БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Далелҳои ҷолиб дар бораи навзодон

Аз ҳар боб

     Навзодон метавонанд ҳамзамон ҳам нафас бикашанд ва ҳам ширро фурӯ баранд. Чунин хусусияти онњо то 7-моҳагӣ давом меёбад;

·       То дусолагӣ онњо хоб намебинанд, зеро майнаи сар тасвир ва дарки андакеро дар худ ҷой додааст.

·       Навзодон бидуни кулчаи зону ба дунё меоянд. Яъне ин бофта шабеҳи тағояк шакл гирифта, пас аз шаш моҳ ба бофтаи устухонӣ табдил меёбад.

·       Пас аз таваллуд навзодон наметавонанд ашк бирезанд, зеро нойҳои ашкгузар пурра ташаккул наёфтаанд. Ҳафтаи аввали зиндагӣ чашми навзодон ба миқдори кофӣ намӣ ҳосил месозад, то чашмон солим бимонанд.   

·       Навзодон қариб дорои 300 устухонанд, дар ҳоле ки шахси калонсол ҳамагӣ 206 устухон дорад. Гап сари он аст, ки баъзе устухонҳои навзод бо бузург шудан ба ҳам мепайванданд.

·       Тифл метавонад ба тапиши дили модар таъсир расонад. Аз таҳқиқи олимон бармеояд, ки вақте модар ва навзод ба чашми ҳамдигар менигаранд, тапиши қалби онҳо метавонад ба ҳам баробар шавад.   

·       Пас аз валодат дилзании навзод дар як дақиқа 180 борро дар бар мегирад. Пас аз чанд соат кашиши дил нисбатан кам шуда, дар як дақиқа 140 маротиба мегардад. Дар яксолагӣ дилзании кӯдак 114 бор дар як дақиқа шуда, дар синни камолот ба 70-80 мерасад.

·       Тифлакон ба ҳисоби миёна дар як рӯз то 300 маротиба механданд, калонсолон бошанд то 60 бор.

·       Қувваи бо даст чизеро нигоҳ доштани навзодон бениҳоят зиёд аст, ки метавонанд ҳатто вазни худро бардоранд. Ин малакаи нодир бо мурури замон аз байн меравад.

·       Навзодон ҳамеша муштҳои гиреҳкарда доранд. Охири моҳи ҳомиладорӣ кӯдак бо сабаби маҳдудияти ҷой дасту пойҳои худро ба бадан мечаспонад. Мушакҳои ба ин шакл одаткарда пас аз таваллуд чунин ҳолатро муддате нигоҳ медоранд. Одатан дар 3-5 моҳагӣ ин одат аз байн рафта, кӯдак фаъол мегардад ва ба дасту пойзанӣ шуруъ мекунад.

                                                                                              Таҳия Ситора Ашӯрова  

 

                                                                        

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 28)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон