Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Оромӣ
Аз ҳар бобХомӯшӣ қувваи инсонро сарфа карда, ба назорат кардани эҳсосот кӯмак менамояд. Хомӯшӣ оромии ботинӣ ва равшании рӯҳиро мустаҳкам сохта, беҳтарин василаи шифобахш барои афсурдаҳолӣ, дарди сар, майна ва асабҳо мебошад.
Оромӣ на танҳо ба майна таъсири судманд мерасонад, балки барои барқароршавии ҳуҷайра шароит фароҳам меорад. Ҳамчунин, ба ташаккули робитаҳои нави асаб мусоидат карда, ба хотира ва эҳсосот таъсири мусбӣ мерасонад.

Тадқиқотҳо нишон додаанд, ки қобилияти ҳуҷайраҳои майнаро афзоиш дода, ҳатто метавонад пас аз беморӣ ё ҷарроҳӣ саломатии баданро зудтар барқарор кунад. Хомӯшӣ фишори хунро паст карда, масуниятро беҳтар ва ба шифо ёфтан мусоидат мекунад.
Ҳамчунин хомӯшӣ афзоиши ҳуҷайраҳои навро дар минтақаи мағзи сар, ки барои омӯзиш ва хотира масъул аст, хуб карда, хотираро қавӣ мегардонад. Ҳатто ним соати хомӯшӣ дар як рӯз метавонад, хатари фаромӯшхотириро коҳиш диҳад.
Хомушӣ шавқу рағбати эҷодкориро дар инсон бедор мекунад. Вақте ки майна аз ангезаҳои беруна озод мешавад, вай ба кор бо олами ботинӣ мепайвандад. Одам метавонад ба ҷараёни фикрҳо, эҳсосот ва хотираҳои худ гӯш диҳад.
Хомӯшӣ ба одам имконият медиҳад, ки дақиқкор шавад. Зеро ҳангоми хомӯшӣ диққати худро ба як вазифаи мушаххас равона кардан осонтар аст. Дар хомӯшӣ ҳангоми сайру гашт дар танҳоӣ, кори майна барқарор шуда, фаъолияташро муътадил мегардонад.
Таҳияи Мадина
Мубодила:
Шарҳҳо










