БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

  Зодрӯз

Аз ҳар боб

Онҳо фақирона мезистанд. Зоҳиран  аз дунё гузаштани модар  баракати зиндагиашонро барбод дода  буд. Дар бисоташон чизе надоштанд. Падар рӯз то шом кор мекард, аммо муздаш барои сер кардани шиками фарзандон базӯр мерасид. Бибии пираш корҳои хонаро бо дили нохоҳам  анҷом медод  ва ҳар вақт аз бемадорӣ шикоят намуда, ғур - ғур мекард.

Аммо духтарак орзу дошт, зодрӯзашро ҷашн гирад. Он рӯзро бесаброна интизор шуд. Шабҳо дуруст хоб намерафт. Сад орзую хаёл мепарварид дар сар. Ана, ӯ ҳам мисли ҳамсинфаш Азиза духтарони ҳамсабақашро ба зодрӯзаш даъват намудааст. Дар тан куртаи зебои аврупоидӯхт дорад, ки миёнаш танг ва доманаш   фарох  аст. Ба сараш мисли шоҳдухтарони филмҳо тоҷ гузоштааст.  Дугонаҳояш  ӯро ба оғӯш гирифта мебӯсанд ва туҳфаҳояшонро тақдим мекунанд. Тасаввури ин лаҳзаву ин манзараҳо  ба духтарак ончунон шодию нишот мебахшид, ки ба гумонаш,  аз ӯ хушбахттар дар дунё касе набуд.

Азиза ҳамсинфаш аст. Духтараки  хеле зебо ва самимию хушодоб. Падари сарватманд  дорад, вале ҳаргиз  бо ин намефахрад. Баръакс, аз  дигарон дида, бештар хоксору  меҳрубон  аст. Хусусан, духтаракро бисёр дӯст медорад, пайваста ба хонаашон даъват мекунад ва бо ширинӣ “зиёфаташ ”   мекунад. Дар зодрӯзаш низ қабл аз ҳама духтаракро ба хонаашон хонд. Дар хонаи онҳо духтарак  худро дар олами афсонаҳо дарёфт. Даруну беруни хона бо пуфаку симҳои зарҳалӣ  зебо оро дода шуда буд. “Зодрӯз муборак, Азизаҷон!” навишта  буданд дар  бари девори хона ва рӯйи кулчақанди калоне, ки баъдтар наздашон гузоштанд. Ҳамсинфонашон ба Азиза туҳфаҳои гуногун тақдим карданд. Танҳо туҳфаи духтарак аз ҳад зиёд хоксорона буд. Ӯ ҳамагӣ як гули сунъиро  ба дугонааш туҳфа кард. Туҳфаҳои дигарон аз Азиза бештар духтаракро хуш омаданд. Духтарак он рӯз қатори Азиза шодӣ кард, рақсид ва дар дилаш орзуе пайдо шуд, ки ба ин монанд зодрӯзашро ҷашн гирад, соҳиби туҳфаҳо гардад.

 

Он рӯзи  деринтизор фаро расид. Ба фасли зебои баҳор рост меомад зодрӯзи духтарак. Мавсими гулу райҳон, айёми  сабзаву торон.

Дугонаҳояшро ба меҳмонӣ даъват кард, духтарак.  Худаш ба мактаб нарафт, хонаҳоро руфта, рӯи ҳавлиро об пошид. Ба рӯи кати рӯйи ҳавлӣ кӯрпача  густурда, болишт гузошт. Албатта, ӯ мисли Азиза куртаи аврупоидӯхт надошт, ки ба бар кунад. Ягона куртаи шоҳиашро  ба бар кард  ва мӯяшро бо завқу салиқаи худ  оро дод.  Саҳнаи ҳавлии онҳоро худи  баҳор зеб медод.  Гулҳои  чанд сол пеш шинондаи модар шукуфта, накҳату роиҳаи аҷибе ба  атроф паҳн мекарданд. Паси қатори гулҳо ҷӯяҳои картошка низ ғарқи гул гаштааст. Дарахтони себ, нок, шафтолу, ки  дуртар  қад боло кардаанд  аз гул фаромадаву  муғча бастаанд. Зодрӯзи духтарак ба ҳамин айёми рангорангии табиат   рост омадааст. Худи ӯ низ зебову соҳибҷамол аст, мисли баҳор. Абрӯвони сиёҳи пайвасту  чашмони сиёҳ  дорад, бинии рост, лабони нозуку ғунчасонаш   ба чеҳраи чун кулча гирдаш мутаносибу  зебандаанд. Духтарак ба оина нигариста, аз ҳусну ҷамоли хеш  хушҳол  шуд. Акнун барои шодии ӯ танҳо туҳфаҳои  ҳамсабақон  намерасид.

Ана, ҳамсинфонаш ҳам омаданд. Ҳар яке  дар даст туҳфае дошт. Яке лӯхтак, дигаре қаламу  ручкаи нав, сеюмӣ анвои  ширинӣ. Духтарак аз шодӣ ба куртааш намеғунҷид.  Оғӯшаш  дар як лаҳза моломоли  туҳфаҳо  шуд. Дилаш аз фараҳ лабрез гашт. 

Дугонаҳояш тавре тасаввур карда буд,  ӯро  ба оғӯш гирифта, бӯсиданд ва зодрӯзашро табрик гуфтанд. Вай аз шодӣ  сару  калобаашро гум карда буд,  баланд - баланд механдид. Меҳмонон рӯйи кат гузашта нишастанд ва ба якдигар нигоҳҳои маънидоре афканданд. Духтарак чизеро пай набурд. Ҳамоно ҳушаш ба туҳфаҳо буд. Мехост тезтар тамъи шириниро чашида, ҳаловат барад.  Дер гоҳ боз чунин шириниҳои  бомаззаро ба даҳон набурдааст.  Хирсак ва лӯхтак низ ӯро  ба сӯи худ мекашиданд. Бо онҳо бозӣ кардан  ё ин ки шаб ба оғӯш гирифта хобидан мехост.

Аммо ҳамсинфон  фикру хаёли дигар доштанд. Ба якдигар нигариста, абру  мепаронданд,  лаб инҷ мекарданд. Якеаш тоқат накарда, ба духтарак нигоҳ карда  гуфт:

-  Сабо, ту барои мо дастархон наоростӣ - ку!?- Охир, мо гушна шуда омадем аз мактаб.

Духтарак суп-сурх шуд. Ман ҳозир” гӯён  давида рафту ягона дастархони  рангбохтаашонро  гирифта овард ва назди меҳмонҳо паҳн намуд.

Ва боз туҳфаҳоро ба даст гирифта, машғули тамошо шуд.

 Фарида ин дафъа овозашро баландтар карда,  духтаракро  як қад парронд.

- Мо дастархони холиро тамошо карда мешинем? Ту ягон хӯрок, ширинӣ намеорӣ? Умуман, ту чаро пешакӣ  дастархонро  оро надодӣ?

- Ман...ман... охир,  ман наметавонам хӯрок пухта. Ширинӣ  ҳам боре омода накардаам.

- Мо нагуфтем, ки худат хӯрок паз, ҳеҷ яки моро барои пухтани хӯрок иҷоза намедиҳанд, чунки хурд ҳастем, аммо модарат, апаат напухтанд? Дар хона дигар касе  нест?

- Ман…модари ман… даргузашт. Як сол пеш... Бибии пирам ба хонаи аммаам рафт... додарааму хоҳарчаам ҳоло хурд, онҳо ҳам наметавонанд хӯрок пазанд, ширинӣ омода кунанд.

Меҳмонон ҳама дам ба дарун заданд. Касе дигар чизе нагуфт. Чанд лаҳза бадин минвол гузашт. Сипас  Фарида аз ҷой хесту шитобон аз кат фаромад.

- Ин хел, ки бошад,  ман туҳфаамро гашта мегирам. Ин чӣ хел зодрӯз будааст, бе хӯроку бе ширинӣ? Мо барои чӣ туҳфа харидем, ки биёему дастархони холии шуморо тамошо карда шинем? Ҳолӣ гурусна хона равам, модарам чӣ мегӯянд? Мегӯяд чаро туҳфа гирифта зодрӯз рафтиву гурусна омадӣ? Ҳм, шарм надошта,  “зодрӯз дорам, зодрӯзи ман биёед” гуфта,моро  фиреб дод. Духтарҳо,  гиред туҳфаҳоятонро, меравем!

Духтарак  ҳаросон туҳфаҳоро ба оғӯш гирифт. Аз онҳо ҷудо шудан намехост. Чӣ қадар барои ин туҳфаҳо дар дил орзу мепарварид!  Аммо дугонаҳо  ҳар яке туҳфаи овардаашро  зӯран кашида гирифтанд.  Дастони духтарак тиҳӣ аз туҳфаҳо шуд.

- Бас кунед, ахмақҳо!Монед ӯро ба ҳолаш! Як шириниву лӯхтакро аз ҳамсабақи худ дареғ медоред?  Модараш набошад, кӣ барояш зодрӯз таҳия мекунад?  Шумо уболро намедонед? Бечора модараш гузаштаасту  шумо боз... Хонаи мо аз ин чизҳо пур. Рафтем,  ман ҳамаашро ба шумо медиҳам! Азиза бехудона дод мезад ва аз ғазаб меларзид.

Меҳмонон  туҳфаҳоро рӯи кат гузошта рафтанд.  Духтарак аз зери пардаи ашк ба онҳо менигарист. Дигар ҷаззобияте дар онҳо намонда буд. Духтарак модарашро пазмон шуд. Модарашро дидан хост...

                                                                                                                    Мижгон Халилзода

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 28)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон