БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Кори нишаста

Аз ҳар боб

         Кори нишаста боиси як қатор мушкилоти саломатӣ, ихтилоли узвҳои устухон,  бемориҳои дилу раг, фарбеҳӣ, диабети қанд, рагҳои варикозӣ, бемориҳои рӯда, инчунин бад шудани биниш  ва солимии равонӣ мегардад.

Кӯшиш кунед, ки ҳар 30 дақиқа ё ҳадди аққал  ҳар соат аз ҷоятон хеста, каме ҳаракат намоеду машқҳои сабук анҷом диҳед. Ҳангоми фаромадану баромадан на аз лифт,  балки аз зинапоя истифода кунед. 

  Хавфи афзояндаи рагҳои варикозӣ ва варами пойҳо низ бо нишасти тулонӣ алоқаманд аст. Ҳолати  равонӣ низ метавонад аз нишасти зиёд осеб бинад. Набудани ҳаракат метавонад боиси паст шудани рӯҳия, хастагӣ ва асабоният  гардад.

Нишастан аз истодан ва  дароз кашидан зиёновартар  аст. Ҳангоми  нишастан, фишор ба сутунмӯҳра назар ба вақти истодан  ду маротиба ва нисбат ба вақти хобидан ҳашт маротиба зиёдтар мебошад.

Дуру дароз  шиштан гардиши хунро халалдор карда, майнаро  аз норасоии оксиген азоб медиҳад. Дар натиҷа шахс каммаҳсул шуда, фикрашро ҷамъ карда наметавонаду тезтар хаста мешавад.      Кори нишаста  ба муддати тӯлонии бефаъолиятӣ  мусоидат мекунад. Нафароне, ки дар сари миз кор мекунанд, аксар вақт аз холестирини зиёд   ва фишори баланди хун азият мекашанд. Ин ҳама нишондиҳандаҳои бемориҳои эҳтимолии дилу рагҳо мебошанд.

Ҳангоми  кори нишаста бояд  аз пурхӯрӣ худдорӣ кунед. Рӯзро аз субҳонаи  солим оғоз карда,  қаҳва ва шакарро камтар истифода намоед.  Бештар меваю сабзавот истеъмол кунед. Мунтазам машқ карданро низ  фаромӯш накунед.

Нафаре, ки кори нишаста дорад, дар як ҳафта 5 маротиба аз 30-45 дақиқа то 2 соат машқ анҷом диҳад.Новобаста аз он, ки шахс дар як рӯз чӣ қадар вақтро  нишаста  мегузаронад, 50 фисад  манфиатҳои саломатӣ тақрибан аз 4,000 то 4,500 қадамҳои ҳаррӯза зоҳир мешаванд.

Тарзи нишастан бо истеъмоли ғизои серравған ва  аз ҳад зиёд хӯрдан ё ғизои номунтазам низ метавонад боиси халалдор шудани фаъолияти ҷигар ва бемориҳои ҷигар гардад. Аз ин рӯ, интихоби  тарзи ҳаёти солим, даст кашидан аз одатҳои бад  асоси пешгирии ҳама бемориҳои ҷигар ҳисоб меёбад.

Бе тарк кардани курсии мизи худ, гарданатонро дароз карда, сипас  саратонро хам кунед.

Ҳангоме, ки дастҳоятонро дар пуштатон мепечонед, ҳис мекунед, ки мушакҳо рост мешаванд.  

Бо дастҳоятон курсиро нигоҳ дошта, пойҳои худро 8-10 маротиба баланд кунед.  

Ба нафароне, ки кори нишастаро анҷом медиҳанд,  ҳама намуди  машқҳо ё ҳаракатҳо муфид мебошанд.  Муҳим он аст, ки фаъолиятеро, ки ба шумо маъқул аст, интихоб кунед. Масалан, шумо метавонед пиёдагардӣ,  бо зина баромадан, давидан, рақс, велосипедронӣ, йога, вазнбардорӣ ё шиновариро  анҷом диҳед.

Тарзи нишастан боиси инкишофи бемории  атеросклероз, гипертония ва дигар бемориҳои дилу раг мегардад. Одамоне, ки муддати тӯлонии вақтро ғайрифаъол мегузаронанд, дар онҳо  хатари сактаи қалб ба таври назаррас баландтар аст. Норасоии фаъолияти ҷисмонӣ ба афзоиши вазни зиёдатӣ ва фарбеҳӣ оварда мерасонад.

                                                 Таҳияи Мадина Балаҷонова

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 46)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон