БОЙГОНӢ

«    Декабр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Эҳсоси  мусбӣ

Аз ҳар боб

        Эҳсоси  мусбӣ сабаби хубтар ва бардавом  намудани  саломатӣ ба шумор рафта, асабониятро коҳиш дода,  бемориҳои дилу рагро бартараф,  фишори хунро муътадил, системаи масунияти баданро муҳофизат мекунад.      

Ҳар гуна эҳсоси мусбӣ кори системаи асабро беҳтар карда,хобро бардавом  ва  ҳолати эмотсионалиро муътадил мегардонад. Ба истеҳсоли ҳормонҳои шодӣ (эндорфинҳо) мусоидат карда,   ба мувозинати гормоналии бадан таъсири мусбат мерасонад.

Эҳсоси  мусбӣ баданро аз  таъсири   эҳсоси  манфӣ нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, мунтазам инкишоф додани ҷаҳонбинии мусбӣ барои бо изтиробу асабоният мубориза бурдан  кӯмак мекунад.

Машқҳои ҷисмонӣ  ба руҳияи мо таъсири мусбӣ расонда,  изтиробро  коҳиш медиҳад. Ғизои солим ба  ақлу ҷисм низ муфид буда, эҳсоси мусбиро ба вуҷуд меорад.

Хушбахтӣ ва некбинӣ ба системаи масуният таъсири мусбӣ мерасонад.  Одамоне, ки мунтазам эҳсоси мусбатро ҳис менамоянд,  ба шамолхӯрӣ ва бемориҳои сироятӣ камтар дучор мешаванд. Онҳо инчунин бо тағйироти синну солӣ  вобаста ба системаи иммунӣ беҳтар мубориза мебаранд.

Эҳсоси  мусбӣ метавонад ба дарозумрӣ мусоидат намояд. Зеро он сатҳи асабониятро коҳиш дода, системаи масуниятро мустаҳкам мекунад. Ҳатто саломатии ҷисмонии шахсро низ  беҳтар менамояд.

Барои баланд бардоштани эҳсоси мусбии худ, кӯшиш намоед,  то вақтро бо наздикон гузаронед. Бештар машқ карда, ба машғулиятҳои нав сару кор кунед. Метавонед ҳамчунин дар табиат сайр намуда ё малакаҳои навро инкишоф диҳед. Шукргузорӣ,  табассум кардан, хандидан ва диққат додан ба лаҳзаҳои хуши  ҳаёт, аз ҷумлаи  ҳиссиёти мусбӣ ба шумор мераванд.

Мунтазам кофӣ  хоб кунед, ором  сухан гуфтанро омӯзеду  оҳиста роҳ равед. Вақти бештарро дар ҳавои тоза  гузаронед.  Рӯйхати якрӯзаи  корҳоро барои худ  тартиб диҳед. Ҳадафи воқеӣ гузошта, ҳадди аққал дар як шабонарӯз як соатро барои худ ҷудо кунед.  

                                        Таҳияи Мадина Балаҷонова 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 50)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон