ» таъсис дода шуд, то таваҷҷуҳи бонувони мамлакат ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ афзун гардад.
- Дар оғоз ҳадафи мазкур барои муттаҳидсозии занону духтарони Агентӣ равона гардида буд, чун Илҳом Мирсаидзода бар он бовар аст, ки бонувон қудрати ба иттиҳод хондани коллективи бузургро доранд. Бо ин мақсад беҳтарин шароити созгор ба кормандон фароҳам оварда шуд. Азбаски занон дар самти амнияти ядроиву радиатсионӣ кам фаъолият менамоянд, бонувони дар риштаи илмҳои дақиқ фаъолбударо аз ҳисоби кормандони АМИТ, омӯзгорони мактабу донишгоҳҳо, муҳандисони корхонаҳои ватаниро ба бахши миллии «Хонуми ядроӣ» даъват намудем, ки сафи онҳо ба 100 нафар мерасид. Соли 2020 аввалин конфронси байналмилалиро дар мавзуи «Саҳми бонувон дар ҳифзи амнияти ядроӣ» доир намудем, ки дар он бонувони беш аз 15 давлати дунё ба таври маҷозӣ ширкат варзиданд, - изҳор намуд Нодира Ҳакимова, номзади илмҳои химия, корманди пешбари илмии Агентӣ.
Тули фаъолият «Хонуми ядроӣ» чорабиниҳои зиёдеро марбут ба иштироки фаъолонаи бонувон дар илм, табодули таҷриба, ҳавасмандии ҷавонон ба илм ва таҳкими ҳувияти миллӣ баргузор намуда, барои мактаббачагон ва донишҷӯён мизҳои мудаввар, семинарҳо ва лексияҳои гуногун гузарондааст, то аз курсии мактабиву донишҷӯӣ наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳое, ки дар замони техникаву технология омӯхтани онҳо тақозои замон аст, мароқ зоҳир намоянд. Бо ин мақсад ташрифи хонандагону донишҷӯён ба озмоишгоҳҳои Агентӣ таъмин гардид, то дарк созанд, ҳама шароит барои бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самтҳо дар ҷумҳурӣ фароҳам асту метавонанд дар озмоишгоҳҳои муосиру дастгоҳҳои навин фаъолият баранд.
Тули солҳои фаъолият «Хонуми ядроӣ» чор конфронси байналмилалии илмӣ-амалиро дар мавзуи «Нақши зани олим дар рушди илм, инноватсия ва технология» доир намудааст, ки ҳамасола беш аз 150 нафар бонувони олим аз институтҳои илмӣ-тадқиқотии АМИТ, омӯзгорон, аспирантҳо, донишҷӯён ва олимон аз кишварҳои хориҷ дар он ширкат ва маъруза намудаанд.
- Дар сатҳи хуб ва ҷолиб баргузор намудани конфронсҳо самар дод, ки соли 2021 бахши миллии «Хонуми ядроӣ» ҳамчун созмони ҷамъиятӣ ба узвияти WiN Global (Бонувон дар ҳифзи амнияти ядроии ҷаҳон) бо номи WiN Tajikistan расман ба қайд гирифта шуд. Ин ба мо имкон дод, ки дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба тариқи маҷозӣ ширкат варзем ва аз саҳми бонувони тоҷик дар ҳифзи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мақолаҳои хешро дар маҷаллаи ин созмони бонуфуз ба нашр расонем, - иброз дошт котиби илмии Агентӣ Меҳрангез Муъминова.
Дар пойгоҳи АМИТ ихтисоси радиоэкология роҳандозӣ гардида, донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ метавонанд дар зинаи магистратураи он таҳсил намоянд. Ин дарсҳо дар Агентӣ аз ҷониби устодони ботаҷриба баргузор мегарданд ва донишҷӯдухтарони фаъол баъди хатми зинаи магистратура аксар ба Агентӣ ба кор даъват карда мешаванд. Ғайр аз ин, ҳафтае ду маротиба семинарҳои илмӣ доир мешаванд, ки олимони ҷавон аз натиҷаи корҳои илмии хеш маърӯза мекунанд.
Ифтитоҳи озмоишгоҳҳои замонавӣ, тавсеаи фаъолияти бахши миллии «Хонуми ядроӣ» бо мақсади амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» сурат гирифта, қадами муҳиме баҳри таҳкими амният ва иқтидори илмии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Марказӣ низ гузошта мешавад.
Ситора АШӮРОВА
Мубодила:
Шарҳҳо
    
    
    
    
 



 
 






