Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Бо нони деҳқонӣ
Аз ҳар боб / СлайдерИн субҳ ҳам Латофатбону чун рӯзҳои пешин тасмим гирифт, то барвақттар аз хона баромада, ба пахтазор равад. Аз ошхона бӯи хуши субҳона, ки келини хонадон омода намуда буд, ба машомаш расид. Агарчи бӯи таом далели бомаззагиаш ҳам буд, вале он натавонист иштиҳояшро «кушояд». Зеро одатан ӯ аз субҳи барвақт ноништо намекард, ба қавле ҳар саҳар иштиҳояш «баста» аст. Аз ин хотир, порае нон ва чанд дона қандро ба халтачаи селофанӣандохта, бо худ дар чойнике чойи гармро низ гирифт. Сипас, ҷониби саҳро раҳсипор гардид.
Тобистони имсола, ки хеле тасфону дамгир буд, насими субҳи рӯзҳои нахустини пойиз сару рӯяшро навозиш намуда, ба рӯҳу ҷонаш ҳаловат мебахшид. Шукуфазори замини пахтаи ду тарафи роҳ ба ҳолати руҳиаш роҳати дигареро зам намуд. Агарчи оғози фасли баҳор ҳаво сербориш омаду хоҷагиҳо кишти пахтаро дертар анҷом доданд, вале деҳқонон то ҳадде талош варзиданд, ки аз ҳарсола дида, ҳосили бештар ба даст оранд.
Аз кишт намудани пахтаи навъҳои пунбадонаи «Султон», «СБТ», намудҳои пахтаи туркӣ, ки ба иқлими водии Ҳисор мувофиқ аст, хоҷагидорон зарар надиданд. Заҳмати кашидаи пахтакорони бригадаҳои хоҷагии деҳқониро дар ниҳолҳои пурбори пахта, ки сафедии он аз дур замини пурбарфро ба ёд меовард, дидан мумкин буд. Танҳо зарари номусоидии боду ҳавои имсола дар он эҳсос мешуд, ки мавсими пахтачинӣба таъхир уфтода буд. Пахтачинӣдертар нисбат ба солҳои пешин оғоз ёфт. Банди ин андешаҳо Латофатбону роҳи миёни тутзорро чӣгуна гузаштанашро ёд надорад, ки ба пахтазори бригадааш расид.
Бонувони пахтачин ҳанӯз наомада буданд. Онҳо одатан каме дертар, пас аз анҷоми корҳои рӯзгор ба сари замин меоянд. Ҳаёти деҳа чунин аст, ки чашми рӯз накафида, занон барвақт аз хоб хеста, аввал рӯбучини ҳавлию хонаро ба субут расонда, баъдан барои аъзои хонавода хӯроки гарм барои наҳорӣомода менамоянд. Шуғл варзидан ба дигар корҳо, аз қабили ҳунармандӣ, пухтани шириниҳо ва ғайра пас аз анҷом додани корҳои ҳаррӯзаи рӯзгор сурат мегирад. Пахтачинӣ ҳам ба қавле кори дуюмдараҷаи бонувони маҳал маҳсуб меёбад.
Латофатбону сари ҷӯяи пахта нишаста, ба ниҳолакони сербор аз пахтаю кӯракҳои навкафида нигоҳ карда, хаёлаш боз ба дуриҳои дур ба парвоз рафт. Як замоне ӯ бо хоҳару додараконаш ҳамроҳи волидон дар даруни ҷӯяҳои пахтазор рӯзҳои ширини кӯдакию наврасиро паси сар намуда буданд. Падару модар деҳқон буданду нон аз обилаи кафи даст ва арақи ҷабин меёфтанд. Ин буд, ки барои Латофатбону ва хоҳару додараконаш аз афтидани аввалин пунбадона ба замин то ҷамъоварии охирин чӯбчаҳои ғӯзапоя саҳро мисли хонаи дуюмашон гардид.
- Ҳмм… сафолакшиканӣ… Кӯдак будаем - дия. Ин корро мисли бозии кӯдакона анҷом медодем, агар не он ҳам як усули аввали кори парвариши ниҳоли пахта будаасту мо бехабар. Бо сарфи назар намудани он ниҳоли пахта рушду нумуъ накарда, пунбаи варамида дар боронҳои баҳорӣтобовар нашуда, зери сафолак пӯсида, нобуд мешавад, - бо раҳо шудан аз банди андешаҳо зери лаб ба худ гуфт Латофатбону.
Ба ниҳолҳои пурбор аз пахта назар афканда, усули дигари парвариши пахта, сарчин намудани онро низ аз таҷрибаи корозмудагон ба дил тасдиқ кард. Сари вақт ба истилоҳ «чканка» ё сарчин намудани ниҳолҳои нишонадору пургул барои гирифтани ҳосили фаровони пахта мусоидат менамояд. Вагарна қувваи ниҳол сарфи болоравии қади он гардида, ҳосил намедиҳад. Нарм кардани бехи ниҳолҳо, саривақт додани нуриҳои минералӣва об асоси гирифтани ҳосили фаровон аз пахта мебошад. Ӯ чунин усулу нозукиҳои пахтакориро пеш аз дар таҷрибадорони кор дидан, аз волидон омӯхта буду чун мероси бобоӣимрӯз онро ба кор мебарад.
Хоҷагии деҳқонии овозадор, ки имрӯз бо номи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ба номи «Латиф Муродов» дар шаҳри Ҳисор маъруф аст, дорои 1032 гектар замин мебошад. Самти кишоварзии хоҷагии мазкур, ки дар 16 бригадаи он роҳандозӣшудааст, асосан тухмипарварӣ, чорводорӣва кишти пахта аст. Имсол иҷоракорони хоҷагӣдар майдони 205 гектар пахта, 224 гектар гандум ва 47 гектар сабзавот, аз қабили караму боимҷон, пиёзу картошка ва помидору бодиринг кишт намуданд.
Латофат Билолова ягона бонуест, миёни роҳбарони бригадаҳои хоҷагӣ, ки аз беш аз 10 сол аст, дар ин хоҷагӣфаъолият дорад. Пештар ӯ ҳамчун аъзои хоҷагии мазкур заҳмат мекашид ва кордонию ташаббускориаш аз чашми роҳбари хоҷагӣБаҳриддин Солиев дур намонд. Ӯ Латофатбонуро наздаш хонда, гуфт:
- Алҳол, заминҳои хоҷагии деҳқонӣба 16 бригада тақсим шудааст, ки 15 адади онро мардон бригадирӣмекунанд. Шумо зани ботаҷриба дар соҳаи деҳқонӣҳастед, аз ин хотир, сарварии як бригадаро ба уҳдаатон вомегузорем. Бовар дорам, сарриштаи корро меёбед. Бо иҷоракорон ҳамкорӣкарда, бо маслиҳату машварати ҳамдигар ҳосили хуб ба даст меорем.
- Зиндагиам аз пушти деҳқонӣранг гирифтааст.
Се фарзанди ятимро ҳам бо нони деҳқонӣба воя расондам, чаро ки барои пешрафти кори кишоварзӣталош наварзам? Баъдан аз миёни 700 нафар зане, ки иҷоракоранд, раис сарварии як бригадаро маҳз ба ман бовар кардааст. Ин эътимоди раис ҳам неруест, барои идомаи кор, - аз дил гузаронда Латофатбону ва хоҳиши раисро пазируфт.
Ӯ ҳар сол дар майдони 48 гектар замини хоҷагии ба уҳдадоштааш ғалла, пахта, беда барои чорво ва навъҳои гуногуни сабзавот кишт менамояд. 22 нафар аъзояш, ки ҳамагӣбонувонанд, аз муносибати хуби сарвари маслиҳатчии кордонашон розӣҳастанд.
Садои хандаи бонувони пахтачин аз дур ба гӯши Латофатбону расид. Чашм аз ниҳолҳои пурбори пахта ва хаёл аз андешаҳо канда, ба сӯяшон назар афканд.
- «Акнун боз як рӯзи пур кардани хирман фаро расид. Баракати хирман аз заҳмати онҳост. Меҳнати занонро мебоист қадр кард. Онҳо ҳам бояд истироҳату фароғат дошта бошанд. Насиб бо анҷом ёфтани кори саҳро аз роҳбарияту иттифоқи касабаи хоҷагӣдархости фиристондани хоҳишмандонро ба осоишгоҳ мекунам» - гуфта Латофат Билолова ба пешвози бонувони пахтачин баромад.
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо











