Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Сабр
Аз ҳар бобБосабр кардан мо бо изтироб ва асабоният мубориза мебарем. Инсон бояд ҳамеша оромии ботиниро нигоҳ дошта, аз ташвишҳои беҳуда худдорӣ кунад. Сабр кардан махсусан дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ муҳим мебошад, чунки аз шиддати асабоният, мушкилоти зиёд ба бор меояд.
Ин як эҳсоси оромӣ ва бовар доштан ба худ мебошад. Сабр инсонро қавӣ намуда, барои ба ҳадаф ноил шудан кӯмак менамояд.
Сабр қувваи ботинӣ ва ақли солимро инкишоф медиҳад. Қобилияти оромона интизор шудан ва таҳаммул кардан ба шахс дар қабули қарорҳои оқилона ёрӣ мерасонад.
Сабр боиси бо нокомиҳо мубориза бурдан ва аз ҳаёт лаззат бурдани инсон аст. Дар сурати сабр кардан муваффақияти зиёдтар ба даст омада, нафарони босабр дар зиндагӣ хушбахтаранд.
Тоқату сабр қувваи асосии инсон дониста мешавад. Он барои истодагарии асабоният ва мушкилот кӯмак мекунад.
Сабр ин қобилияти оромона тоб овардан ба интизориҳои тӯлонӣ ва мубориза бо мушкилоти дилгиркунанда бидуни ноумедӣ мебошад. Бузургтарин мутафаккирони ҷаҳон сабрро беҳтарин хислати инсонӣ донистаанд.
Сабр асоси муносибатҳои солим ҳисоб меёбад. Он барои дигаронро беҳтар фаҳмидан, қабул кардан, нофаҳмиҳоро коҳиш дода, пайвандҳои мустаҳкам ва эътимодбахшро тақвият додан лозим аст. Одами пурсабр ҳатто метавонад дар лаҳзаҳои душвор наздиконро дарк карда, онҳоро дастгирӣ кунад.

Аксари мутахассисон бар онанд, ки дар сурати саббро аз даст додан, кори ҳозима вайрон шуда, фишори хун зиёд ва суръати кори дил тез мегардад. Ин эҳсосот одамонро ба амалҳои манфӣ водор карда, оқибатҳои номатлуб ба вуҷуд меорад.
Сабр маҳоратест, ки онро инкишоф ва такмил додан ҳатмӣ аст. Ин усулҳоро амалӣ намуда ва дар хотир доред, ки ҳар як қадаме, ки шумо барои пурсабр будан нисбат ба худ ва дигарон мегузоред, ба шумо кӯмак мекунад, ки оромии руҳӣ ва ҷисмониро ба даст оред.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо
    
    
    
    
 


 
 






