БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

   Қавӣ намудани хотира 

Аз ҳар боб

       Барои беҳтар кардани хотира шумо бояд майнаатонро бо бозиҳои равонӣ ба мисоли шоҳмот, шашка,  кроссворд ва бозӣ бо калимаҳо   машғул кунед. Барои қавӣ шудани хотира фаъолияти ҷисмонӣ ва хоби мувофиқ низ нақши муҳим мебозад, зеро  ба ин васила  гардиши хун  дар  майна беҳтар мешавад.

Моҳӣ, чормағз, себ, банан, кабудӣ, карам, сирпиёз, сабзавот  барои мустаҳкам кардани хотира беҳтарин ғизо ҳисоб меёбанд.

Чойи сабз аз антиоксидантҳо бой буда,  барои бартараф кардани изтироб  ва  беҳтар шудани фаъолияти майна ва хотира мусоидат мекунад. 

Лиму  ва асал  дорои витамини С буда, онҳо метавонанд фаромӯшхотириро бартараф кунанд.

Ба варзиш машғул гашта,   бештар ҳаракат кунед. Машқи ҷисмонӣ гардиши хунро беҳтар намуда,   асабро  ором мекунад. Сайругашт, шиноварӣ, рақс ва йога низ барои хотира муфид аст.

Тамокукашӣ, ҳавои чанг асабоният,  ғизои носолим   вайрон шудани реҷаи   хоб   ва  камҳаракатӣ  хатари аз даст додани хотираро зиёд мекунад. Сактаи мағзи сар,  осеби мағзи сар, бемориҳои дил ва фарбеҳӣ низ фаромӯшхотирӣ меорад. 

Нафароне, ки ду ё зиёда забонро медонанд, равшании равониро дарозтар нигоҳ дошта,   эҳтимолияти  камтар ба  бемории Алтсгеймер гирифтор шуданро  доранд. Омӯзиши забонҳо,  инчунин диққат ва тамаркузро беҳтар мекунанд.

 Машғул шудан ба ҳунарҳои дастӣ низ  гардиши хунро дар майна беҳтар карда  ба хотира таъсири судманд мерасонанд.

Агар кас ҳар рӯз чанд сатри шеърро аз ёд кунад, фаъолияти  майна беҳтар шуда,   шумораи робитаҳои бофтаҳои  асаб  меафзояд.

Барои баланд бардоштани фаъолияти мағзи сар ва ташаккули он  ҳадди аққал давоми рӯз  як соат мутолаа  тавсия дода мешавад. Барои хондан китоби маъқулро интихоб кардан лозим аст.  Чӣ қадаре китоб ҷалбкунанда бошад, ҳамон қадар он барои рушди хотира муфидтар аст.

Бемории Алтсгеймер навъи маъмултарини деменсия мебошад, ки дар он мағзи сар фаъолияти дурустро қатъ мекунад. Ин беморӣ боиси мушкилоти хотира, тафаккур ва рафтор мегардад.

                                                                                            Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 31)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон