БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

 Забономӯзӣ

Аз ҳар боб

        Омӯхтани забон хотира ва тафаккурро беҳтар менамояд. Аз сабабе, ки омӯзиши забони нав аз ёд кардани миқдори зиёди маълумотро талаб мекунад, он барои машқи майна беҳтарин восита дониста мешавад. Он бемориҳои вобаста ба синну солӣ,  аз қабили деменсияро коҳиш дода, тафаккури эҷодиро дар шахс инкишоф медиҳад.   

Омӯзиши забон манфиатҳои зиёди солимии равониро доро мебошад.  Он метавонад изтиробро  ба таври назаррас коҳиш дода, худбаҳодиҳии шахсро баланд бардошта, малакаҳои ҳалли мушкилиро такмил диҳад.    

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳар қадаре шахс забонро бештар омӯзад, дар майнаи ӯ  ҳамон қадар алоқаҳои асабӣ ташаккул меёбанд. Чӣ қадаре ки онҳо барои омӯзиши забони хориҷӣ саъю кӯшиш кунанд, робитаҳои асабҳо ҳамон қадар мустаҳкамтар мешаванд.

Бештари одамон дар ҳолати зарурӣ ба омӯзиши забони  хориҷӣ мепардозанд. Аммо он солимии равонӣ ва қобилияти маърифатиро беҳтар карда,  ҳатто хатари бемории Алсгеймерро низ коҳиш медиҳад. Ҳамчунин, раванди пиршавии мағзи сарро низ бартараф мекунад.

   Он ёддошт ва фаъолияти майнаро низ  беҳтар мекунад. Омӯзиши забон майдони майнаро, ки барои хотира, нутқ ва дарки ҳассос масъул аст, мустаҳкам менамояд. 

Одамоне, ки якбора чанд забонро медонанд,  нисбат ба нафароне, ки танҳо бо  як забон ҳарф мезананд, хотира, маҳорати ҳалли мушкилот, тамаркуз ва эҷодкориашон  беҳтар инкишоф меёбад.  Донистани ҳадди аққал забони дуюм низ хатари коҳиши маърифатиро бо синну сол коҳиш медиҳад.

Илм  исбот намудааст, ки омӯзиши забонҳои нав ба фаъолияти майна таъсири мусбӣ расонда, он як намуди машқи равонӣ ҳисоб меёбад. Донандаи чанд забон, одатан мушкилотро зудтар ҳал карда, дар тафаккури худ чандирии бештар нишон медиҳанд.

                                Таҳияи Мадина

 

 

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 22)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон