БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Зистан ё мурдан? Чӣ гуна боварҳо ба ҳаёти мо таъсир мерасонанд? (Аз ҳаёти нафаре, ки бар саратон ғалаба кард)

Аз ҳар боб

Модари равоншиноси машҳур Роберт Дилтс соли 1978 ба саратони ғадуди ширӣ гирифтор шуд. Ӯро табобат карданд, аммо бенатиҷа. Соли 1982 Патрисия Дилтс дар марҳалаи чаҳоруми маризӣ аз бемористон мураххас гардид. Роберт тасмим гирифт, ки модоме ба бегонагони зиёде тавонист кумак кунад, ба модари худ низ аз лиҳози равонӣ бояд ёрӣ расонад. 

Дилтс тули чанд рӯз бо модар суҳбати рӯ ба рӯ кард ва дар ҷараёни он кашфиёти муҳимеро дар илми равоншиносӣ анҷом дод. Ӯ далоилеро кашф кард, ки чаро мардум намекӯшанд зиндагии худро ба самти беҳтаре тағйир диҳанд. Дилтс онро “боварҳои маҳдудкунанда” ва “вирусҳои зеҳнӣ” номид, ки се ададанд.

-Писарам, - гуфт Патрисия Дилтс, - Медонам, ки ба ман сахт дилбастагӣ дорӣ ва намехоҳӣ, ки бимирам. Лек касе саратонро дар марҳалаи охирин табобат накарда ва духтурон ҳам гуфтанд, ки дигар чорае намонда.

Ин нахустин бовари маҳдудсозанда буд, ки Дилтс онро “ноумедӣ” номид. Яъне касе ҳаргиз бар он ғолиб наомадааст ва ман низ пирӯз нахоҳам шуд. Дилтс зуд дарёфт, ки чӣ гуна навмедиро метавон бартараф кард: “Бояд ҳолатҳои истисноиро пайдо кунам”, - гуфт ӯ.

Дилтс порчаҳои рӯзномаҳо, иқтибосҳои маҷаллаҳои тиббӣ ва сабтҳои телевизиониро аз ҳаёти нафароне, ки бемориҳои вазнин гузарондаанд ва ғайричашмдошт сиҳат шудаанд,  гирд овард.

Аммо баъд вазъ мутаваққиф шуд: Дилтс бо монеаи дувум – “вируси зеҳнӣ”, яъне оҷизиву дармондагӣ дучор омад.  

- Албатта, чунин нафарон ҳастанд, лек онҳо хос ва баргузидаанд. Ман чунин нестам – ман зани оддии пиру заиф ва беморам. Ман наметавонам кореро, ки онҳо анҷом доданд, сомон бидиҳам, чаро ки чунин қувваро надорам, - гуфт модар.

Роберт Дилтс бар он назар буд, ки ҳар як инсон неруи номаҳдудро дорост. Ба ёди модар овард, ки чӣ гуна дар гузашта хонаводаи онҳо дар фақру гуруснагӣ мезистанд, аммо ӯ ҳамеша роҳи ҳалли аз вазъи ногувор баромаданро пайдо мекард ва шиораш “чашм ба тарсу даст ба кор” буд. Вақте Патрисия Дилтс он лаҳзаҳои душвори рӯзгорро як-як пеши назар овард, руҳбаланд шуд ва худро қадре беҳтар ҳис кард. Аммо ин зиёд тул накашид.   

Садди роҳи онҳо монеаи охирин пеш омад: бовари маҳдудсозандае, ки аз ҳама ноаёнтар аст. Дилтс онро “беҳудагӣ” унвон дод.   

Модари ӯ хеле аз боби он гуфтан худдорӣ кард, билохира гуфт: “Ту модаркалонатро, модари маро дар ёд дорӣ?” – Бале, дар хотир дорам. – “Медонӣ, ки аз чӣ фавтид?” – Аз саратони ғадуди ширӣ. – “Хоҳари ӯро, яъне холаамро, ёд дорӣ аз чӣ мурд?” – Аз саратони сурхрӯда, ба фикрам. – “Модару холаамро сахт дӯст медоштам. Аз онҳо магар бартарият дорам? Агар онҳо аз саратон фавтиданд, пас чаро ман бояд сиҳат ёбам?”

Дилтс муайян кард, ки садоқат ба хонавода, волидон ва калонсолони авлод агарчи хислати хуб аст, метавонад ба як инсон пайомади ногуворе низ орад. Барои модараш сиҳат шудан дар вазъияте, ки модари ӯ аз он беморӣ фавтида буд, ба хиёнат баробар буд. Яъне аҷдодони мо, ки сахт дӯсташон медоштем, чунин зистанд, мо низ бояд ҳаёти онгунае дошта бошем.

Ин сахттарин монеа буд, ки бар он ғалаба кардан осон набуд.

“Бо диққат фикр кун, - гуфт ӯ ба модар, - мехоҳӣ, ки хоҳари ман, духтарат, агар мабодо ногаҳ ба саратон мубтало гардад, чунин гӯяд: агар модарам аз саратон фавтид, бояд ман низ аз он бимирам, зеро ӯро сахт дӯст медорам?”

-Чаро чунин мегуӣ? – ба шӯр омад Патрисия Дилтс.

-Пас барои ӯ намунаи хубе бош. Агар алъон тасмим бигирӣ, ки сиҳат шавӣ, пас вақте ӯ бемор шуд, хоҳад гуфт: модарам тавонист сиҳат шавад ва ман низ метавонам.

Партисия ба андеша фурӯ рафт ва қавл дод, ки ӯ бояд маҷрои ҳаёти худро бинад ва имконияти интихоби огоҳона дошта бошад. Ҳамин тавр, писару модар тули ду ҳафта рӯи боварҳои маҳдудкунанда (вируси зеҳнӣ) кор карданд. Амали сахт фишордеҳ, аммо бар эътимоди бузурги байни модару писар бунёдёфтае буд.

Дар натиҷа саломатии модар рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва ин вазъ табибонро сахт мутаҳайир сохт.

Патрисия Дилтс 18 соли дигар умр дид. Дар ин муддат зиёд ҷаҳонгардӣ кард, дар рекламҳо нақш офарид ва маҳорати актёрӣ омӯхт.  Ӯ гуфт, ки маҳз бемории саратон ҳаёти ӯро сар то по дигар кард, ғолиб баромадан бар саратонро беҳтарин рӯйдоди ҳаёти хеш медонист. Ӯ тавонист ба худ ва ба фарзандонаш роҳе кушояд, ки имконияти интихоб кардан дар саргаҳи он қарор дорад.  

  

Агар гӯӣ, ки битвонам, қадам дарнеҳ, ки битвонӣ,

В-агар гуӣ, ки натвонам, бирав биншин, ки натвонӣ.

 

                                                       Таҳияи Ситора АШӮРОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 47)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон