БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Левакант - шаҳри саноатӣ

Аз ҳар боб

 Шаҳри Левакант миёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо афзалият ва шумори корхонаҳои саноатӣ мавқеи асосӣ дорад. Чанд соли охир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр натиҷаю дастовардҳои хуб ба мушоҳида мерасанд. Зимни суҳбат бо мудири шуъбаи иқтисод, саноат, савдо ва мониторинги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Сулҳия Регноева, маълум гардид, ки соҳаи саноату сохтмон дар ин маҳал рушд карда, саҳми корхонаҳои саноатӣ дар ғанигардии буҷет ва пешравии иқтисодиёти кишвар намуна арзёбӣ мешавад.

 

Шаҳри Левакант саноатӣ буда, таъсисёбии он ба солҳои 30-юми асри гузашта рост меояд. Обёрии водии Вахш айни ҳамон солҳо аз минтақаи мазкур оғоз гардида, то солҳои 1937 идома ёфт. Минтақаи мазкур нахуст бо номи Неругоҳи барқи обии Головной ГЭС (Сарбанд) номгузорӣ шудааст. Баъдан, 25-уми октябри соли 1957 бахшида ба 40-солагии Инқилоби Октябр минтақаро шаҳри Калининобод номгузорӣ намуданд. Аз 2-юми феврали соли 1996 шаҳри мазкур номи Сарбанд ва баъдан аз моҳи марти соли 2018 номи Левакантро гирифтааст, - зикр намуд Сулҳиябону.

То имрўз дар шаҳри Левакант 36 корхонаи саноатӣ фаъол аст. Соли 2025 корхонаи хиштбарории ҶДММ «Хусрав сохтмон» дар Ҷамоати деҳоти Гулистон 21,6 миллион дона хишти пухта ба фурўш баровард. Корхона дар давоми моҳи сентябри соли ҷорӣ ба маблағи 90 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст. Ҳоло дар шаҳри Левакант шаш корхонаи коркарди пахта фаъолият дорад, ки ҳамаи онҳо бо МИҲД-и шаҳри Левакант шартномаи тарафайн бастаанд. Тибқи шартнома корхонаҳои коркарди пахта уҳдадоранд, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили соли 2025 аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ашёи хоми стратегӣ харид намоянд. Масалан, ҶДММ «Мудассир» 281 тонна, ҶДММ «Шаҳром-2013» 190 тонна, ҶДММ «Сомон Полимер» 1855 тонна, ҶДММ «Пахтаи Левакант» 505 тонна, ҶДММ «Пахтаи Абдуллоҷон» 1180 тонна, ҶДММ «Пахтаи Аминҷон» 365 тонна, ҳамагӣ дар соли 2025 аз хоҷагиҳои деҳқонӣ 4376 тонна пахта харид карда, коркард намуда истодаанд. 

Кишоварзони шаҳр дар соли ҷорӣ бо истифода аз тухмиҳои хушсифати хориҷию ватанӣ дар майдони 1030 гектар кишти чигит гузаронда, ҳосили хуб рўёнданд ва аз иҷрои дурнамо баромаданд, ба ҷойи 2300 тонна 2542 тонна ба хирмани Ватан пахта супурданд, ки ин нишондод 110,5 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Алҳол дар шаҳр 824 субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки аз он 527 адад соҳибкорони инфиродӣ ва 297- и дигар шахсони ҳуқуқӣ ме - бошанд. Дар шаҳр алъон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи татбиқмешуда 132,3 миллион доллари И М А  -ро дар бар мегирад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар шаҳр дар 8 моҳи соли равон 33 миллиону 860,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нис - бат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 291,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 122,8 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми гардиши савдои чакана ва яклухт, инчунин, гардиши тамоми соҳаи савдо дар ин давра ба 97 миллиону 547,6 ҳазор сомонӣ ра - сид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 178 миллиону 978,9 ҳазор сомонӣ камтар буда, 35,3 фоизро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 8 моҳ ба 329,5 миллион сомонӣ баробар гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 22,3 млн сомонӣ зиёд буда, 107,3 фоизро бо нархҳои муқоисавӣ таш - кил медиҳад.

Дар 8 моҳи соли 2025 тибқи ҳисоботи Шабакаҳои барқи шаҳр ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 109,7 миллион Квт/соат ба маблағи 40 миллиону 560,1 ҳазор сомонӣ қувваи барқ интиқол гардидааст. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 74 миллиону 431 ҳазор сомонӣ шуд.

Истеҳсоли сабзавот то ба 8975,9 тонна боло рафт, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ 1879,1 тонна, дар бахши аҳолӣ 5744 тонна шуд, ки 107,1 дарсадро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии пахта, меваю сабзавот, шудгори тирамоҳӣ идома доранд

                                                    Мадина БАЛАҶОНОВА,

                                                Душанбе-Левакант-Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон