Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Борон
Аз ҳар бобДар зери борон сайру гашт кардан ба саломатии одам хеле муфид аст. Он изтиробро рафъ намуда, шахсро ором ва руҳияашро беҳтар мегардонад. Сайру гашт дар зери борон махсусан барои нафароне, ки ба ҳассосият гирифторанд, айни муддао аст, зеро дар зери борон қадам задан узвҳои нафаскаширо беҳтар мекунад.
Борон асабониятро рафъ карда, ба хоби беҳтар мусоидат намуда, барои мулоҳиза кардан кӯмак мекунад. Он ҳангоми изтироб ба руҳияи одам таъсири мусбӣ расонда, барои рафъи асабонияту афсурдаҳолӣ ёрӣ мерасонад. Ғайр аз ин, борон барои намнок кардани пӯст ва мӯй муфид буда, онҳоро тароват медиҳад. Ҳангоми боришот ҳаво тоза шуда, чангу микробҳо фурӯ менишинанд.
Оби борон яке аз беҳтарин неъматҳои табиат ҳисоб меёбад. Он ба узвҳои ҳозима таъсири мусбӣ расонда, варам, дарди буғумҳо ва илтиҳобро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, маъданҳои табиии он ба қавигардии системаи масуният ва пӯсти солим мусоидат мекунанд.
Борон метавонад ба беҳтар шудани гардиши хун ва интиқоли оксиген ва маводи ғизоӣ ба ҳуҷайраҳои бадан мусодат намояд.
Борон барои пур гардидани захираҳои об, ба монанди кӯлҳо, дарёҳо ва обанборҳо муҳим аст. Он барои зинда мондани инсон ва муҳити зист аҳамияти бузург дорад.
Дар соҳаи кишоварзӣ борон барои намӣ ва нашъунамои зироатҳо зарур буда, истеҳсоли ғизоро барои миллиардҳо одам дар саросари олам таъмин мекунад.
Оби борон барои либосшӯӣ низ муҳим аст, зеро дар таркибаш оҳан надошта, нопокӣ ва доғу ва моеъҳои шустушӯиро аз байн мебарад.
Оби борон барои мӯй муфид аст, зеро он нарм ва аз намакҳои дурушт озод буда, мӯйро дурахшон ва ҳамвор месозад. Он инчунин барои бартараф кардани хориши пӯсти сар ва хушкӣ кӯмак карда, тавозуни равғанро барқарор менамояд.
Оби боронро аз минтақаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷамъ овардан зарур аст. Зеро дар мавзеъҳои саноатӣ ва шаҳр борон метавонад ифлос шуда бошад, аз қабили моддаҳои кимиёвӣ, металлҳои вазнин ва бактерияҳои зарароварро борон ба худ ҷабида бошад, аз ин рӯ, бо чунин об шустани мӯй тавсия дода намешавад.
Таҳияи Мадина Балаҷонова
Мубодила:
Шарҳҳо











