БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

 Пурхӯрӣ ва оқибати он

Аз ҳар боб

    Табиист, ки буняи инсон ба хӯрдани ғизо ниёз дорад ва аз меъёр зиёд тановул намуданро пурхӯрӣ мегӯянд. Аз ҳад зиёд хӯрдан ё истеъмоли хӯрокҳои сарироҳӣ, ба мисоли гамбург, хотдог, самбуса ва дигар номгӯи хӯрокҳои тезтайёр боиси мубтало шудани организми инсон ба бемориҳои гуногун мегардад.

  Яке аз сабабҳои пурхӯрӣ беаҳамиятӣ ба реҷаи хӯрокхӯрӣ аст. Гоҳе мешавад, ки бо сабаби серкорӣ сари вақт хӯрдани хӯроки субҳона ё нисфирӯзиро фаромӯш мекунем. Албатта, давоми рӯз ғизо истеъмол накарда, аз гуруснагӣ  бо дидани дастархони ороста якбора иштиҳо ба хӯрок кушода мешавад. Аз якбора тановул намудани ғизо дар аввал каме дарди шикам ва нороҳатиро дар меъда эҳсос намуда, баъдан пурхӯрӣ одати доимӣ шуда мемонад.

 

  Аксаран пурхӯрӣ ё аз ҳад зиёд истеъмол намудани хӯрок дар натиҷаи мувоҷеҳ шудан ба осеби равонӣ низ алоқаманд аст. Хӯрдани ғизои болаззат дар мағзи сар дофамин ва пептидҳои эндогении опиоидро хориҷ мекунад ки афсурдаҳолӣ (стресс)-ро дар организми инсон коҳиш дода, хоҳиши бештар хӯрок хӯрдан пайдо мешавад.

  Сабабҳои аз ҳад зиёд хӯрокхӯрӣ дар байни кӯдакон ва калонсолон тафовут дорад. Яъне чӣ тавр? Калонсолон баръакси кӯдакон, бештар ба симои зоҳирии бадани худ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз хӯрдани ғизоҳои гуногун парҳез, ё ба истилоҳ «диета» намуда, вазни баданро зиёдшавӣ намемонанд ва ин тариқ метавонанд, аз пурхӯрӣ даст кашанд. Вале аксаран аз парҳези хӯрок баръакс, ҳолати равонӣ тағйир ёфта, талаботи организм ба хӯрок ба маротиб меафзояд. Ғизо аз манбаи неру ба рафъи эҳсосоти манфӣ табдил меёбад.  

   Дар кӯдакон бошад, бепарвоии волидон ва назорат накардан ба миқдори ғизои истеъмолшавандаи кӯдак боис мегардад, ки ба пурхӯрӣ одат намоянд, зеро худи онҳо қобилияти риоя кардани реҷаи хӯрокхӯриро надоранд. Пурхӯрӣ аксаран боиси ба бемориҳо мубтало шудани наврасон мегардад, ки сарчашмаи пайдоишашон фарбеҳӣ мебошад.

  Бояд гуфт, ки пурхӯрӣ кори узвҳои ҳозимаро вайрон карда, инсонро ба дарди меъда, талхадон ва иллатҳои рӯда гирифтор месозад. Ҳамчунин, сар задани бемориҳои фарбеҳӣ, бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он, диабети қанди навъи 2, фишорбаландӣ ва хатари гирифтор шудан ба сактаи мағзи сар ва дил, баланд шудани сатҳи холестерин дар хун, артрит ва остеоартрит ва бемориҳои гурдаро ба аз ҳад зиёд истеъмол намудани ғизо марбут аст.

Оё инсон метавонад аз пурхӯрӣ даст кашад ва кадом роҳҳои пешгирӣ аз пурхӯрӣ мавҷуд аст?

Бале, роҳҳои осони раҳо ёфтан аз пурхӯрӣ мавҷуд аст, ки бо риоя намудани он шахс метавонад аз пурхӯрӣ халос шавад. Яъне, чӣ тавр? 

Аввал ин ки ҳар субҳ ҳатман ноништо бояд кард. Аксаран хӯроки субҳона нахӯрда, аз хона баромада, аз пайи кор мешаванд, ки ин нодуруст аст. Аз хӯрдани хӯрокҳои сарироҳӣ парҳез кунед. Чунин намуди ғизоҳо, ки ҳангоми тайёр кардан дар онҳо аз забуда(приправа)-ҳои гуногун истифода мешавад, хӯрокро иштиҳоовар менамояд. Ва табиист, ки мизоҷонро мӯътод ҳам намудааст.

Занҳо, ки асосан дар ошпазхона сарукор доранд, бояд кӯшиш намоянд, ки хӯрокро дар деги калон напазанд ва ҳангоми хӯрок хӯрдан аз зарфҳои ҳаҷмашон хурд истифода кунанд.  

                                                                                                       Аноҳито

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 37)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон